ЛУҒАТОМӮЗӢ БУНЁДИ ЗАБОНДОНИСТ

Забондонӣ аз умдатарин фазилатҳои ҳар як инсон ба шумор меравад. Махсусан, дар замони мо вобаста ба аҳамияти бештар пайдо кардани худшиносии миллӣ, зарурати ба таври саҳеҳ донистани забони модарӣ, мақоми давлатӣ дарёфтани забони тоҷикӣ, ривоҷи муносибатҳои байналмилалӣ, авҷ гирифтани ҷараёни муҳоҷирати корӣ, фаъол гардидани сайёҳии хориҷӣ ва монанди инҳо забондонию забономӯзӣ моҳияти ҷиддӣ пайдо кардааст. Барои дақиқ омӯхтани забонҳо ҳоло усулҳои гуногуни самаровар аз ҷониби педагогҳою забоншиносон пешниҳод шудааст. Бо ин ҳама, асоситарин ва муҳимтарину файзбортарин воситаи омӯзиши забонҳо ҳамоно азёд кардани луғатҳост.
Аз ин ҷост, ки Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ барои омӯзиши забонҳои русию англисӣ дар навбати аввал донистани маънии чорсад луғати серистеъмоли ин забонҳоро пешниҳод кардааст, ки амалест қобили қабул ва муфид. Барои донистани ҳар як забони хориҷӣ, пеш аз ҳама, бояд забони модарии худро амиқу дақиқ омӯхт. Ҳар як шахс тамоми умр бояд ба такмил додани дониши худ вобаста ба забони модарӣ таваҷчуҳ дошта бошад. Албатта, зинаи муҳимтарин дар луғатомӯзӣ таҳсил дар таълимгоҳ аст. Дар дарсҳои забон ва адабиёти тоҷик дар тамоми синфҳо омӯзгоронро мебояд, ки масъалаи луғатомӯзии шогирдонро ҳамеша дар мадди назар дошта бошанд.
Зимни омӯзиши ҳар мавзуъ, ҳар шеъру пораи насрӣ, ҳар хабару ҳар ҷумла хонандагон ба калимаҳое дучор меоянд, ки барояшон нав ва номафҳуманд. Онҳо маънои ин гуна калимотро аз омӯзгори забон ва адабиёт пурсида, дар дафтарашон зикр мекунанд. Ҳамчунин, дар ҳар як дарс бо супориши омӯзгор якчанд луғати навро бо шарҳаш дар дафтарашон сабт ва то дарси оянда азёд мекунанд. Дафтари луғати хонандагон бояд ҳамеша бо онҳо бошад ва мунтазам такмил дода шавад. Чанде аз омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик ба ҳукми анъана ҳар як дарси худро бо хонандагон бо шарҳу тафсири мухтасари 3-4 калимаи нав оғоз мекунанд, ки низ амали муфид асту луғатдонии шогирдонро вусъат мебахшад. Бояд аз зинаи аввали таҳсилот (синфҳои 1-4) хонандагонро ба луғатомӯзию луғатдонӣ ҳидоят кард ва ин амалро барои онҳо ба одату анъана табдил дод. Дар лаҳзаҳои алоҳидаи дарс (мустаҳкамкунӣ, такрор, ҷамъбаст…) баргузор намудани як навъ сабқатҳои хурди «Кӣ бештар луғат медонад?», «Панҷ луғати нав гӯед», «Маънии ин калимаҳоро кӣ мегӯяд?», «Аз ин қитъаи шеър (пораи наср) кадом калимаҳо барои шумо нофаҳмоянд?» ва монанди инҳо шавқи шогирдонро нисбат ба луғатомӯзӣ таҳким мебахшанд. Муҳим аст, ки луғатомӯзӣ дар ҷараёни таълими тамоми фанҳо ҷой дошта бошад, зеро дар раванди омӯзиши фанҳои гуногун дар мактаб хонандагон ба калимаҳои нав ва барояшон нофаҳмо дучор меонд. Вобаста ба ҳар як фанни таълимӣ хонандагон дафтари алоҳида доранд. Салоҳ аст, ки дар ин дафтарҳо дар баробари шарҳи фишурдаи мавзуъҳо, ташреҳи сарчашмаҳо, нақшаву нигоштаҳои дигар луғатҳо низ ҷой дода шаванд. Омӯзгорони фанҳо дар раванди мубодилаи афкор ва таҷрибаандӯзии байниҳамдигарӣ бояд ба ин масъала таваҷҷуҳ намоянд.
Дар забономӯзию луғатдонии хонандагон кор бо фарҳангҳову луғатномаҳо аҳаммияти фаровон дорад. Дар забони тоҷикӣ фарҳангҳои зиёде мавҷуданд, ки ба хонандагон метавонанд мададгори ҳамешагӣ бошанд. Мутаассифона, дар мо китобҳои луғат барои мактабиён камтар ба чоп расидаанд. Аслан, вобаста ба истилоҳоти ҳар фан шогидони мо бояд луғатномае рӯи даст дошта бошанд. Ба хонандагон аз нахустдавраҳои омӯзиши фаъолашон дар мактаб бояд кор бо китобҳои луғат ва фарҳангҳоро омӯхт. Аз зинаи дуюми таҳсилот шогирдони мо бояд фаъолона кор кардан бо «Фарҳанги забони тоҷикӣ»-ро омӯзанд ва дар заминаи ин асар дафтари луғати худро пайваста комилтар созанд.
Луғатомӯзӣ ҷузъи муҳимтарини таълими фанҳост. Маҳз ба шарофати ҳар чӣ бештар донистани луғатҳо хонандагон имкон пайдо мекунанд, ки фикри худро (мавзуъҳои дарсҳоро) ба таври саҳеҳу дақиқ ва фарогир иброз доранд, суханашон ҳадафгиру муассир бошад ва ҳамчунин, ба маънии матнҳо зуд ва аниқ сарфаҳм раванд.

Майгуна ЭВАЗОВА,
омӯзгори мактаби №54,
шаҳри Ҳисор