Дар факултети филологияи ДМТ маҳфили инфиродии профессор Равшан Раҳмонӣ бо номи “Фарҳанги мардум” амал мекунад. Дар ин маҳфил масъалаҳои гуногуни илми фолклоршинсӣ мавриди баррасӣ ва баҳсу мунозира қарор мегиранд. Дар маҳфили навбатӣ беш аз 30 нафар донишҷӯи курси якуми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик иштирок намуданд. Мавзуи маҳфил “Афсона дар хона” буд.
Дар аввал устод Р. Раҳмонӣ дар бораи афсонашиносӣ дар Тоҷикистон ва дар ҷаҳон маълумот дода, аз чопи афсонаҳои халқи тоҷик ва дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” нақл кардани афсона ёдрас шуд. Баъд дар бораи афсонаҳои Бародарон Гримми олмонӣ, Шарл Перрои фаронсавӣ, Ҳанс Андерсени даниягӣ нақл кард.
Мувофиқи барномаи маҳфил, ҳар донишҷӯ бояд дар бораи афсонаҳои хонавода ва деҳаи худ нақл мекард. Донишҷӯён Н.Садриддин, Х.Расулова, Ш. Давлатзода , З. Маҳмудова, О. Тошибоева, З. Сафарова, Ф. Боев ва дигарон ба хотир оварданд, ки дар хурдсолӣ барои онҳо дар хона кӣ афсона нақл мекард. Ҳар донишҷӯ ба ёд овард, ки дар хурдсолӣ чанд афсона шунидааст ва кадомҳояш то имрӯз дар ёдаш мондааст.
Ба гуфти устод, шахс аз хурдӣ ҳар қадар афсона шунавад, вай дорои тахайюли рангин шуда, ба ҳалли бисёр мушкилоти зиндагии худ дастрасӣ пайдо мекунад.
Донишҷӯён ба устод Р. Раҳмонӣ ваъда доданд, ки дар оянда афсонаҳои деҳаи худро гирд меоваранд ва бештар китоб мехонанд.
Амирҷон САИДЗОДА,
донишҷӯи курси 1-и
факултети филологияи ДМТ
