ОЁ «АЁДАТ»-РО ДУРУСТ ИСТИФОДА МЕБАРЕМ?

Имрӯзҳо калимаи «аёдат» дар забони гуфтугӯӣ ва воситаҳои ахбори оммаи чопию электронӣ хеле зиёд истифода мегардад. Махсусан, дар арафаи иду ҷашнҳо ахбори «аёдат шудан»-и бознишастагон, собиқадорони кор ва шахсони дигари барумандро мутолиа мекунем. Масалан, менависанд: «Раиси шаҳр//ноҳия ба аёдати сарбозон рафт». Ё ин ки «Собиқадорони меҳнат аз ҷониби раис аёдат карда шуданд». Дар ин маврид калимаи «аёдат» ба маънои «дидорбинӣ» ва «хабаргирӣ» истифода мегардад, ки нодуруст аст.
Калимаи «аёдат»//«иёдат» аз забони арабӣ гирифта шуда, маънои «беморпурсӣ», «ба дидани бемор рафтан», «беморбинӣ», «вохӯрӣ бо бемор ва ҳолпурсии он» ва «иёдат кардан» — маънои «ба дидани бемор рафтан»-ро дорад (Фарҳанги забони тоҷикӣ, саҳ.469). Ин калима дар Фарҳанги мазкур ба ду шакл «аёдат» (саҳ 42) ва «иёдат» омадааст. Дар «Фарҳанги форсӣ»-и доктор Муин ба шакли «иёдат» (ба касри «ъайн» ва дар охир «то»-и марбута) омада, «ба дидани бемор рафтан» ва «ба аҳволпурсии мариз рафтан» маънидод шудааст.
Дар осори шоирони классики тоҷик дар аксари мавридҳо калимаи «аёдат»//«иёдат» бо калимаҳои «ранҷ», «ранҷурӣ», «табиб», «шифо», «бемор» омадааст. Дар байти зерини Камол дар мисоли калимаҳои «иёдат», «ранҷурон» ва «шифохона» таносуби калом риоят шудааст:
Ба иёдат сухане гӯй, ки ранҷуронро
Аз шифохонаи он лаб шакаре мебояд.
Байти зер ҳам аз латофати табъи Камол аст, ки ба беморӣ рабт доштани мафҳуми «иёдат»-ро таъйид мекунад:
Дӯш таб доштаму шаб ҳама шаб гарм бад-он,
Ки шавӣ ранҷаву оӣ ба иёдат бозам.
Дар ғазалиёти Саъдӣ дар ду маврид калимаи «иёдат» ба мушоҳида расид, ки дар канори мафоҳими «ранҷур», «дард» ва «дардманд» корбаст гардидаст:
Ба интизори иёдат, ки дӯст меояд,
Хуш аст бар дили ранҷури ишқ беморӣ.
Низ:
Хунук он дард, ки ёрам ба иёдат ба сар ояд,
Дардмандон ба чунин дард нахоҳанд даворо.
Дар «Маснавии маънавӣ» низ «иёдат» ба маънои «ба дидани бемор рафтан» корбаст гардидааст. Чунончи, ин матлаб аз номи ҳикояи «Ба иёдат рафтани кар бар ҳамсояи ранҷури хеш» (дафтари якум) низ равшан мегардад.
Мавлоно дар баъзе маворид «иёдат»-ро бо рамз низ истифода намудааст. Чунончи, бо мутолиаи ҳикояти «Ваҳй кардани Ҳақ таъоло ба Мӯсо, алайҳиссалом, ки чаро ба иёдати ман наёмадӣ?» дар назари аввал хонандаи ноогоҳ наметавонад ба дарки мафҳуми «ранҷур гаштани Ҳақ» бирасад:
Омад аз Ҳақ сӯйи Мӯсо ин итеб,
К-«Эй тулӯъи моҳ дида ту зи ҷеб.
Мушриқат кардам зи нури эзадӣ,
Ман Ҳақам. Ранҷур гаштам, н-омадӣ?»
Гуфт: «Субҳоно, ту покӣ аз зиён,
Ин чӣ рамз аст? Ин бикун, ё Раб, баён».
Боз фармудаш, ки дар ранҷуриям
Чун напурсидӣ ту аз рӯйи карам?
Гуфт: «Ё Раб, нест нуқсоне туро,
Ақл гум шуд, ин суханро баргушо». (2, 2160)
Хулоса, истифодаи калимаи «аёдат//иёдат» ба маънои «хабаргирӣ» ва «дидорбинӣ» куллан ғайри қобили кабул буда, он маънои мушаххаси “беморбинӣ”, «ба дидорбинии бемор рафтан», «беморпурсӣ»-ро ифода мекунад. Ба ҷойи он калимаҳои «дидорбинӣ», «аҳволпурсӣ» ва «ҳолпурсӣ»-ро истифода бурдан бамаврид аст.

Тоҷибой СУЛТОНӢ,
доктори илми филология,
профессор