Ба таърихи ҷумҳурии соҳибистиқлоламон боз як саҳифаи тозаи заррин зам гашт; 2-4–уми июни соли равон дар пойтахти кишвар мусобиқаи бонуфузи варзишӣ – Гран-прии Душанбе – 2023 ба вуқуъ пайваст. Пеш аз ҳама, бояд зикр кард, ки интихоби Тоҷикистон ҳамчун мизбони ин сабқати байналмилалӣ ба рушди варзиш дар мамлакати мо, эътирофи комёбиҳои пайвастаи паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ба варзишгарон дар Ватанамон иртибот дорад. Шумораи медалҳои бадастовардаи варзишгарони тоҷик дар шаш соли охир ба 31204 адад мерасад (аз ин шумора 11000 медали тилло). Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ифтихори пирӯзиҳои варзишгарони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ 5743 бор Парчами давлатии Тоҷикистон баланд бардошта шуда, 1797 бор Суруди миллӣ садо додааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хирадмандонаи хеш ба варзиш ва дастгирии варзишгарон диққати доимӣ зоҳир менамоянд ва бар он мекӯшанд, ки дар саросари мамлакат барои машқу тамрини алоқамандони варзиш тамоми шароити созгор фароҳам оварда шавад. Сарвари кишвар дар ситоиши варзиш гуфтаанд: «Варзиш яке аз воситаҳои беҳтарини муаррифӣ кардани давлат ва миллат мебошад. Варзиш ҳамчун мактаби муҳимми ҷаҳонфаҳмию тарғиби арзишҳои олии инсонӣ, аз қабили дӯстиву бародарӣ, сулҳу озодӣ, эҳтиром ба халқу миллатҳои гуногун ва ҳамкориҳои судманди байни халқу миллатҳо хидмат мекунад. Ҳаракатҳои оммавии варзиши ҷаҳонӣ, аз ҷумла, бозиҳои олимпӣ ва мусобиқаҳои умумиҷаҳонӣ борҳо собит намудаанд, ки варзиш дорои қудрати бузурги созанда дар арсаи байналмилалӣ мебошад».
Эътибору эътимоди Пешвои муаззами миллати мо ба соҳаи варзиш, албатта, аз доираи мушоҳидаи созмонҳои ҷаҳонии соҳа берун намондааст ва аз ин ҷост, ки солҳои ахир дар Тоҷикистон мунтазам мусобиқаҳои бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ баргузор карда мешаванд. Сабқати байналмилалии Гран-прии Душанбе – 2023 низ дар ҳамин радиф аст. Дар расми ифтитоҳи ин сабқат дар пойтахти ҷумҳуриямон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо Мариус Визер, раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоили Маҳмадзоир ва меҳмонони зиёд иштирок доштанд. Нахуст муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамагонро ба ифтихори оғози ин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо, ки бори нахуст дар Ватани маҳбуби мо баргузор мешавад, самимона табрику таҳният гуфта, зимнан иброз доштанд, ки «варзиш дар ҳаёти инсоният яке аз василаҳои пайванди халқу миллатҳои гуногун ба шумор меравад». Дар идомаи сухан Раиси муҳтарами шаҳри Душанбе вобаста ба рушди варзиш дар Тоҷикистон далел оварданд, ки танҳо дар давоми шаш соли охир дар ҷумҳурии мо зиёда аз 15 ҳазор чорабиниву мусобиқаҳои гуногун бо фарогирии беш аз 4 миллион нафар ҷавон баргузор карда шудааст.
Дар кишварамон ҷудо ҳамчун як навъи хеле зебову серҳаводори варзиш, ки ба гӯштини миллии мо қаробати наздик дорад, ҳамвора такомул меёбад ва таваҷҷуҳи ҷавонони зиёдеро ҷалб мекунад. Федератсияи ҷудои Тоҷикистон фаъолияти бавусъат дорад. Моҳи феврали соли равон аввалин чемпионати ҷумҳурӣ оид ба ҷудо баргузор карда шуд. Дар давоми панҷ моҳи сипаришудаи сол дастаи ҷудои Тоҷикистон дар 10 мусобиқаи ҷаҳонӣ иштирок дошт ва аз ин мусобиқаҳо паҳлавонони мо, дар маҷмуъ, 8 медал (2 медали тилло, 1 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ) ба даст оварданд.
Дар расми ифтитоҳи Гран-прии Душанбе — 2023, ҳамчунин, ҷаноби Мариус Визер суханронӣ кард. Ӯ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Федератсияи ҷудои Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд ташкил намудани ин сабқати бонуфуз арзи сипос намуд ва афзуд, ки «Мо барои боз ҳам дар сатҳи баландтар тарғиб намудани сулҳ, ваҳдат ва ҳамбастагӣ дар ҷаҳон дар кишваре қарор дорем, ки аксари аҳолияшро ҷавонон ташкил медиҳанд ва варзиш ин ҷо бомаром рушд дорад».
Сабқати Гран-прии Душанбе – 2023 бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суруди расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо оғоз ёфт. Дар идома намоиши хеле рангину ҷолиб ва хотирмони фарҳангию варзишӣ таваҷҷуҳи ҳамагонро ҷалб намуд. Дар ин мусобиқа аз 5 қитъаи ҷаҳон ва 40 давлати дунё 315 варзишгар ширкат варзиданд ва он дар беш аз 100 мамлакати дунё аз тариқи телевизион намоиш дода шуд. Се рӯзи сабқат пур аз шӯру шавқ, зӯрозмоиҳои тамошобоб ва рухдодҳои рангину гуворо буд. Нахустин пирӯзиро ба дастаи Тоҷикистон Обид Ҷебов (дар вазни 66 кг) овард. Ӯ дар зӯрозмоии финалӣ рақибонаш Д.Буба (Фаронса), Ҳ.Оғомуҳаммадов (Туркманистон) ва А.Чина (Испания)-ро мағлуб намуда, соҳиби ҷои аввал ва медали тилло гашт. Дар ин рӯз паҳлавони дигари тоҷик Меҳрзод Сӯфиев низ хуб ҳунарнамоӣ карда, медали биринҷӣ ба даст овард. Дар рӯзи дуюми мусобиқа ҳодисаи аҷибу камназире ба вуқуъ пайваст; мухлисони ҷудо шоҳиди ду финали тоҷикӣ шуданд. Паҳлавони тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода бо Маҳмадбек Маҳмадбеков (ин варзишгар ҳарчанд аз дастаи Иттиҳоди варзишгарони бетараф қувваозмоӣ кард, аслан тоҷик аст –аз сулолаи паҳлавонони машҳур – Муҳаммадбековҳо) дар вазни — 73 кг ва Сомон Маҳмадбеков бо Шодмон Ризоев дар вазни 81 кг дар финал сабқат оростанд. Дар ҷуфти аввал Маҳмадбек Маҳмадбеков ғолиб омад. Беҳрӯз Хоҷазода соҳиби медали нуқра гардид. Дар ҷуфти дуюм Сомон Маҳмадбеков ба пирӯзӣ расид ва медали тилло ба даст овард. Шодмон Ризоев бо дарёфти медали нуқра дар зинаи дуюм қарор гирифт.
Дар рӯзи охирини мусобиқа паҳлавонони тоҷик боз ба як медали тилло ва як медали нуқра соҳиб шуданд. Медали тиллоро ба дастаи Тоҷикистон паҳлавони машҳур Комроншоҳ Устопириён овард. Ӯ дар финал паҳлавони ботаҷрибаву маъруф Элдар Аллахвердиевро (дар вазни — 90 кг) бо маҳорати баланд мағлуб кард. Воқеан, ин чорумин медали тиллои Комроншоҳ дар мусобиқоти байналмилалӣ гардид. Ҷаҳонпаҳлавони дигари тоҷик Темур Раҳимов, ки варзишгари рақами яки сайёра миёни сангинвазнҳост (+100 кг), то финал дар сатҳи баланд ҳунарнамоӣ кард, вале дар финал аз паҳлавони маъруфи Русия Темирлан Башаев мағлуб шуд ва медали нуқраи сеюмро насиби дастаи Тоҷикистон кард.
Ҳамин тавр, дар ҷамъбасти Гран-прии Душанбе-2023 паҳлавонони тоҷик соҳиби 3 медали тилло, 3 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ гашта, дар ҳисоби даставӣ дар байни дастаҳои 40 давлати ҷаҳон мақоми аввалро ишғол намуданд. Ин комёбии беназир ва сафҳаи тозаест дар таърихи варзиши тоҷик. Паҳлавонони ҷудои тоҷик собит карданд, ки: 1) дар Тоҷикистон ба шарофати дастгирию ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш марҳала ба марҳала рушд меёбад, 2) сафи ҳаводорону мухлисони гӯштини навъи ҷудо пайваста меафзояд, паҳлавонони тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеъ устувор менамоянд, 3) Тоҷикистон дар баргузор кардани мусобиқоти сатҳи байналмилалӣ имконоти васеъ ва таҷрибаи ғанӣ дорад.
Боз як натиҷаи фараҳбахши Гран-прии Душанбе — 2023 он гардид, ки паҳлавонони ҷудои тоҷик бо иштирок дар ин мусобиқа мавқеашонро дар радабандии ҷаҳонӣ устувортар сохтанд. Дар ин радабандӣ Меҳрзод Сӯфиев якбора 24 зина, Обид Ҷебов 66 зина, Сомон Маҳмадбеков 12 зина, Комроншоҳ Устопириён 4 зина, Шодмон Ризоев 15 зина ва Беҳрӯз Хоҷазода 9 зина (дар вазнҳои хоси худ) боло баромаданд. Темур Раҳимов зинаи аввали худро дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳифз намуд.
Ғолибони мусобиқа дар баробари медалҳо соҳиби мукофотҳои пулӣ низ гардиданд. Ба онҳое, ки ҷои аввалро ишғол карданд 3000 евро ва ба барандагони ҷойҳои дуюму сеюм мутаносибан 2000 ва 1000 евро супорида шуд. Ин нуктаро низ зикр бояд кард, ки Гран-прии Душанбе – 2023 сабқати интихобӣ ба бозиҳои олимпии Париж – 2024 маҳсуб меёфт.
То сабқат дар Душанбе Тоҷикистонро дар садгонаи ҷаҳонии варзишгарони ҷудо 11 варзишгар муаррифӣ мекард. Пас аз сабқати мазкур ин теъдод ба 17 нафар расид.
Дар Гран-прии Душанбе – 2023 духтарони варзишгари тоҷик чандон ҳунарнамоии хуб надоштанд, вале мушоҳида мегардид, ки дар байни онҳо бонувоне ҳастанд, ки дар оянда ба комёбиҳо дастрасӣ пайдо карда метавонанд. Масалан, дар аввали мусобиқа бонуи 15-солаи тоҷик Мадина Қурбонзода (дар вазни – 48 кг) чемпиони феълии Африқоро мағлуб кард ва дар ҷамъбасти Гран-прии ҷойи ҳафтумро ишғол намуд…
Боз як махсусияти шоистаи зикри мусобиқа фаъолияти мухлисони тоҷик буд. Дар ҳар се рӯзи сабқат дар Қасри теннис ва Маҷмааи варзиши обии пойтахт ҳеҷ ҷои холӣ набуд. Мухлисони сершумор парчаму овезаҳо дар даст доштанд ва бо нидоҳои «Офарин!», «Тоҷикистон, Тоҷикистон!», «Далер бош!», «Ғалаба! Ғалаба!» варзишгаронро дастгирӣ мекарданд. Онҳо натанҳо паҳлавонони тоҷикро, балки ҳунарварии шоиставу ҷолиби варзишгарони мамолики хориҷиро низ бо таҳсину кафкӯбӣ истиқбол мегирифтанд. Президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо Мариус Визер ба баргузории Гран-прии Душанбе — 2023 баҳои баланд дода, рафтори намунавии мухлисони тоҷикро махсус зикр кард.
Мо ифтихормандем, ки дар омодасозӣ ва баргузории ин мусобиқаи бонуфуз аҳли Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон низ ҳиссаи шоиста гузоштанд. Устодони мо дар назорати риояи низом ва тартибот дар варзишгоҳҳо ва атрофи онҳо, раҳнамоии паҳлавонон нақш гузоштанд. Теъдоди зиёди мухлисон шогирдони донишкадаи мо буданд. Ин ҳам шоиста ба зикр аст, ки чанде аз ғолибони мусобиқа – М.Сӯфиев, Б.Хоҷазода, Т.Раҳимов шогирдони собиқи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон мебошанд. Шодмон Ризоев донишҷӯи соли дуюми донишкада аст ва ояндаи хуб дорад. Умуман, ҳоло 15 нафар шогирд ва шогирди собиқ донишкада узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо мебошанд…
Гран – прии Душанбе – 2023, воқеан, дар сатҳи баланд баргузор гашт ва боиси боз ҳам афзудани шуҳрати ҷаҳонии варзиши тоҷик гардид.
Шодӣ САФАРОВ,
ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон
ба номи С.Раҳимов,
доктори илмҳои педагогӣ
