МУҲАҚҚИҚИ МАЪРУФИ ТАЪРИХИ ПЕДАГОГИКА

Доктори илмҳои педагогӣ, профессор, академики Академияи илмҳои педагогии ИҶШС ва академики Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Россия, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон Иброҳим Обидов тамоми ҳаёти пурбаракати худро баҳри таҳқиқи соҳаи маорифи Тоҷикистон бахшидаасту педагогикаи тоҷикро дар тамоми собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва берун аз он муаррифӣ кардааст.
Уро ҳама Устоди устодон ном мегирифтанд. Профессор Сафар Сулаймонӣ дар бораи ин олими маъруф чунин навиштааст: “Ӯ худ таърих буд ва таърихро ҳам офарид ва ҳам онро таҳқиқу пажуҳишу бознигарӣ кард, роҳҳои пурпечутоб ва мушкилиҳои онро баррасӣ намуд. Садҳо шогирдро тарбият кард, дар саргаҳи навиштани таърихи педагогика ва маориф нишаст ва ба шогирдон роҳҳои рушди мактабу маорифро тавсиф бахшид, садҳо мақола ва даҳҳо китоб аз худ мерос гузошт, ки ҳама нишонгари сипос ва эҳтиром ба ин Ватан ва ба ин марзу бум мебошанд” .
Иброҳим Обидов 20 июни соли 1923 дар Ҷамоати деҳаи Пӯлодони шаҳри Конибодом, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Кӯдакӣ ва наврасиаш дар давраҳои пурталотуми сиёсию иқтисодии мамлакат -барҳам хӯрдани сохтори куҳна ва ташкил шудани сохти нави ҷомеа мубориза баҳри маҳви бесаводӣ, таъсиси мактабҳои нав ва авҷи инқилоби маданӣ гузаштааст.
Иброҳим Обидов мактаби ҳафтсоларо бо баҳои аъло хатм карда, дар омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Конибодом идомаи таҳсил бинмудааст. Аз 16 — солагӣ дар мактаби ибтидоии ба номи Петровскийи ноҳияи Конибодом ба ҳайси муаллими маҳви бесаводӣ ба фаъолият оғоз кардааст.
Ин ҷавонмарди таҳсилдидаву маърифатманд аз оғози ҳамлаи фашистон ба Иттиҳоди Шуравӣ ба арсаи мубориза рафта, то охири Ҷанги дуюми ҷаҳон баҳри ҳифзи диёр садоқатмандона ҷангидааст (аз 26 июни соли 1941 то 25 ноябри соли 1945).
Баъди аз ҷабҳаи набард сарбаландона баргаштан соли 1946 дар мактаби миёнаи № 25 –и ноҳияи Конибодом фаъолияти омӯзгориашро идома бахшид. Дар мактаб ба хонандагон забони русӣ ва тайёрии ҳарбиро меомӯзонд. Бо мақсади такмили маҳорати касбиаш ба Донишкадаи педагогии Ленинобод ба номи С.М.Киров (ҳоло ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров), ба факултети таърих дохил шуда, пас аз хатми ин боргоҳи маърифат дар вазифаи нозир ва мудири кабинети шуъбаи маорифи ноҳияи Конибодом фаъолият намуд.
Чун ба омӯзиши осори маорифпарварони ватаниву хориҷӣ шавқи беандоза дошт, баҳри сайқал додани донишаш соли 1954 ба аспирантураи Институти таърих, археология ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуд ва аз сабақҳои академикҳои номдор Б.Ғафуров, А.А.Семёнов, З.Раҷабов баҳравар гардид.
Аз ҳамин давра ин раҳнаварди ҷодаи илм ба таҳқиқи таърихи маорифи кишвар оғоз бахшид. Ӯ шахсан шоҳиди ҷараёни тағйироту дигаргуниҳои замон, пешрафт ва инкишофи соҳаи маориф буду мушкилот ва масъалаҳои бо он вобастаро хеле хуб дарк мекард. Аз вазъи мактабу маорифи ҳар як гӯшаю канори деҳот, шаҳру ноҳияҳо маълумот ба даст меовард. Ҳар як вазъиятро омӯхта, онро таҳқиқ ва дар дафтари хотирот сабту баррасӣ менамуд. Соли 1959 дар мавзуи «Инкишофи маорифи халқ дар Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон дар солҳои баъдиҷангӣ (1946-1955)» рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд ва соҳиби унвони номзади илмҳои таърих гардид.
Ҳамчун муҳаққиқ ва олими ҷавон дар ҳаммуаллифӣ бо таърихнигорони номдори ҷумҳурӣ Б.А. Литвинский, В.А.Казачковский, А.Мухторов ба навиштани китоби дарсӣ аз фанни «Таърихи Тоҷикистони Шуравӣ» барои хонандагони синфи 7-10-и мактаби ҷумҳурӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ машғул шуд. Аз ин китоби дарсӣ солҳои зиёд (1959-1965) хонандагони мактабҳо дарс мехонданд.
Ҳамчун шахси кордону ташкилотчӣ, омӯзгори таҷрибаандӯхта ва олими ҷавон Иброҳим Обидов соли 1960 ноиби директори Пажуҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии педагогии Тоҷикистон таъйин гардид ва аз соли 1961 то соли 1969 директори ҳамин муассисаи илмӣ буд.
Тайи солҳои роҳбариаш дар дохили бинои пажуҳишгоҳ осорхонаи мактабу маорифро таъсис дод ва зиёда аз 190 кори илмиву методӣ, аз ҷумла, дар ҳаммуаллифӣ китобҳои дарсии «Таърихи Тоҷикистони Шуравӣ» барои хонандагони синфи 7-8 (1963-1965), «Таърихи Тоҷикистони Шуравӣ» барои хонандагони синфи 4 (1964-1967), «Хрестоматияи таърихи РСС Тоҷикистон» барои синфҳои 7-10 (1966-67) -ро ба чоп расонид. Пас аз ин таҳқиқоти мукаммали «Таърихи тараққиёти маорифи халқ дар РСС Тоҷикистон (1917-1967)»-ро ба чоп расонд. Ин китоб ҳамчун рисолаи муҳимми илмӣ ба забони русӣ низ чоп шуд.
Иброҳим Обидов хулоса ва таҷрибаи сисолаи худро рӯи коғаз оварда, дар баробари муайян намудани роҳу усули тайкардаи сохтори маорифи ҷумҳурӣ баҳри вусъат додани он андешаҳои судмандеро иброз доштааст. Ин рисола таваҷҷуҳи муҳаққиқон ва олимони як қатор ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравиро ба худ ҷалб менамояд ва баҳои баланд мегирад.
Соли 1968 хизматҳои илмии Иброҳим Обидовро ба назар гирифта, ӯро узви вобастаи Академияи илмҳои педагогии Иттиҳоди Шуравӣ интихоб мекунанд.
Дар Шурои дифои Институти илми-тадқиқотии назария ва таърихи педагогикаи Академияи илмҳои педагогии ИҶШС дар шаҳри Москва соли 1974 И.Обидов рисолаи докториашро дар мавзуи «Таърихи инкишофи маорифи халқ дар Тоҷикистон (1917-1970)» дифоъ намуда, ба дараҷаи илмии доктори илмҳои педагогӣ сазовор шуд.
Соли 1969 Иброҳим Обидов дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон аввал дар вазифаи дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик, солҳои 1978-1980 дар вазифаи декани факултети баланд бардоштани ихтисоси директорони мактаб ва минбаъд дар кафедраи педагогикаи умумӣ (аз соли 1980 то соли 2006) дар вазифаи мудири кафедра фаъолият дошт ва то охири умр дар вазифаи профессори кафедра кор кард.
Дар давраи мудирии И.Обидов ба кафедра устодони варзидаи соҳаи педагогика ба кор ҷалб шуда буданд, фаъолият ва иқтидори илмӣ дар кафедраи педагогикаи умумӣ ба сатҳи баланд баромад. Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи мудири кафедра аз ҷониби устодони кафедра китобҳои дарсӣ аз фанҳои педагогика, муқаддимаи педагогика ва дастурҳои таълимӣ-методӣ чоп шуданд, чандин муҳаққиқи ҷавон рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро дифоъ намуданд.
Солҳои ҳаштодуми садаи бист устод И.Обидов дар ҳаммуаллифӣ бо чанде аз педагогҳои варзидаи кишвар китобҳои «Расцвет народного образования в Советском Таджикистане», «Педагогикаи мактаб», «Луғати тафсирии истилоҳоти педагогика», «Афкори педагогии мутафаккирон» ва «Педагогика» — ро ба чоп расонд.
Соли 1979 бо ташаббуси Иброҳим Обидов дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) Шурои ҳимояи рисолаҳои докторӣ аз рӯйи ихтисоси “Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва маълумот” ташкил карда шуд ва устод худ то соли 2004 ба ин шуро роҳбарӣ кард.
Дар таҳқиқоти илмии И.Обидов масъалаҳо оид ба ҳамгироии назария ва амалия, тарбият дар давраҳои мухталифи таърихи Тоҷикистон, таҳлили равияҳои педагогӣ ва ҷараёнҳои вобаста ба онҳо, проблемаи таърихи маориф дар давраҳои гуногун, системаи навъҳои гуногуни таълим ва тарбия, мактаб ва проблемаҳои он дар масири таърих, омӯзиши монографии таърихи мактабҳои ҷудогона, мактаб ва таҳсилоти ғоибона, мактаб ва коргарҷавонон, тарбияти касбии муаллим, таърихи интернатҳо ва ғайра таҳлилу баррасӣ гардидаанд.
Соли 2006 китоби дигари устод «Фалсафа ва таърихи маориф» (дар ҳаммуаллифӣ) ба забони русӣ ба чоп расид, ки дар он маълумоти муфассал дар бораи афкори педагогии халқи тоҷик оварда шудааст.
Дар давоми ҳаёти пурғановати худ Иброҳим Обидов вобаста ба масъалаҳои муҳимми соҳаи маориф, фарҳанг, афкори педагогӣ 12 монография навишт, муаллиф ва ҳаммуаллифи 3 китоби дарсӣ аз фанни таърихи халқи тоҷик ва хрестоматияи он ва 2 китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ, 2 китоби дарсии дигар ба забонҳои англисӣ ва форсӣ мебошад. Зиёда аз 750 мақолааш дар маҷаллаҳои илмии «Советская педагогика», «Народное образование», «Мактаби Советӣ», «Русский язык» чоп шудаанд.
Солҳои 1996 – 2011 академик Иброҳим Обидов раиси Бюрои шуъбаи Тоҷикистонии Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии ИҶШС интихоб шуд ва то охири умр ин масъулиятро ба дӯш дошт.
Устод И.Обидов нақши бузург дар пажуҳиши таърихи маорифи тоҷик гузоштааст. Олимону ҳамкасбон ӯро барҳақ, пири таърихи педагогика меномиданд.
У. ЮЛДОШЕВ,
профессор,
Б. МАҶИДОВА,
профессор,
М. ОБИДОВА,
дотсент