САОДАТБАХШИ МИЛЛАТ ВА ҚУВВАТАФЗОИ ДАВЛАТ

Ҳақназар Ғоиб – Шоири халқии Тоҷикистон, раиси бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон:
— Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба яке аз ҷашнҳои фархундаву пурифтихори халқи тоҷик табдил ёфтааст. Ин ҷашн, пеш аз ҳама, ифодагари азму иродаи нек, шаъну шараф, ватандӯстӣ ва хиради волои тоҷикон мебошад. Эълони Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ибтикороти меҳанпарастонаву сулҳхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, таҳаммулгароию халқпарварӣ ва сиёсати дурандешонаи ин абармарди миллатро собит месозад. Муруре ба таърих бикунем; 27 июни соли 1997 дар рӯзи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фараҳмандӣ ба халқи азизи хеш муроҷиат карда, гуфта буданд: «Бо даранзардошти ин руҳияи илҳомбахш ва иттиҳоди ҷовидонии миллат айни муддаост, ки рӯзи 27-уми июнро дар кишварамон Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон намоем ва ин санаи фархундаро ҳар сол ба таври умумихалқӣ ид кунем». Ин даъвати Пешвои миллат дар саросари мамлакат ҳамовозии самимӣ пайдо кард, таҷассумгари он шуд, ки тоҷикон табиатан халқи сулҳпарвару таҳаммулгароянд, дар сари ҳалли ҳар мушкилие аз ақлу хирад ва андешаи солим пайгирӣ мекунанд.
Ваҳдати миллӣ дар ҳаёти мардуми сарбаланди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва дар тамоми бахшҳои ҳаёти ҷумҳурӣ бунёдкорию созандагӣ авҷ гирифт, мамлакат ба марҳалаи тозаи рушд ворид гашту хирад дар тахти салтанат нишаст. Аҳли адаби тоҷик низ ваҳдати миллӣ ва сулҳу осоишро бо камоли қаноатмандӣ ва бо нишоту ифтихор истиқбол гирифтанд. Аслан, адабиёти бадеӣ баёнгари ғояҳои волои инсонист, адабиёт ҳамеша хирад, дӯстию рафоқат ва ҳамдилию осоиш, некию накукориро меситояд, зиштӣ, ҷанг, ҷавру ситам ва торикию ҷаҳолатро маҳкум мекунад. Ваҳдат бахту саодат, шаъну шараф, шукуфоию комёбист ва аз ин ҷост, ки адибони мо дар тавсифи он фаъолу тавоноянд. Ситоиши дӯстию сулҳу ваҳдат дар адабиёти тоҷик анъанаи дерин аст, вале пас аз солҳои 90-уми садаи бист он вусъату муҳтавои тоза пайдо кард ва ба яке аз мавзуъҳои меҳварии адабиёти муосири тоҷик табдил ёфт. Дар мавзуи ваҳдати миллӣ паи ҳам ҳикояву қиссаҳои ҳуҷҷатию таърихӣ, шеъру манзумаю достонҳо арзи ҳастӣ карданд. Дар маҷмуъ дар ин мавзуъ тамоми адибони тоҷик сухани гарму самимӣ ва ифтихоромези худро гуфтанд. Шоири номвар ва баландсухан, ҳамосасарои варзида Муъмин Қаноат дар чанд шеъри ба мавзуи ваҳдат бахшидааш иброз намуд, ки саодати миллат пайванд ба ваҳдати аҳли миллат аст. Ваҳдатро бояд ситоиш ва ҷонибдорӣ кард, пурарзиштарин сарват аст он. Дар шеъри «Оини ваҳдат» шоир мегӯяд:
Ту ваҳдат аз дили бекина омӯз,
Намуди ростӣ з-ойина омӯз.
Устод Лоиқ, шоири шаҳири миллат, дар васфу тавсифи ваҳдат як силсила ашъори баланду дидлписанд эҷод намуд. Аз ин шеърҳо равшан метавон мушоҳида кард, ки шоири ватанпарвару волоҳунар аз ваҳдати миллат сарафрохтаю фараҳманд аст ва ба ҷон хоҳони он аст, ки ин иттиҳоди мардумӣ бардавому устувору безавол бошад. Дар қатори ашъори сулҳдӯстонаву ваҳдатгароёнаи шоир шеъри «Сулҳи деринтизор» хеле машҳур ва сари забонҳо гашт ва ба як навъ суруди ваҳдати миллат табдил ёфт. Сирри комёбии ин шеър, пеш аз ҳама, дар он буд, ки хостаҳову армони дили мардумро дар он айёми пурихтилоф ба таври саҳеҳу равшан, муассир ва бо забони дилчасп ифода мекард:
Раҳми Парвардигори мо омад,
Нури Ҳақ бар диёри мо омад…
Ҷанги девонавори мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад.
Шоирони тавоною маъруф Ғаффор Мирзо, Убайд Раҷаб, Гулрухсор, Саидалӣ Маъмур, Аскар Ҳаким, Меҳмон Бахтӣ, Муҳаммад Ғоиб, Камол Насрулло, Низом Қосим, Раҳмат Назрӣ… беҳтарин ашъори худро ба тараннуми ваҳдат бахшиданд. Шоирони нисбататан ҷавон ва навсафарони арсаи адаб низ дар ваҳдатсароӣ итеъдоди баланд нишон доданд ва домани ин мавзуъро дар адабиёти тоҷик боз ҳам густардатар карданд. Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, ки дар эҷодиёташ мавзуи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва сулҳу ваҳдатпарастӣ мавқеи барҷаста дорад, бо ифтихор сурудааст:
Тоҷикистон сарзамини дилрабои ваҳдат аст,
Осмонаш файзафшон аз сафои ваҳдат аст…
Сулҳ чун пероҳани зебост бар андоми халқ,
Шаъни мо, пирӯзии мо дар намои ваҳдат аст.
Дар тавсифу ситоишу баррасии ваҳдати миллӣ носирони тоҷик низ асарҳои баландмазмуну меҳрбору мондагор офариданд. Дар ин самт, махсусан, нависандагони публитсисти мо дастболо буданду ҳастанд…
Дар адабиёти муосири тоҷик дар мавзуи ваҳдати миллӣ боз ҳам асарҳои нав ба нав эҷод мешаванд. Ин мавзуъ ба мавзуи ҷовидонию ифтихории адабиёти бостонию ғанӣ ва тавонои мо табдил ёфтааст.
Меҳримо Аловатова – директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ:
— Вақте ки паёми расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ дар фазои Тоҷикистони азиз паҳн гашт (ин воқеаи фараҳбахш 27 июни соли 1997 ба вуқуъ пайваст), гӯиё ҳама ҷо мунаввару муаттару ҷонпарвар шуд, мардум бонги шодию сурур баланд карданд, ҳамдигарро ба оғӯш кашиданду самимона, ашки шодӣ ба чашм табрик гуфтанд, таманниёти нек ба забон оварданд, ба номи Сарвари сулҳофару ватанпарвари кишвар ҳамду саноҳо фиристоданд. Тоҷикистон аз нав шукуфт, тару тоза гашт, лабрез аз шодию сурур ва нидоҳои фароҳмандона шуд. Хеле барҷаставу равшан эҳсос мешуд, ки аҳли мамлакат ин рӯзи фархундаро чӣ қадар бо умеду орзу, бо дили беқарор интизор будаанд. Инак, чун нӯшдору ба бемори хастаю дар дами назъ буда «сулҳи деринтизори мо» даррасид ва Ватани маҳбубамонро аз вартаи фано берун кашид.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳамагон паёми ваҳдатро бо камоли шодмонӣ, бо замзамаю тантана пазируфтанд. Мардуми ин гӯшаи дурдасти Тоҷикистони соҳибистиқлол аз азал гаравиш ва эътимоду эътиқод ба сулҳу ваҳдат, ба зиндагии аҳлонаву осоишта доранд, дӯстию рафоқатро меписанданд, таманнои онро мекунанд доим, ки Ватанамон тинҷу осуда, ободу пешрав бошад, одамон дар муҳити гарму гуворо осудаҳолона зиндагӣ кунанд ва ба фаъолияти созандаю бунёдкорона машғул шаванд.
Ба шарофати ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ва аз ҷумла, дар Бадахшон марҳилаи саодатбори кору зиндагӣ оғоз ёфт, ки то кунун идома дорад ва орзумандем, ки «то бод, чунин бодо!» Аз файзи ваҳдати миллӣ дар тамоми сохаҳои ҳаёт давраи пирӯзию дастовардҳои назаррасу нишотафзо оғоз ёфт. Соҳаи маориф, ки дар ҳаёти ҷумҳурӣ нақши тақдирсозу пешбару ояндаофар дорад, дар заминаи имконоти фароҳамовардаи ваҳдати миллӣ ба марҳилаи пурбаракати рушд ворид гашт. Дар як давраи начандон тӯлонӣ ҳамбаста ба ислоҳоти соҳа дар тамоми самтҳои таълиму тарбия дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ пайвастанд, аз ҷумла, нақшаю барномаҳои таълимӣ бо дарназардошти манфиату хусусиятҳои миллӣ таҷдиди назар гардиданд, китобҳои нави дарсӣ таҳия ва чоп шуданд, усулҳои наву бештар самаровари таълим ба миён омаданд, сатҳу сифати таълиму тарбия батадриҷ боло рафт. Бунёди мактабҳои нав ва муҷаҳҳаз бо технологияҳои навтарин навгонии ҷиддию беназире гашт дар соҳаи маорифи мамлакат. Давра ба давра афзудани музди кори омӯзгорон ва муқаррар гардидани имтиёзҳо ба муаллимони ҷавон ба боло рафтани мақому эътибори аҳли таълиму тарбия дар ҷомеа мусоидат кард. Дар қаламрави Бадахшон биноҳои бошукӯҳи таълимгоҳҳои замонавӣ қомат афрохтанд ва барои таълиму тадриси сазовори насли наврас шароиту имконоти созгор фароҳам оварда шуд. Ин марзи баландкӯҳи Ватан ба ҷилвагоҳи ваҳдати миллӣ табдил ёфт. Дар тантанаи сулҳу дӯстию ваҳдат дар Бадахшон, пеш аз ҳама омӯзгорон фаъолияти самарбор доранд…
Ваҳдат башорат аз саодатмандию сарбаландист. Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи хушбахтию некрӯзӣ ба аҳли Тоҷикистон нерую тавоноӣ бахшид, дар дили хар сокини мамлакат шуълаи умед афрӯхту зиндагиро пур аз шодию фараҳ кард. Мо – ҳамватанонро лозим аст, ки дастоварди бузурги таърихиамон – ваҳдати миллиро пос дорем, парчамафрози ваҳдат бошем ва ҳамеша баҳри мусоидат ба ободии Ватан ҷидду ҷаҳд намоем.
Мирзошоҳрух Асрорӣ – собиқ раиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон:
— Ҳама гуна ҷомеа ва миллату давлат ба андеша, мафкура ё худ ғояи умумимиллӣ ниёз дорад, то ки он барои пешрафту равнақи миллат ва орзуву омоли мардум дар доираи давлати миллӣ қутбнамо бошад. Густариши пайвастаи худогоҳиву худшиносӣ ва таблиғи ваҳдати миллӣ дар шуури мардум, бахусус, наврасону ҷавонон аҳамияти хосса дорад.
Чунин ҳадаф бояд дар заминаи таърих, арзишҳо ва ҳувияти миллӣ ташаккул ёфта, ба ниёзҳову ба хостаҳои кунунии ҷомеа, умуман, ба воқеият ҷавобгӯ бошад, аксари афрод ва табақаҳои ҷомеаро дар атрофи худ муттаҳид сохта, мардумро ба сӯи рушду созандагӣ роҳнамоӣ кунад. Чунин андеша ва аҳдофи муттаҳидкунанда барои шаҳрвандони кишвари азизамон маҳз ғояи ваҳдати миллӣ мебошад.
Ғояи ваҳдати миллӣ шахсро водор месозад, ки ба қадри модар – Ватан, муқаддасоти миллӣ – истиқлол, озодӣ ва рамзҳои давлатӣ, инчунин, арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, забони модарӣ, адабиёти оламшумул ва таъриху маданияти куҳани халқи худ бирасад ва барои ба наслҳои оянда гузоштани мероси арзанда талош варзад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: ки «Тавассути ғояи асосии умумимиллӣ ваҳдати миллӣ мо метавонем тамоми табақаҳои ҷомеаро муттаҳид гардонем, рушди бемайлону устувори самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаро ба роҳ андозем. Бо ин мақсад нигоҳ доштани фазои мусоиди сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми ақидаву мавқеъҳо, ризоияти ҷомеа, таҳаммулгароӣ, мароми созандаву устувори аҳзоби сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ зарур аст».
Воқеияти зиндагӣ ва таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ собит месозад, ки агар шаҳрвандон маърифати волои сиёсӣ надошта бошанд, дар миёни онҳо ваҳдату якдилии устувор ба вуҷуд намоеяд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ҳамарӯза баҳри баланд бардоштани саҳти маърифату шуури миллии мардуми кишвар, фарҳанги сиёсии ҷомеа, тақвияти ваҳдату якдилии халқи кишвар, беҳтар кардани шароити иқтисодию иҷтимоии аҳли ҷомеа ва рушди босуботу тараққии мамлакатамон аз тамоми нерую имконти мавҷуда самарабахш истифода намоем.
Ваҳдати миллӣ барои кулли мардуми Тоҷикистон арзиши муқаддасу муътабар ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати миллат мебошад. Озодӣ, истиқлол, сулҳу субот, оромию осоиш ва созандагӣ бунёдкорӣ аз шарофати ваҳдати миллӣ насиби мо мегардад. Бинобар ин, вазифаи ҳар кадом шахси ватандӯст мебошад, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоят намояд ва азизу пос дорад.

Таҳияи А. МУРОДӢ,
«Омӯзгор»