ТАЪСИСИ ТЕЛЕВИЗИОНИ ТАЪЛИМӢ

17-уми июни соли ҷорӣ дар ҳаёти факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рухдоди фаромӯшнашаванда ба амал омад. Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ, дар фазои тантанавӣ Телевизиони таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ТТ ДМТ) ба фаъолият оғоз кард. Дар маросими кушодашавии он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода, ректори ДМТ Қобилҷон Хушвахтзода ва дигар меҳмонону шогирдону устодон ширкат варзиданд.
Дар партави сиёсати маорифпарваронаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон студияи таълимии телевизиони донишгоҳ бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Барои телевизиони нав бинои барҳавои васеъ сохта шуд, ки баробар ба студияҳои телевизионҳои маъруф мебошад. Ҳамчунин, телевизиони тозатаъсис бо 8 дастгоҳи равшанипардози муосир, як телевизор, компютер, баландгӯякҳои бидуни ноқил ва дигар асбобу техникаҳои зарурӣ таъмин карда шуд. Чунин шароит заминаи техникии факултети журналис-тикаро тақвият бахшида, ба сифати таҳсил дар мавриди омода намудани журналистони касбӣ таъсири мусбат мегузорад.
Телевизиони мазкур технологияи тайёр кардани барномаҳои телевизиониро омӯзонида, дар таълими амалии донишҷӯёни касби журналистӣ, тавсеаи амнияти иттилоотии равандҳои илмиву таълимӣ, ҳамкорӣ бо ВАО-и электронии ҷумҳуриявӣ, инъикоси ҳаёти донишгоҳ ва ҷавонони донишҷӯ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Студияи телевизиони таълимӣ аз се бахш иборат мебошад ва акнун имкон ҳаст, ки дар он барномаҳои гуногун сабт карда шавад. Аз ин пас таҷрибаомӯзиҳои бештари худро шогирдон дар ин студия гузаронида метавонанд, зеро он дорои ҳама шароит мебошад. Ҳамзамон, дар самтҳои гуногун бо ҷалби мутахассисони (файласуф, сиёсатшинос, ҷомеашинос, ҳуқуқшинос, биолог, геолог, эколог ва ғайра) донишгоҳ барномаҳои тафсириву таҳлилӣ сабт карда мешаванд.