Аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некуаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад.
***
Ҳарчанд ки ба даст овардани сулҳ ва ризоияти миллӣ раванди бисёр вазнину сангин ва тӯлониву пурмашаққат буд, вале хушбахтона, ҷаҳду талоши фарзандони содиқи халқи тоҷик бо сулҳу оштӣ ва ваҳдату ягонагӣ анҷом пазируфт, ки он имрӯз ҳамчун таҷрибаи нодири ҷаҳонӣ эътироф шудааст.
***
Ваҳдат дар сурате бегазанду абадӣ мемонад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар манфиати милливу давлатиро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузорад, барои иттиҳоду ягонагии ҷомеа талош намояд, ба қадри сарзамини аҷдодии хеш расад ва онро чун модари худ азизу муқаддас шуморад.
***
Мардуми шарифу ватандӯст ва сулҳхоҳу сулҳпарвари Тоҷикистон бо шукронаи истиқлолу озодӣ ба қадри сулҳу оромӣ ва суботу амнияти сарзамини аҷдодӣ мерасанд ва ҳаргиз намегузоранд, ки ин кохи пурҷалоли миллат, яъне истиқлолу ваҳдат газанд ёбад.
***
Мо вазифадорем, ки барои татбиқи ғояҳои ваҳдати миллӣ ва безаволии он талош карда, бо мақсади эҳёву пойдории арзишҳои миллӣ ва тавсеаи тафаккури давлатдории миллиамон, ки асоси пешрафти Тоҷикистони азиз мебошад, сарҷамъона кору фаъолият намоем.
***
Итминон дорам, ки муттаҳидиву ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамчун сарчашмаи бахту иқболи миллати тоҷик, пешрафти давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон ҳамеша муқаддасу бегазанд ва пойдору устувор мемонад ва роҳи моро ба сӯи татбиқи нақшаву ҳадафҳои тақдирсоз равшан месозад.
***
Ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, густариши пайвастаи худогоҳиву худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасот ва рамзҳои давлатӣ, таърих, забон ва фарҳанги миллӣ, таблиғи аҳаммияти сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъии миллат, ваҳдати миллӣ, эҳтирому риояи Конститутсия ва қонунҳо, яъне таъмини волоияти қонун бояд вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бонангу номус бошад.
