БЕЗАВОЛУ ҶОВИДОН

Ба андешаи таърихнигорону сиёсатшиносон, “…на теғи шамшери Искандари Мақдунӣ, на тозиёнаи хунрези Ибни Қутайба, на қатли оми Чингизхон, на манораҳое, ки дигарон аз сари тоҷикон сохтанд, азму иродаи истиқлолхоҳӣ, давлату давлатдорӣ ва рисолати фарҳангии аҷдоди моро шикаста натавонистанд. Агар набарду муборизаҳои оштинопазир баҳри пуштибонии истиқлол ва давлатдории аҷдодӣ бо сарварии Шераку Спитамен, Деваштичу Муқаннаъ, Темурмалику Маҳмуди Торобӣ сурат гирифта бошанд, талошҳои маънавию худшиносӣ барои пойдории истиқлоли фарҳангӣ ва бақои умри миллат ба шарофати сулолаи номдори Сомониён аз ҷониби Рӯдакию Фирдавсӣ, Ибни Синову Абурайҳони Берунӣ, Носири Хусраву Камоли Хуҷандӣ, Наршахию Дақиқӣ, Низомулмулку Балъамӣ… пушт ба пушт идома ёфтааст. Қобили зикр аст, ки ҳатто дар тамоми давраҳои маҳрумият аз давлатдории худ низ миёни мардуми соҳибтамаддуну фарҳангпарвари тоҷик ҳувияти баланди миллӣ ташаккулу такомул ёфта, мақоми хоса пайдо намуда буд…”
Ба таърихи баъдии давлатдориамон назар афканем, мебинем, ки дар интиҳои қарни сипаригардида халқи тоҷик ба воқеаҳои сиёсии бузург рӯ ба рӯ гардидааст Ҳар кадом ин ҳодисот дар таърихи миллат худ нақши махсусе гузоштаанд. Ибтидои солҳои 90-уми асри XX барои Иттиҳоди Шуравӣ ва ҷумҳуриҳои иттифоқии вобастаи он як давраи махсусу ногаҳонии таърихӣ буд. Тоҷикистон ниҳоят давлати соҳибистиқлол гардид.
Хушбахтона, дар чунин марҳалаи барои миллат тақдирсоз таърих халқи тоҷикро ба рӯйдоди муҳим — Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ рӯ ба рӯ намуд, ба Иҷлосияе, ки умеди тамоми пиру барнои Тоҷикистон ба он буд. Муҳимтар аз ҳама, аз лаҳзаҳои оғозаш ин анҷумани таърихӣ шуълаи умеди сокинонро фурӯзон кард, хусусан, ҳамон лаҳзаҳои интихоби Раиси Шурои Олӣ ва нахустин суханронии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосия руҳияи мардуми маъюсу дилшикастаро дигарун намуд, ба дилҳо фараҳ бахшид. Ба ибораи дигар, Иҷлосияи сарнавиштсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минбаъд имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки бузургтарин дастоварди миллати тоҷик ба ҳисоб меравад, кишвари ҷангзадаро аз хатари парокандагӣ наҷот дод.
Минбаъд дар як муддати кӯтоҳ баргардонидани ҳамватанони ба кишварҳои ҳамсоя фироригашта аз амалҳои меҳанпарастонаи Роҳбари хирадманди давлатамон буд, ки ҳатто оламиёнро ба ҳайрат овард. Ҳамин аст, ки таҷрибаи сулҳофарии Сарвари тоҷикон дар ҷаҳон ҳамчун консепсияи нодири сулҳофарӣ пазируфта шуд. Мутобиқи оморҳо қариб 900 ҳазор нафар ҳамватанамон дар он рӯзҳои душвор макони зисташонро тарк намуда буданд. Аз ҷумла, бештар аз 600 ҳазор нафар сокин дар дохили худи кишвар ҷойи зисташонро тағйир дода, бештар дар зодбуму хонаи хешу ақрабо паноҳ бурда буданд, 195 ҳазор нафар ба Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Русия, Украина, Белорусия ва дигар кишварҳои собиқ Шӯравӣ, қариб 80 ҳазор нафар ба кишвари ҳамсояи Афғонистон фирор карда буданд. Дар ҳамон рӯзҳо Роҳбари хирадманди давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонбо меҳру муҳаббат ба ҳамдиёрон чунин шиори қатъӣ доштанд: “То охирин фирорӣ ба Ватан барнагардад, ман худро орому осуда ҳис намекунам!” ва батакрор мегуфтанд: “Ҳамдиёрони азиз, ба Ватан баргардед! Ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам, аммо як пора ноне, ки дорем, бо ҳам мехӯрем”.
Тавре ки ишора гашт, ин сухану муроҷиатҳои таскинбахшу умедворкунандаи Сарвари давлат ва тадбирҳои дурандешонаи таъҷилию оқилонаашон имкон дод, то ҳамдиёрон гурӯҳ — гурӯҳ ба Ватан баргарданд.
6 ноябри соли 1994 қабул гаштани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи пешгирифтаи сокинони кишварро ба ҳукми қонун дароварда, сохти давлатдории Тоҷикистонро муқаррар намуд. Худи ҳамин рӯз доир гаштани маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди дигари муҳимму нишотбахш ба таърихи кишвар соҳибистиқлол ворид гашт. Дар баробари ин, Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон, Суруди миллӣ гардида, ба бунёди Артиши миллӣ ҳамчун рукни давлатдорӣ асос гузошта шуд.
Ҳамин тавр, ваҳдат пирӯзии сулҳ ва ақлу заковати солими миллати хирадманди тоҷикро бори дигар собит сохт. Сулҳи бадастовардаамон собит намуд, ки хирад дар табиату хислат, хулқу атвор, сиришту ниҳод ва дину имони миллати тоҷик аз дербоз мақоми меҳварӣ дорад.
Воқеан, сулҳу осоиш дар тамоми давраҳои таърихӣ арзиши баланд дошт ва бахусус, дар шароити имрӯзаи ҷаҳон, дар вазъияте, ки кишварҳои гуногуни оламро нооромиҳо фаро гирифтааст, ин неъмати бебаҳо аҳаммияти бештар касб менамояд. Ҳамин аст, ки дар таърихи миллат корномаи сулҳофарии Сарвари хирадманди давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хатҳои заррин сабт гаштаст, сулҳе, ки дар ҷаҳон таҷрибаи бемисл дониста шудааст.

Бунафша ҚАЛАНДАРБЕКОВА,
номзади илми педагогика, муовини ректори ДТҶТ
ба номи С.Раҳимов