ВОРИСИ АРЗАНДА

Китоби нави устод Сироҷиддин Икромиро бо номи “Барфи хунолуд” бо шавқ мутолиа кардам. Ҷаззобияте, ки ин китоб дорад, собит мекунад, ки нависандаи мо, воқеан, соҳибистеъдод аст. Таҷрибаи бойи зиндагӣ, ҳунари волои сужетсозию образофарӣ, забони зебою фаҳмо ва баёни равони муаллиф водор месозанд, ки хонанда китобро то охир мутолиа бикунад ва андеша намояд. Ин китоб на танҳо завқи китобхонии хонадаро бедор мекунад, балки масъалаи интихоби дуруст дар чорраҳаи зиндагиро ба миён мегузорад.
Китоби “Барфи хунолуд” маро дигарбора ба давраи наврасиям бурд. Ёдам омад, ки чӣ гуна ҳарисона китобҳои бадеиро мехондаму модарам аз ошхона фарёд мезаданд:
— Ин қадар китоб нахону аз пайи корҳои хона шав. Ту китоб хонӣ, хонаву рӯйи ҳавлиро кӣ мебрӯбад, косаҳоро кӣ мешӯяд?..
Аз ҷониби дигар садои падарам баланд мешуд:
— Ин қадар ба духтари ман ҷаққа нашав. Мон, китобҳояшро хонад.
Вақте ин хотираи на он қадар дур, аммо ширини ман дубора дар зеҳнам бедор гардид, ба чунин хулоса омадам, ки рисолати нависандагии устод Сироҷиддин Икромӣ иҷро шудааст, зеро аз дунёи воқеӣ дур шудану ба дунёи нависанда ворид гардидани хонанда гувоҳи дорои маҳорати хуби касбӣ будани муаллиф аст. Аз як ҳикоя то ҳикояи ва қиссаи дигар нависанда рушд ёфтааст. Рушди эҷодии муаллиф дар ҳар як ҳикояву қиссаи ӯ эҳсос карда мешавад, воқеаҳои ҳамаи ҳикояҳо якгуна нестанд. Такрор дар асарҳои ӯ дида намешавад. Ҳамаи онҳо дар алоҳидагӣ ҳам комил буда, махсусияти эҷодиёти ӯро бозгӯ карда метавонанд. Симоҳои офаридааш гуногунанд. Ҳар яке бо хислату дунёи хеш аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Қаҳрамонҳои ӯ ба ҳамдигар монанд нестанд, инсонҳои мухталифхислатанд.
Аз як нигоҳ чунин менамояд, ки ҳикояҳои нависанда ҳама воқеианду зиндагии имрӯзи моро бо ҳамаи тазодҳояш ба риштаи тасвир кашидаанд. Қаҳрамонҳо инсонҳои имрӯзанд, ки дар дар печутоби рӯзгор худро аз ҳар ҷиҳат – баъзан хуб, баъзан ҳатто манфур муаррифӣ мекунанд, лекин новобаста аз воқеияти ҳодисаҳо муколамаи қаҳрамонҳо руҳия ва ботини онҳоро ба пуррагӣ нишон медиҳад ва пешорӯйи хонанда нафаре бо тамоми хислати ботинияш ҳувайдо мегардад:
“- Бисёр аз худ нарав, Самандар! – буғзашро кафонд Муҳиб.
— Ба назарат менамояд, — оромона посух дод Самандар.
— Бисёр манманӣ дорӣ, боз ду поят аз осмон наояд!
— Подарҳаво омадан подоши аҳли кибр аст. Мисли ту мутакаббир нестам!
— Таги пойи асбҳо мемонӣ!
— Гурусна нон хоб мебинад.
— Сояаатро калон дидаӣ!
— Чашмони фиребгар надорам.
— Пушаймон мешавӣ, бача. Адабатро медиҳам!
— Вақти муносиб аст, ҳасрат дар дилат намонад! (саҳ.119)”.
Ин муколама руҳия ва ботини ду нафар инсони ба ҳамдигар мухолифро ончунон моҳирона ифода мекунад, ки хонанда баъд аз мутолиаи он худ хулосаи аниқ мебарорад. Ин муколама аз ҳикояи “Барфи хунолуд” иқтибос оварда шудааст. Афсӯс, ҳамон нафаре, ки манфурии худро нишон дод, гӯё дастболо мешаваду охирон қаҳрамони ҳикояро ба қатл мерасонад…
Мақсади ман бозгӯйи сужаи ҳикоя нест. Хонандае, ки аллакай эҳсоси кунҷковияш бедор шуд, худ китобро пайдо карда мехонад: мақсади ман он аст, ки мехоҳам, бори дигар таъкид намоям, ки нависанда дар таълифи ин ҳикоя ва ҳикояҳои дигар низ тавонистааст, ҳам руҳия, ҳам сужа, ҳам идея ва ҳам образҳоро дар таносуби худ хуб нишон дода, мақсади ниҳониашро пурра рӯйи коғаз оварад. Муаллиф ягон андеша ва ё ягон эҳсосро ба хонандаи худ таҳмил намекунад. Вай воқеҳоро ончунон моҳирона ва устодона тасвир мекунад, ки хонанда худ хулоса мебарорад. Нависанда намегӯяд, ки симои офаридаи вай хуб аст ё бад, аммо хонанда аз тасвири он худаш аниқ хулоса мебарорад, ки образҳо мусбатанд ё манфӣ. Чунин тасвирнигорӣ ва воқеабаёнӣ истеъдод ва заҳмати зиёдро металабад, то ҳар як сухан нишонрас ба қалам ояд.
“Таъқибгарон дасти холӣ баргаштанд…
Гурги гурусна маъюс ба кӯҳу пушта рӯ овард…
Сабур ҷон ба саломат бурд…
Дар само чархболҳо пайдо шуданд…(саҳ.14)”.
Ин ҷамъбасти ҳикояи “Талоши зистан” мебошад. Қаҳрамони ҳикоя Сабури ҷангалбон бо марг рӯ ба рӯ мешавад. Ранҷу азоби ӯ, руҳия ва эҳсоси ботинӣ, дард, ҳарос, интизорӣ, ноумедӣ ва андешаҳои мухталифи ӯ хонандаро водор месозанд, ки баробараш ранҷ кашад ва дар баробари ноумедиҳо, умедаке дар дилаш бедор гардад. Хонанда баробари Сабури ҷангалбон ғусса мехӯрад, азоб мекашад ва баробари ӯ талош мекунад. Ва ин чор ҷумлаи ҷамъбастӣ дили хонандаро дигарбора ба тапиш меорад ва ба зиндагӣ гарм мекунад, зеро аз онҳо маълум мешавад, ки Сабури ҷангалбон дар охир аз чанголи авбошон халос мешаваду аз марг раҳо меёбад.
“…Ман он қадар номард нестам, ки аз рӯзи сахту бечорагии ту сӯиистифода бикунам… (саҳ.50)”.
Ҷумлаи иқтибосовардашуда аз ҳикояи “Хотири модар” мебошад. Ҳатто ҳамин як ҷумла низ истеъдоди нависандаро бозгӯ мекунад, зеро дар он маънӣ, воқеа, дард, хислат, руҳия, мақсад ва эҳсоси қаҳрамони ҳикоя ғунҷоиш ёфтаанд.
Ҳикояе, ки бештар аз ҳама маро ба дарёи андеша ғарқ кунонд, “Сӣ соли дароз” ном дорад. Муҳаббату зиндагиро муқобили ҳам гузошта, дар охир боз ҳам ишқро ихтиёр кардани қаҳрамони ҳикоя – Фирӯз хонандаро ба фикр кардан водор месозад. Сӣ сол эҳтиёт кардани муҳаббати худ, сӣ сол вафо кардан ба ҳамсари худ, сӣ сол масъулиятро ба дӯш гирифтан ва сарбаландона онро иҷро кардану охирон дари ишқи худро бо умеди висол кӯфтан маънии тозаеро бозгӯ менамояд, зеро симои нафаре пеши назари хонанда ҳувайдо мегардад, ки дар зиндагӣ масъулияти инсон буданро воло гузоштаву қарзи фарзандиву шавҳарӣ ва падарии худро ба иҷро расондааст. Ӯ марди масъулиятшинос буда, зиндагиро аз равзанаи дидгоҳе, ки барояш инсон буданро талқин мекунад, мешиносад. Барои ҳамин сараввал хушбахтии худ не, балки аҳду вафои падарро иҷро намуд. Ба фикри ман, маҳз ҳамин хислати ӯ муҳаббаташро низ рушд дод, зеро дар тӯли сӣ соли дароз борҳо дарк намуд, ки ишқ ба кадом андоза барои инсон муҳим аст ва бояду бояд онро эҳтиёт намуд.
Баъд аз хондани қиссаи “Захме, ки марҳам ёфт” метавон хулоса кард, ки он низ бо маҳорати баланд навишта шудааст.
“- Ҷамшед куҷост? Аз мактаб омад? Чаро назди ман намедарояд? – бо садои изтироболуд пурсид ӯ.
Бунафша ҳайрону музтар ба Каримҷон нигаристу Каримҷон ба Бунафша. Чӣ гуфтанашонро надонистанд.
-Дар даҳон об гирифтаед магар? Ҷавоб намедиҳед? Бачаи ман куҷост?
— Соҷида, медонӣ чӣ… – забон хоид Каримҷон.
— Чӣ? Чӣ гап шуд? Ҷамшеди ман ку?
— Вай… вай, — забони Каримҷон барои гуфтани ҳақиқат намепечид.
— Оча, очаҷон, очаҷони худам! – аз дар ворид шуд додзанон Ҷамшед ва пеши модар ба зону афтоду даст ба гардани ӯ ҳалқа кард… (саҳ.254)”.
Ҳатто аз ин порчаи қисса низ дарду эҳсоси ботинии чор нафар қаҳрамонони қиссаро низ метавон ба пуррагӣ дарк намуд, ки руҳияи онҳоро инъикос кардааст. Воқеаҳои ин қисса низ аз ҳаёти имрӯзи мо гирифта шудаанд. Қаҳрамонони он низ мисле, ки аз наздикони моанд, зеро мо чунин инсонҳоро ҳар рӯзу ҳама вақт вохӯрда метавонем. Дар ҳаёти мо ҳамарӯза инсонҳои меҳрубон, ғамхор, вафодор ва ҳатто бевафову хиёнаткор низ вомехӯранд, ки ҳар яке таъсири худро низ мегузоранд. Аммо дар баробари ҳама тазод, мушкилӣ, нобарорӣ, хиёнату бепарвоӣ, чун муҳаббати самимӣ ва вафову садоқат ғолиб меояд, хонанда ҳам оҳи сабук мекашад ва чунин ҷамъбаст бори дигар ёдрасамон мекунад, ки бақои зиндагии мо аз некист.
Албатта, дар як мақолаи кӯтоҳ наметавонем арзиши бадеӣ ва воқеии эҷодиёти нависанда Сироҷиддин Икромиро ба пуррагӣ баён бикунем, аммо бо бовари комил метавон изҳор дошт, ки эҷодиёти ӯ новобаста аз жанр, пурмуҳтавост. Асарҳои ӯ ҳама бо маҳорати баланд эҷод шуда, зинаи тозаеро барои рушди наср мегузоранд.
Китоби “Барфи хунолуд”-и Сироҷиддин Икромӣ ба Ҷоизаи адабии ИНТ ба номи Садриддин Айнӣ пешниҳод шудааст. Фикр мекунам, ки нависандаи маъруфи мо сазовори ҷоизаи мазкур мебошад.
Матлуба ЁРМИРЗОЕВА,
нависанда