Азхудкунӣ ва киштукори заминҳои водии Вахш аввалҳои солҳои 30-юми асри XX оғоз ёфтааст. Аз кӯҳистони дурдасти ҷумҳурӣ аҳолии зиёдеро ба ин водӣ муҳоҷир намуданд ва дар натиҷа ба ҷои қамишзору бешаҳо бунёд ёфтани колхозу совхозҳо шуруъ гардид. Батадриҷ ҷонварону парандаҳои нодир ин ҷоро тарк намуданд ва ба муҳити зист зарари калон расид. Ҳаводиси рухдода зарурати созмон додани мамнуъгоҳро дар ин водӣ ба вуҷуд оварду 4-уми ноябри соли 1938 бо қарори Комиссариати халқии зироати Тоҷикистон мамнуъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» таъсис ёфт. Бояд зикр кард, ки замони Шуравӣ дар Осиёи Марказӣ ин аввалин мамнуъгоҳ буд.
Феълан мамнуъгоҳ дар ихтиёри муассисаи давлатии ҳудуди табиии махсус муҳофизатшавандаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Матлаби таъсиси ин мамнуъгоҳ (масоҳаташ наздик ба 50 ҳазор га) нигоҳдошти муҳити табиии поёноби дарёҳои Осиёи Миёна, бахусус, дарёи Вахшу Панҷ барои корҳои илмию тадқиқотӣ ва мушоҳидаҳои мониторингӣ буд. Олими рус Г.А. Коженников дар бораи “Бешаи палангон” чунин иброз намудааст: «Мақсади ниҳонии мамнуъгоҳ дарки қонунҳои эволюцияи олами органикӣ мебошад».
Омӯзиш ва таҳқиқи мамнуъгоҳ ва минтақаи атрофи он ҳанӯз солҳои нахустини азхудкунии водии Вахш оғоз ёфтааст.
Тайи солҳои гуногун олимону пажуҳишгарони боистеъдод, ба монанди С.У. Строгонов, Н.П. Овчинников, И. Абдусаломов, С.Алиев, Т. Сатторов, Ю.С. Григорев, Е.Н. Павловский, К.К. Фролов, С. Давидов, Ломов, Молотковский, Потапов, Сапожников… дар ин ҷо корҳои илмӣ бурда, рисолаву мақолаҳои зиёде ба чоп расондаанд.
Омӯзиши олами набототу ҳайвонот, умуман, иқлими мамнуъгоҳ ҳоло низ идома дорад.
Мамнуъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» дар қисмати ҷанубӣ – ғарбии ҷумҳурӣ, дар резишгоҳи дарёи Вахш ҷойгир шудааст. Мамнуъгоҳ аз ҷанубу шарқ ва шимолу шарқ ба масофаи 20 километр тӯл мекашад. Дар ин мавзеи афсонавӣ қамишзорҳои анбуҳи ду соҳили рӯди Вахш, биёбони қумзори Қашқақум ва Бӯритов, ҳамчунин, пасткӯҳҳои фарохи кӯҳҳои Ариқтов ва Хоҷа Қозиёнро ба оғӯш гирифтааст. Баландии водии Вахш дар ҳудуди мамнуъгоҳ аз сатҳи баҳр 320-325 метр буда, баъзе мавзеъҳои самти чапи соҳили мамнуъгоҳ дар дашти Қашқақум то 530 метр ва кӯҳҳои Хоҷа Қозиён то 1000-1200 метр баландӣ доранд.
Дар ҳудуди мамнуъгоҳ вобаста ба маҷрои дарёи Вахш кӯлҳои бешуморе ба вуҷуд омадаанд, ки дар онҳо набототу буттаҳои гуногун месабзанд. Баъзеи ин кӯлҳо то 2-4 километр дарозӣ дошта, чуқурии онҳо то 10-15 метрро ташкил додааст. Тобистони мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» хеле гарм ва тафсон аст. Ҳарорати ҳаво бениҳоят баланд мешавад. Дар ин соатҳо аксари ҷонварон ба лонаҳои зеризаминии худ ё ба зери буттаю саксавулзорҳо пинҳон мешаванд. Дар ин айём дар майдонҳои васеи мамнуъгоҳ, дар кӯлу ботлоқ бухоршавии об рух дода, ҳаво нисбатан намнок мегардад. Танҳо баъди чунин рӯзҳо шабона салқин шуда, харорати ҳаво то 10-15 дараҷа паст мефарояд.
Дар ҳудуди мамнуъгоҳ шамолҳои сахту ғуборолуд мунтазам ба амал меоянд. Моҳҳои декабр, январ ва даҳрӯзаи аввали моҳи феврал зимистон ҳукм меронад. Ҳарорати миёнаи моҳи январ (хунуктарин моҳи сол) 0,5- 0,9 дараҷа аст. Баъдан хунукиҳои сахт мушоҳида мегардад, вале барф дар ҳудуди мамнуъгоҳ тез об мешавад. Дар зимистону аввали баҳор (феврал — апрел) боришҳо 70% солонаро ташкил мекунанд. Масофа аз маркази мамнуъгоҳи (Бешаи палангон) то шаҳри Душанбе 200 километр аст. Тибқи тақсимоти маъмурӣ, аввал қисмати соҳили рости мамнуъгоҳ ба ноҳияи Шаҳритус, қисмати соҳили чапаш ба ноҳияи Қумсангир (ҳоло Ҷайҳун) тобеъ буд. Айни замон заминҳои ҳудуди мамнуъгоҳ ба ноҳияҳои Дӯстию Қубодиён тааллуқ доранд.
Дар ҳудуди мамнуъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» дар қатори ҳайвоноти нодир ва мурғи даштӣ тазавр, 33 намуди ширхӯрон, шағолу гурбаи ёбоӣ, боз 26 намуд хазандаҳои гуногун мавҷуд мебошанд. Дар мамнуъгоҳ морҳои куброи осиёмиёнагӣ, гурза, мори афъии регзор, тирмор дучор мешаванд, ки хеле хавфноканд. Морҳои куброи осиёимиёнагӣ ва гурза дар туғайзори мамнуъгоҳ ва мори афъӣ дар чӯлу регзор зиндагӣ мекунанд. Дар ҳудуди «Бешаи палангон» аз хазандаҳои калон «тимсоҳи биёбонӣ»-сусмор вомехӯрад.
Регзорҳои дашту нимбиёбони мамнуъгоҳ макони хазандагон аст. Ҳангоме ки атроф гарм мешавад, дар ин гӯшаи мамнуъгоҳ гӯё ҷонзоте ба назар намерасад. Дар фазои осмон танҳо парандагон парвоз доранду халос. Дар асл, чун атрофро хуб мушоҳида намоӣ, дармеёбӣ, ки дар нимаи рӯз ҳар гуна хазандаҳо гаштугузор доранд. Боре дар айёми гармиҳо дар регзори мамнуъгоҳ нохост ба мори афъӣ дучор шудам. Аз ин вохӯрии тасодуфӣ ба ҳайрат афтода сахт тарсидам. Медонистам, ки мори афъӣ асосан шабгард асту шикори шабонаро дӯст медорад, рӯзона хоб мекунад, танҳо шаб фаъол аст.
Мори афъӣ, ки хеле мағруру саркаш метофт, аз роҳ дур шудан нахост. Ман дар ҷоям шах шуда, мисли одами сеҳру афсуншуда чӣ кор карданамро намедонистам.
Мегӯянд, ки ин мор заҳри қотил дораду баъд аз газидани он кабӯтар дар давоми як соат, мурғ як соату даҳ дақиқа, саг чор соат ҳалок мегардад. Дигар морҳо барои насли ояндаи худ тухм мегузоранд, аммо мори афъӣ зиндазой аст. Ин сифатҳои мори даҳшатнок аз дилам гузашту баданам сард ва тарс фарогирам шуд. Мори афъӣ ба заҳр задан омода буд, ки нохост аз паси буттаи худрӯи хушкида калтакалосе намудор шуд. Мор якбора ба вай ҳуҷум кард. Калтакалоси бечора аз ин вохӯрии ғайричашмдошт худашро гум карда, ноилоҷ монд. Бо думаш морро зада, забонашчаашро бароварда, хост худро ҳифз кунад. Ин муқобилати калтакалос қаҳри мори афъиро овард, ки нимдавра печида, фишшосзанон сари худро миёни танаш гирифта, ба калтакалос барқвор ҳамла намуд ва онро печонда буғикунон заҳр зад. Ман аз фурсат истифода бурда, зуд қафо баргаштам…
Омӯзишу мушоҳидаҳои илмӣ атрофи олами ҳайвоноту набототи мамнуъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» идома дорад. Маро ҳаёти пур аз хавфу хатари хазандагони ин макони пурасрор ором намегузорад. Ин ҷонварон низ мехоҳанд зинда монанд, насли худро ҳифз созанд.
Кош, чунин ҷонварон танҳо дар «Китоби сурх» боқӣ намонанд, балки шумораашон зиёд гардаду чун як ҷузъи табиат пойдор бошанд, то наслҳои оянда онҳоро танҳо дар китоб не, балки дар табиат мушоҳида кунанд. Тоҷикистони азизи мо диёри муъҷизоту табиати зебост. Ва яке аз ёдгорҳои беназири табиати диёрамон мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” мебошад, ки ба рӯйхати ЮНЕСКО дохил гардидааст. Ҳар як табиатдӯст ва тоҷики асилро зарур аст, ки аз ин гӯшаи табиати зинда дидан намояд. Бо чунин масоҳати калон мамнуъгоҳ дар дунё камназир аст.
Маҷид САЛИМ,
Адиб