НАВИШТАҲОИ ПУРҒАЛАТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” на танҳо мутобиқи талаботи меъёрҳои забони адабӣ озодона навиштан ва гуфтанро тақозо мекунад, балки ба он нигаронида шудааст, ки лавҳаву овезаҳо, навиштаву катибаҳо, баргардону тарҷума аз дигар забонҳо низ ба талаботи қонуни мазкур ва меъёрҳои забони адабӣ созгору мувофиқ бошанд. Аммо мушоҳидаҳо собит месозанд, ки аксар вақт ин талаби қонун ва меъёрҳои забони адабӣ риоя намешаванд.
Бисёре аз лавҳаву овезаҳое, ки дар идораву муассиса, кӯчаву марказҳои савдо дучор меоем, ба ҳеҷ меъёри илми забоншиносӣ рост намеоянд, ҳатто номи чанде аз идораю муассисаҳо номафҳуму душвор буда, танҳо дар мисоли шифохонаи вилоятӣ метавонем ба ин сардаргумӣ рӯ ба рӯ шавем: “шуъбаи осебшиносӣ, раддодӣ ва ҷарроҳӣ” . Вожаи “осеб” маънии “зарару зиён” дорад, пас, агар ин шуъбаро шуъбаи “зарару зиён” гӯем, хандаовар мешавад. Акнун ба “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” (Душанбе, соли 2010) муроҷиат мекунем: ОСЕБ 1. озор, ранҷ, дард. 2. зарар, зиён, газанд. 3. офат, накбат, бало. 4. зарба, садама, кӯфт; осеб расондан зарар расондан, зиён ворид сохтан ба чизе. Аз ин рӯ, маъно ва моҳияти ин калима ноҷо ва хато омадааст.
Пештар табибони мардумиеро, ки ин ё он ҷойи баромада ё шикастаи узви шахсро табобат мекарданд, “шикастабанд” мегуфтанд. Боз ба луғати тафсирии мазкур менигарем: “ШИКАСТАБАНД” он ки устухони шикастаи баданро ба ҳам оварда мебандад ва муолиҷа мекунад”.
“ШИКАСТАБАНДӢ – ҷобаҷогузорӣ ва бастани устухонҳои шикастаи бадан”. Боре пойи писарам дар севҷӣ аз ду ҷо ва дар зону аз як ҷо баромада буд. Қодиршоҳ ном табиби мардумӣ аз деҳаи Чагев ҳар се ҷойи баромадаро дуруст кард ва фарзандам шифо ёфт. Ростӣ, калимаи “Раддодӣ” – ро, ҳарчанд ҷустам, дар ин луғат пайдо накардам. Маънояш бароям торик аст. Аз ин рӯ, беҳтар мешуд, ин шуъба «шуъбаи шикастабандӣ» ном гирад. Овезаи дигар: “Шуъбаи хизмати муттаҳида”. Решаи калимаи “муттаҳид” – иттиҳод буда, маънояш сарҷамъию якдилӣ аст, аммо ибораи “хизмати муттаҳида” – ро дар ҳеҷ ҷо пайдо накардам ва маъниаш бароям муғлақ, номуайян монд. Яъне, ин навишта чӣ маънӣ дорад, касе намедонад. Ё худ, болои даре чунин навиштаеро дидам: “ Қабули беморони амбулаторӣ аз соати 12.00 то 15.00”. “Бемори амбулаторӣ” кисту чӣ гуна бошад? Ё маризонро ба “беморони амбулаторӣ”, “беморони терапевтӣ”, “беморони кардиологӣ” ва ғайраву ғайра ҷудо карда бошанд? Ибораи “клиникаи кимиёвӣ” дучори ҳайратам кард. Ин ибора бо кадом забон иншо шудааст ва чӣ мафҳумеро дар худ гунҷондааст, танҳо муаллифаш медонад. Ин қабил ибораю иборасозиҳо ба талаботи забони давлатӣ, меъёрҳои забони адабии ҳозираи тоҷик ҷавобгӯ набуда, аз лиҳози мантиқу маънӣ харобанд. Аз ин рӯ, хуб мешуд, дастандаркорони муассиса як бори дигар сари ин мафҳуму истилоҳот ва умуман, навиштаҷот андеша мекарданд.
“Ба хотире ки”, “соҳилмустаҳкамкунӣ” барин таркибу вожаҳоро одам сари ҳар қадам мешунавад. “Ба хотире ки” чӣ бори маънӣ мекашад? Агар пайвандаки таркибиро дар назар дошта бошем, пас, шакли дурусташ “ба хотири ин ки, ба хотири он ки” мебошад. Ё калимаи “соҳилмустаҳкамкунӣ” бисёр серистеъмол аст, вале дар ин шакл он нодуруст буда, шакли ихчаму қобили қабулаш “соҳилбандӣ”-ст, ки аз назари қоидаҳои калимасозӣ ва маъно дуруст мебошад.
Имрӯз дар баъзе биноҳо навиштаеро мебинем, ки ба таъбире, не дар дег мегунҷаду не дар кафлес: “Мо аллакай кушода шудем”. Ин ҷумлаи подарҳаво баргардони ҷумлаи “Мы открылись» аз забони русӣ мебошад. Носуфтаву дағал будани ин тарҷумаро ҳама пай мебаранд. Аслан, баргардони ин ҷумла чунин бояд бошад: “Мо ба кор оғоз кардем”, “Фаъолияти мо шуруъ гардид”, “Фаъолиятамон сар шуд”. Дар баргардону тарҷума маънию мантиқу услубро бояд ба ҳисоб гирифт, ҷумлаи болоро айнан баргардон кардаанд, ки ба табиати забони тоҷикӣ рост намеояд, ҳатто хандаовар аст, зеро маъно надорад.
Аз солҳои 90 – уми асри гузашта ин тараф барои кор дар ташкилоту созмонҳои ҷамъиятию байналмилалӣ афзалият ба он касоне дода мешавад, ки забони англисиро медонанд. Аммо мағзи гап он аст, ки оё англисидон забони тоҷикӣ, дурусттараш, забони давлатиро низ дар сатҳи зарурӣ медонад ё на? Дар чандин семинару ҳамоише, ки ширкат доштам, ростӣ, аз тарҷумаву баргардони пурхато аз забони англисӣ ба забони тоҷикӣ ҳайрон мондам. Он ҷумлаҳои подарҳавову вожаҳои нестандарҷаҳонро аз куҷо ёфта бошанд, ҳеҷ нафаҳмидам. Чандин бор ба дастандаркорони ин семинару ҳамоишҳо гуфта будам, ки боре сари ин навиштаҳо мулоҳиза кардаед? Китф дарҳам мекашиданду мегуфтанд, ки аз забони англисӣ тарҷума кардаем ва он дуруст аст. Ман изҳор доштам, ки ин “тоҷикӣ” – и шумо дар қолаби ҳеҷ меъёри забони адабӣ намегунҷад. Донистани забони англисӣ хуб аст, вале дар баробари он забони давлатиро ҳам бояд дар сатҳи хеле хуб аз худ кард. Донам – надонам, ҳар чиро аз интернет гирифтаву ба қавле, “бардорад, зам кун” гуфта, дӯшбори мардум кардан хубие надорад. Ё як – ду ҷо назарам ба ин навишта афтод: “Дунёи лаёқатгарон”. Вожаи “лаёқатгарон” чӣ маънӣ дорад, намедонам, зеро дар забони тоҷикӣ ин гуна калима, умуман, мавҷуд нест. Аслан “лаёқатгаро” аст, ки калима аз исми “лаёқат” ва феъл – масдари “гаравидан” таркиб ёфтааст. Ба ин хотир, “англисидонҳои варзида” – ву “тарҷумонҳои бомаҳорат” – ро лозим меояд, ки вақти баргардон дурусттар андеша кунанд, ё ба забондоне рӯ оваранд, зеро забони давлатиро донистан ҳатмист, аз тарафи дигар, надонистани ин забон ё шикастани қоидаҳои он дар пай ҷавобгарӣ ҳам дорад.
Ҷангибеки УЛФАТШОҲ,
“Омӯзгор”,
ВМКБ