Мегӯянд, ки зиндагӣ худ ба худ маънӣ надорад, ба он одамон ба туфайли фаъолияти созандаву бунёдкоронаашон, тавассути афкору омоли некашон ва ба шарофати ваҳдату ҳамдилиашон маънӣ мебахшанд. Ин ҳикматро Норинисо аз овони наврасӣ аз устодонаш ва аз куҳансолони деҳа борҳо шунидаву сари маънии он ба андеша рафтааст. Баъдтар воқеияти ҳикмати мазкурро дар мисоли ҳаёту фаъолияти чандин ҳамдеҳаи накукору шарафмандаш ба мушоҳида гирифтааст. Ҳамакнун, бо гузашти солҳо Норинисо Ҳакимова худ дар радифи чунин накукорон, фаъолони деҳа қарор дорад ва ҳамвора бар он мекӯшад, ки бо аъмоли неку корҳои манфиатбор зиндагии хешро маъние шоиста бубахшад ва ба қадри тавону имкон дар хидмати мардум бошад, дар ободонии зодбум нақш гузорад…
Ин бонуи фаъолу соҳибмаърифат дар деҳаи Ёрии шаҳри Панҷакент, ки яке аз деҳаҳои бузургтарин дар вилояти Суғд ба шумор меравад, кору зиндагӣ мекунад. Ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар мактаби рақами №9-и деҳа нахустқадамҳои худро дар ҷодаи маориф гузошт. Пас аз соҳиби маълумоти олӣ шудан фаъолияти омӯзгориашро дар мактаби №57-и деҳа, ки наздик ба ҳазор хонанда дорад, ба сифати омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик идома бахшид.
Якрангию қолабзадагиро ҳеҷ намеписандад Норинисо ва талоши онро мекунад пайваста, ки ҳар машғулияташ бо шогирдон рангину ҷолиб, муассиру хотирмон бошад. Машғулиятҳои иловагӣ бо хонандагонро муҳимтарин омили тақвиятбахшу комилсози дониши онҳо медонад ва аз ин рӯ, зуд-зуд дар таълимгоҳ маҳфилу нишастҳои адабию фарҳангӣ, вохӯрию ҷашнвораҳо ташкил мекунад, шогирдонро пайваста даъват менамояд, ки бештар китоб хонанд, луғату шеър азёд кунанд. Дӯст медоранд хонандагон устоди худро барои дарсҳои мақбулаш, барои маҳорати баланди суханварияш, барои муносибати ғамхоронааш, барои нақлу ҳикоятҳои дилангезаш аз китобҳои зиёди хондааш, барои хеле муассир тафсир бахшиданаш ба пораҳои назмию насрӣ… Фаъолияти пурбору судманди Норинисо Ҳакимова, муносибату робитаи пурсамараш бо аҳли деҳа ва ташаббусҳояш дар самти рангинии рӯзгорони мардум аз назари масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дур намонд ва ӯро барои идомаи фаъолият дар идораи Ҷамоати деҳоти Ёрӣ даъват карданд. Норинисо рад кард, гуфт, ки пешааш, таълиму тарбияи насли наврас, ҳамарӯза бо устодон будану бо онҳо оид ба масоили гуногуни иҷтимоию иқтисодию сиёсии замон мубодилаи афкор кардан барояш бисёр мақбул аст. Омӯзгорӣ худ дар хидмати халқ будан аст…
Аммо масъулини ҳокимияти давлатӣ ба азмашон устувор монданд, яқин, мехостанд, ки бо ҷалби боз як устоди ҷавону варзида фаъолияти ҷамоати деҳотро тақвият бахшанд. Ниҳоят, Норинисо барои кор дар ҷамоати деҳот розӣ шуд, вале шарте ба миён гузошт: чанд соат дарс дар мактаб бояд дошта бошад, то робитааш бо таълимгоҳи азизаш, бо устодону шогирдонаш гусаста нашавад. Мазмун, аз мактаб ҳеҷ дил канда наметавонист…
Дар Ҷамоати деҳоти Ёрӣ Норинисо Ҳакимоваро ба сифати мутахассиси пешбари бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ба кор қабул карданд. Аз марҳилаи аввали кораш дар ин вазифа дарёфт, ки он бо омӯзгорӣ ҳамоҳангие дорад: ин ҷо низ чун дар мактаб бояд ба таҳкиму густариши таълиму тарбия таваҷҷуҳи ҳамешагӣ дошт, танҳо акнун дар доираи васеътар. Ҷамоати деҳоти Ёрӣ наздик ба бисту панҷ ҳазор аҳолӣ дорад ва нуҳ деҳаро дар бар мегирад. М. Ҳакимова ба фаъолияти омӯзгориаш вобаста ба вазифаи наваш корҳои зерро зам кард: тавзеҳу баррасии Паёмҳо, суханрониҳо ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни аҳолӣ, тарғиби одоби ҳамида, илму ҳунаромӯзӣ, даъват ба риояи ҳатмии танзими расму оин, маъракаҳо, тавзеҳи ғояҳои ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, баргузор намудани ҷашну маросими миллӣ, ташкили озмунҳо, аз қабили “Кадбонуи беҳтарин”, “Чакомаи гесу”, “Ҳунарҳои мардумӣ”…
М.Ҳакимова зуд-зуд ба беморхона, таълимгоҳҳо, нуқтаҳои тиббӣ, китобхона, қасри фарҳанг, варзишгоҳҳои ҳудуди ҷамоати деҳот рафта, аз вазъи кори масъулин ва сатҳи таҷҳизоту ободии муассисаҳои мазкур огоҳ мешавад ва дастуру маслиҳатҳо медиҳад.
Муаллима (аҳли ҷамоати деҳот Норинисоро бо эҳтиром чунин ном мебаранд ва ӯ аз ин ифтихорманд аст) дар ҷашнҳои миллӣ – Наврӯз, Меҳргон ва дар тантанаҳои ҷашни Ваҳдат, Рӯзи Истиқлоли давлатӣ ва монанди инҳо худ давраороӣ мекунад ва аксаран сухан аз меҳри Ватан, ваҳдату садоқат, дӯстию рафоқат ва ифтихори миллӣ мегӯяд, қитъа-қитъа шеър ва пора-пора наср дар тақвияти суханаш ба забон меорад.
Ба шарофати меҳрубонию суханварии муаллима дар даҳҳо оила мухолифатҳои дохилӣ барҳам зада шуданду оилаҳо устувор монданд. Аёдати беморон ва таскинбахшии онҳо анъанаи некест барои Норинисо. Ҳамчунин, пайваста аз аҳволи ятимону куҳансолон бохабар мешаванд ва барояшон бо дастгирии ҷамоати деҳот туҳфаҳои месупорад. Яъне ҳама рӯзи ин бонуи соҳибхирад пур аз гирумону такопӯҳост. Бо ин ҳама, иртиботаш бо мактаб-даргоҳе, ки барояш хеле азиз аст, гусаста намешавад: ҳафтае ду рӯз ба мактаб омада, ҳам машғулиятҳо баргузор мекунаду ҳам бо устодон суҳбатҳое самимию судманд меорояд…
Норинисо Ҳакимова байни хурду калони ҷамоати деҳот соҳибэҳтирому обруманд аст ва ба қавле, узви ҳар як хонадони деҳот гардидааст. Ӯ батакрор ва бо ифтихор ба забон меорад: «Ман аз омӯзгор буданам мефахрам ва ба ҳар мартабае, ки расидаам, аз файзи пешаи омӯзгорист».
А. МУРОДӢ,
«Омӯзгор»