ОЯНДАСОЗОНИ ВАТАН

Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун неруи созандаву бунёдкори Ватан дар рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёт нақши бисёр бориз доранд. Онҳо ифтихори кишвару давлат буда, дар ободию шукуфоии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд ва сарзамини аҷдодиро чун гузаштагони ватанпараст ва бонангу номуси хеш ҳифз ва нигаҳбонӣ мекунанд. Давлат аз ин қишри неруманди ҷомеа умеди зиёд дорад.
Аз ин рӯ, дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намудани ҷавонон ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хубу арзанда муҳимтарин самти сиёсати давлат ҳисоб меёбад. Бо ин мақсад дар кишварамон «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» қабул карда шудааст,
Ҳукумати кишвар бо таваҷҷуҳ ба ҷавонон як силсила тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Аз ҷумла, аз соли 1998 барои дастгирии ҷавонони лаёқатманд квотаҳои Президентӣ, стипендияи Президенти Тоҷикистон, барои дар сатҳи байналмилалӣ омода намудани мутахассисони ҷавон стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон», ба ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, барои олимони ҷавон Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ таъсис дода шудааст. Ҳамчунин, ҳазорон нафар ҷавон дар кишварҳои пешрафтаи дунё аз ҳисоби бурсияҳои давлатӣ ройгон таҳсил карда истодаанд.
Барои бо шуғл фаро гирифтани ҷавонон аз тарафи Ҳукумат корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, марказҳои дастгирии соҳибкорӣ, марказҳои нави касбомӯзӣ ва ҳунармандӣ, ихтироъкорӣ ва паркҳои технологӣ таъсис дода шудаанд. Аз соли 1997 сар карда, ҳар сол 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил мешавад. Ин шаҳодати он аст, ки кор бо ҷавонон ва дастгирии онҳо аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ҳисоб меёбад.
Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз қабили «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм- фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор мегарданд. Соли равон озмуни нави ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»- оинаи таърихи миллат» роҳандозӣ гардид, ки ҳадаф шинохти бештар аз миллати фарҳангсолори тоҷик аст.
Басо нишотбахш аст, ки наврасону ҷавонони мо дар заминаи таҳсил дар макотиб ва ҳидоятҳои устодону роҳбарияти давлат ин нуктаи муҳим — донишу ҳунаромӯзиро дуруст дарк карда, беш аз пеш ба илму ҳунаромӯзӣ рӯ оварда, ба натиҷаҳои дилхоҳ мерасанд. Натиҷаи ҳамин аст, ки нисбат ба солҳои қабли дастовардҳои хонандагону донишҷӯён дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ афзудааст.
Дар самти варзиш низ ҷавонон давлату миллатро дар арсаи байналмилалӣ хуб муаррифӣ мекунанд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо кофист, ки дастовардҳои варзишии ҷавононро дар соли 2022 ёдрас шавем. Ба хотири пирӯзии ҷавонони мо дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ 548 бор парчами миллиамон барафрошта шуда, 150 бор Суруди миллиамон дар кишварҳое, ки мизбонии мусобиқаҳоро ба уҳда доштанд, садо додааст.
Ҳамчунин, мо иштироки ҷавононро дар тамоми корҳои бунёдкорӣ, аз ҷумла, сохтмони иншооти азими аср — неругоҳи «Роғун» бармало мушоҳида менамоем. Лозим ба ёдоварист, ки 40 фоизи коргарони ин иншоотро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Холмурод ҒИЁСПУР,
омӯзгори мактаби №6,
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин