СУЛҲУ ОРОМӢ БАҚОИ ДАВЛАТ АСТ

Қадру манзалати ваҳдати миллиро ҳар як фарди ватандӯст бояд дарк намояд ва баҳри пойдории он ҳамарӯза талош варзад. Дар ин хусус Пешвои миллат дар яке Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин гуфта буданд: «Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди Истиқлоли давлатӣ, бешубҳа, ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон роҳи рушду такомули минбаъдаи кишварро равшан сохт. Нақши созандаи сулҳу ваҳдат, махсусан, дар самти таҳким ва такмили давлатдорӣ, ки амалан заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлоли миллӣ, тамомияти арзии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунанд, возеҳ зоҳир гардид».
27-уми июни соли 1997 дар таърихи миллати тоҷик Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Ин рӯз, ки барои миллати мо азизу муқаддас гаштааст, ба осонӣ ба даст наомадааст, зеро баъди аз байн рафтани Иттиҳоди Шуравӣ ҷумҳурии мо дар қатори дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ истиқлоли давлатӣ ба даст овард. Мутаассифона, мо — тоҷикон, ки дар як давраи хеле ҳассоси таърихӣ қарор доштем, дар оғоз натавонистем, ки неъмати бузург — Истиқлолро ба манфиати халқу давлати худ босамар истифода барем.
Воқеаҳое, ки солҳои 90-уми асри XX ба сари мардуми тоҷик омаданд, барои миллати ҷафодидаи мо, ки аз чандин имтиҳони бузурги таърихӣ гузаштааст, боз як имтиҳони ҷиддиеро пеш гузоштанд. Хушбахтона, дар чунин давраи ҳассоси таърихӣ фарзанди далеру шуҷоъ ва барӯманди миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омада, дар назди халқу Ватан ваъда доданд, ки «Ман ба шумо сулҳ меорам!» ва ҳамин тавр ҳам шуд. Кӯшишу ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллати бофарҳангу тамаддунсози мо, ки парешону сарсон шуда буд, сарҷамъ гардида, ба сулҳу субот, ягонагӣ ва ваҳдат расид.
Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургест, ки решаҳои таърихӣ дорад. Дар ҳар давру замон фарзандони бузурги миллат онро пойдор нигоҳ дошта, аҳаммияту бузургияшро афзун гардонидаанд. Дар дарозои таърих, замони Каёниён – шоҳ Ҷамшед, дар замони Ҳахоманишиён – Куруши Кабир, дар замони Сосониён – Ардашери Бобакон ва дар даврони Сомониён – Исмоили Сомонӣ ашхосе буданд, ки ваҳдатро пойдору барқарор нигоҳ доштанд. Дар замони мо чунин бахту иқбол ба шарофати фарзанди бузурги миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тоҷикистониён насиб гардид.
Имрӯз барои насли наврас ва ҷавон рӯ овардан ба таърих ва гузаштаи дуру наздики халқи тоҷик аз манфиат холӣ нест. Масалан, давраи шоҳаншоҳии Сосониён, то замоне ки ваҳдат асоси сиёсати онро ташкил медод, зиёда аз чор садсола пойдору устувор буд. Мисоли дигар, давлати Сомониён то замоне, ки фарҳанги ваҳдатсолории асосгузори ин давлати бузурги аҷдодии мо — Исмоили Сомонӣ ҳукмрон буд, пойдору устувор монда буд.
Таърих гувоҳ аст, ки дар замони ин ду империяи бузурги ҷаҳонӣ (Сосониён, Сомониён) ниёгони мо ба чӣ дастовардҳои бузург ноил гаштаанд. Махсусан, дар замони давлатдории Сомониён пешравиҳои беназире дар илму фарҳанг, сиёсати давлатдорӣ, созандагию бунёдкорӣ ва дигар самтҳо ба амал омад. Ситораҳои илму фарҳанги он замон Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ ва даҳҳои дигар бо дастовардҳои бузурги илмию эҷодии худ дар таърихи башарият нақши босазо гузоштаанд. Ҳамаи он дастовардҳо ба туфайли ваҳдат, дар муҳити сулҳу амну амонӣ ба даст омадаанд. Пас, ваҳдатро пос бояд дошт ва ба қадри ин дастоварди миллат бояд расид.
Ваҳдати миллӣ, дар ҳақиқат, дастоварди бузурги таърихист ва мо — фарзандони миллат вазифадорем, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Ҳамаи мо шоҳиди онем, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон, ки дар саргаҳи он Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, аз ҷониби созмонҳои байналмиллалӣ эътироф гардида, ҳамчун таҷриба баҳри истифодаи он дар дигар минтақаҳои даргири сайёра мавриди омӯзиш қадрор гирифтааст.
Ҳамаи ин аз баланд гардидани обрӯ ва эътибори Сардори давлати мо дар миқёси байналмилалӣ шаҳодат медиҳад. Обрӯю эътибори Пешвои миллат, албатта, обрӯю эътибори миллат аст, ки дар муносибатҳои байналмилалӣ барои халқу Ватани мо аҳаммияти бузурги миллию таърихиро дорост. Бино бар ин, замоне расидааст, ки мо — фарзандони миллат дар атрофи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарди ватандӯст бештар яктану якдил муттаҳид шавему баҳри боз ҳам қавитар гардонидани ваҳдати миллӣ, ободии Ватан ва пешрафти ҷомеа талош кунем.
Сайфиддин МУРОДОВ,
«Омӯзгор»