ИДЕОЛОГИЯИ МИЛЛӢ ВА ТАКМИЛИ МАЗМУНУ МУНДАРИҶАИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ

ОҒОЗ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳият ва муҳтавои китоби дарсиро хеле дақиқ тавзеҳ бахшидаанд: «Китоби дарсӣ бояд донишу малакаи пешиниён ва руҳи замони муосирро фаро гирифта, барои даҳсолаҳо навишта шавад. Дар марҳилаи имрӯза вазифаи навбатии олимону мутахассисон ва адибону омӯзгорон таҳия ва нашри китобҳои дарсие мебошад, ки дастовардҳои илми муосир, фарҳангу арзишҳои миллӣ ва арзишҳои эътирофгардидаи умумибашарӣ, рамзу оинҳои давлатдорӣ, қадр намудани Истиқлоли давлатӣ, волоияти қонун, эҳтироми меъёрҳои умумии ҳуқуқи инсон ва дигар паҳлуҳои ҳаёти гузашта, имрӯза ва ояндаи моро фаро гиранд».
Идеология ё ба ифодаи дигар, ҷаҳонбинӣ ё мафкура, доираи назари инсонҳо нисбат ба табиат ва ҷамъият аст. Дар тамоми сохти давлатдорӣ мавҷудияти идеологияи муайян ба назар мерасад, зеро маҳз идеология чун василаи амалигардонии ҳадафҳои давлат ва ҳифзи пояндагии он хидмат мекунад. Ба таъкиди сиёсатмадори тоҷик Саймумин Ятимов, «Муваффақияти миллат, таъмини амният ва рушди он ба раванд ва натиҷаи ҷамъиятикунонии (милликунонии) андешаи аъзои он вобаста аст».
Милликунонии андешаи ҷомеа ва аз куҷо маншаъ гирифтани он масъалаи ниҳоят муҳим аст. С.Ятимов дар мақолааш «Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад» (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) басе хуб ёдовар шуда, ки файласуфи Юнони Қадим Аристотел бе ягон дудилагӣ, сарчашмаи асосӣ ва муътамад барномаи таълимӣ ва китоби дарсиро медонад. Ба таъкиди ин файласуф, «муҳтавои тарбия, умуман, сиёсати ҳукумат дар соҳаи таълиму тарбия бояд таҳти назорати қатъӣ ва корбарии давлат бошад».
ЧАНД ИҚДОМИ ХУБ ВА…
Дар даврони Истиқлол дар самти чопи китобҳои дарсӣ ва таъминоти хонандагон бо адабиёти таълимӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати маориф ва илм хеле корҳоро ба сомон расониданд. Аз ҷумла, 3-юми августи соли 2007 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №391 “Дар бораи Барномаи давлатии таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ барои солҳои 2007-2010», 26-уми июли соли 2014 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ» таҳти №1122, 30-юми майи соли 2015 «Низомномаи намунавӣ оид ба таҳия, экспертиза ва нашри адабиёти таълимӣ» таҳия ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №358 қабул гардид.
Хушбахтона, китобҳои дарсӣ батакрор чоп шуданд, лоиҳаҳои зиёде барои чопи босифати китобҳои дарсӣ рӯйи даст гирифта шуданд, ақаллиятҳои миллӣ низ то андозае ба китоб таъмин гаштанд…
Президенти кишвар ҳангоми суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва 70-солагии таъсиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1-уми сентябри соли 2015) зикр карда буданд, ки дар замони муосир «корро тавре ба роҳ бояд монд, ки омӯзгор ва хонанда доир ба ин, ки чаро бояд хонад, донад ва иҷро карда тавонад, тасаввур ва маълумоти амиқ дошта бошад». Ин буд, ки давра ба давра стандарту барнома ва китобҳои дарсии синфҳои ибтидоӣ, сипас, китобҳои дарсии фанҳои забони тоҷикӣ ва табиию риёзӣ бо дарназардошти муносибати босалоҳият ба таълим бознигарӣ, нашр ва дастраси хонандагон шуданд, ки ин ҳам далели пешравист. Дар ин давра бузургтарин дастоварди мо дар соҳаи маориф ба милликунонии мазмуни барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ вобастагӣ дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари давлат барои шаклгирии маорифи миллӣ бисёр имконотро ба мо пешниҳод кард, вале мо натавонистем, ба дараҷаи даркорӣ аз ин имконот истифода барем. Дуруст аст, ки то андозае кӯшиши ҷо кардани мазмуни арзишҳои миллӣ дар китобҳои дарсӣ эҳсос мешавад, аммо на ба он дараҷае ки лозим аст.
Дар воқеъ, тарғиби идеологияи миллӣ дар китобҳои дарсӣ чаро мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор гирифт? Ин бесабаб нест, албатта, зеро ҷараёни мафкурасозӣ дар кӯдакон ба мазмуну муҳтавои барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ сахт иртиботманд аст.
Арзишҳои миллии мо ба забон, адабиёт, таърих, ахлоқ, Ватан, ки дар маҷмуъ, бунёдгузори худшиносии моянд, пайвастагӣ доранд. Дар ин асос ва бо эҳтироми муқаддасоти миллату давлат идеологияи миллӣ шакл мегирад ва метавонад, моро ба ҳадафҳои созанда расонад, миёни халқу миллат ва давлатҳои дигар муаррифӣ ва аз мавқеи мо ҳимоят намояд. Профессор С.Ятимов дар масъалаи норасоии муаллифони соҳибном нигаронӣ карда, таъкид мекунад, ки ба навиштани китобҳои дарсӣ на танҳо олимони донишманду соҳибтаҷриба, дар байни аҳли илм эътирофгардида, ҳамзамон, шахсони боҷасорат, худогоҳ, хештаншинос, ватанпараст, вассофи руҳи тоҷикият, хирадситой, масъул, афзояндаи ғурур ва ифтихори миллӣ бояд ҷалб карда шаванд.
ЧАНД ГУФТАНӢ ЗИМНИ МАШВАРАТ
Бознигарии мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ, аз ҷумла, дар заминаи руҳияи миллӣ таълиф кардани китобҳои дарсӣ, хусусан, китобҳои фанҳои ҷомеашиносӣ масъалаи меҳварии соҳаи маориф дар чанд соли охир ба ҳисоб меравад. Баргузории вохӯрии навбатӣ бо муаллифони китобҳои дарсӣ ва муҳаррирону муқарризон дар робита ба ин мавзуъ бори дигар моро водор намуд, ки дар ин масъала ҷиддитар муносибат намоем. Муовини аввали вазири маориф ва илм, доктори илмҳои таърих Ҷамшед Ҷӯразода дар вохӯрӣ зикр кард, ки мо барои интихоби муаллифон ва аз нав таҳия шудани барнома ва китобҳои дарсии фанҳои таърихи халқи тоҷик ва адабиёти тоҷик тавассути воситаҳои ахбори омма эълон чоп кардем. “Аммо ҷалби муаллифон барои таҳияи китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз масъалаҳои ҳалталаб то имрӯз боқӣ мондааст, – иброз намуд ӯ. – Ҳарчанд давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар як гурӯҳи бонуфузи муаллифон барои таҳияву таълифи китобҳои дарсӣ таҷриба андӯхтанд, вале идомаи роҳи устувори ҳамин мактаб то ҷое норӯшан ба назар мерасад. Ба таври мисол, сол ба сол синну соли қисми зиёди муаллифони китобҳои дарсӣ боло меравад. Бино бар ин, зарур аст, ки барои ҷалб кардан ва омӯзондани муаллифони китобҳои дарсӣ аз ҳисоби олимон ва методистони тозаназару собиқадор чораҳои таъхирнопазир роҳандозӣ карда шавад.” Дар ин замина Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ вазифадор шуданд, ки раванди баргузории озмуни интихоби муаллифони китобҳои дарсиро ҷиддан пайгирӣ намуда, натиҷаи онро ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд; ҷиҳати мутобиқ сохтани мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ бо ислоҳоти соҳа (бахусус, муносибати босалоҳият ба таълим) ва навгониҳои илм бо мақсади рушд додани низоми таҳсилоти кишвар ва ҳамқадами замон гардондани он тадбирҳои судманд роҳандозӣ намоянд; вазъи амалишавии ислоҳоти соҳаи маорифро ҳамаҷониба омӯхта, ҷиҳати ҷорӣ кардани таҷрибаи наву пешқадам, баланд бардоштани сатҳу сифати китобҳои дарсӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот чораҷӯйӣ намоянд. Ҳамзамон, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ муваззаф гардид, ки дастгоҳи методии ҳар як китоби дарсии тақризшавандаро аз ҷиҳати илмӣ баҳогузорӣ карда, барои мукаммалтар шудани он пешниҳод ва тавсияҳои илмӣ манзур намояд.
Яке аз масъалаҳои хеле ҷиддӣ ва ҳалталаби соҳа ташхис (экспертиза) ва тақризи китобҳои дарсӣ ба ҳисоб меравад. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ» экспертизаи сифати адабиёти таълимӣ метавонад касбӣ ва ҷамъиятӣ бошад. Экспертиза ё ташхиси касбии сифати адабиёти таълимӣ аслан бояд мутобиқат ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот, ба ҳадди ақалли ҳатмии мазмуни барномаҳои таълимӣ, риояи қоидаҳои имло, арзиши ғоявӣ доштан, фаҳмову даркшаванда будан, мавҷудияти робитаи мутақобила бо фанҳои дигари таълимӣ, мутобиқат ба хусусиятҳои синнусолӣ ва равонии таълимгирандагон ва ба ин монандро дар бар гирад. Ҷанбаи тарбиявии китобҳои дарсии таҳияшаванда низ набояд аз мадди назари ташхисгарон дур монад. Аз рӯйи принсипҳои баҳодиҳӣ ба китобҳои дарсӣ аввалин чизе, ки пас аз дастгоҳи илмию таълимӣ мавриди назар қарор мегирад, арзиши тарбиявии онҳост. Дар ин ҷо масъалаи ҳувият ва хештаншиносии миллӣ ва ватанхоҳию ватандӯстӣ дар навбати аввал меистад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бештари вақтҳо экспертҳо ё муқарризон бо нишон додани як ё ду ҷузъиёти хурд ва ғалатҳои имлоӣ ё техникӣ иктифо карда, ба ҷанбаҳои равонию педагогӣ ва дидактикии адабиёти таълимӣ камтар диққат медиҳанд.
Пеш аз ҳама, тартиби таҳияи китобҳои дарсӣ, шуруъ аз интихоби муаллифон то раванди ташхис, тақриз ва арзёбии он тағйир дода шуд. Дуюм, аъзои гурӯҳҳои ҳамоҳангсози Шурои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки минбаъд ҳамчун ниҳоди экспертизаи ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд, аз ҳисоби омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олимону донишмандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз нав интихоб карда шуданд. Сеюм, дар назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бори нахуст аз ҳисоби омӯзгорону устодони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ Шурои экспертизаи касбии адабиёти таълимӣ таъсис дода шуд. Чорум, дар сохтори Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдурраҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон раёсати таҳия, ташхис ва тақризи адабиёти таълимӣ ба фаъолият пардохт. Панҷум, вобаста ба ворид шудани тағйирот ба механизми таҳия ва ташхис (экспертиза)-и адабиёти таълимӣ, ворид намудани дигаргуниҳои сохторӣ дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдурраҳмони Ҷомӣ санади меъёрию ҳуқуқии «Тартиби муайян кардани теъдоди нашри адабиёти таълимӣ, тасдиқи нашри китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ ва маводи таълимию методӣ тибқи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълим барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот» дар таҳрири нав таҳия гардид. Минбаъд ҳар як китоби дарсӣ баъд аз хулосаҳои экспертизаи касбӣ, экспертизаи ҷамъиятӣ ё гурӯҳҳои ҳамоҳангсози Шурои миллии таҳсилот ва хулосаи ниҳоии раёсати таҳия, ташхис ва тақризи адабиёти таълимии Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдурраҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ба чоп тавсия мешавад.
Яке аз масъалаҳои дигар, ки барои ҷалби муаллифон монеа эҷод мекунад, пардохти ҳаққи қалам аст. Маблағи ба сифати ҳаққи қалами муаллиф муайянгардида бо дарназардошти теъдоди нашр ва заҳмату неруе, ки барои омода сохтани як китоби дарсӣ сарф мешавад, дар ҳақиқат, чандон қонеъкунанда нест.
Бо мақсади аз наздик воқиф шудан аз вазъи таҳияи адабиёти таълимӣ ва мушкилоти соҳа нахуст мулоқоти вазири маориф ва илм бо муаллифони китобҳои дарсӣ 28-уми майи соли 2022 баргузор гардид, ки дар он муҳимтарин масъалаҳои таҳияву нашри китобҳои дарсӣ ба таври фарогир баррасӣ шуданд. Бахусус, масъалаи кам будани ҳаққи қалам, ки боиси камтаваҷҷуҳии муаллифон барои навиштани китобҳои дарсӣ мегардад, дар суханронии вазири маориф ва илм ба таври возеҳ зикр гардид ва ба раёсати иқтисод ва банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм, Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ дастур дода шуд, ки роҳҳои баланд бардоштани андозаи ҳаққи қалами муаллифонро омӯхта, барои ҳавасмандгардонии муаллифону муҳаррирони адабиёти таълимӣ пешниҳод манзур намоянд. Маҳз дар асоси ин дастури вазир бо дарназардошти қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазъи иқтисодии мамлакат лоиҳаи ҳуҷҷати меъёрии «Нархномаи ҳаққи қалам ва хизмати нашрӣ» таҳия карда шуд. Тибқи ҳуҷҷати мазкур, ки бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 28.10.2022, №15/16 тасдиқ гардид, андозаи ҳаққи қалами муаллифон барои таҳияи адабиёти таълимӣ аз андозаи муқарраршуда, яъне аз 297 сомонӣ барои як ҷузъи чопӣ бамаротиб боло бардошта шуда, вобаста ба ҷузъи чопӣ ва теъдоди саҳифаҳо барои ҳар як ҷузъи чопӣ аз ҷониби ширкатҳои ноширии ғолиби озмун пардохт карда мешавад. Ҳамзамон, дар ҷаласаи навбатӣ аз ҷониби муовини якуми вазири маориф ва илм барои таҳияи тартиби пардохти ҳаққи қалами муқарризону экспертҳо ва ҷиҳати бо вазорату кумитаҳои дахлдор мувофиқа кардани он низ ба сохторҳои дахлдори вазорат дастури қатъӣ дода шуд. Ба роҳбарияти муассисаи нашриявии «Маориф» супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҷиддан таҳриру тасҳеҳ намудан ва тибқи стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ мондани ороиши китобҳои дарсӣ тадбирҳои судманд андешида, ҳамзамон, муҳаррирони касбӣ ва соҳавиро барои ҳар як фанни тадрисшаванда ҷалб намояд.
Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Муҳаммаддовуд Саломиён аз зарурати ҷалби муаллифони ҷавон бо такя ба муаллифони китобҳои дарсие, ки собиқаи хуби омӯзгорӣ, илмӣ ва методӣ доранд, ёдовар шуда, зарурати таъсис додани мактаби муаллифии ҳар кадомро зикр кард. “Ба назари мо, ба нақша гирифтани таъсиси Маркази таълим ва ҳамоҳангсозии муаллифони китобҳои дарсӣ дар назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон барои сифатан беҳтар гардидани мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ ба мақсад мувофиқ аст, – иброз дошт ӯ. – Дигар, ҳавасманд гардондани муаллифони китобҳои дарсӣ, муқарризон, муҳаққиқон, муҳаррирон, дизайнерон, рассомон ва мураттибони барномаҳои таълимӣ боиси сифатан беҳтар гардидани мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ хоҳад шуд. Минбаъд ҳар касе, ки дар ин самт сухане менависад, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда мешавад.”
Зикр шуд, ки дар сурати таҷдиди назар шудани стандарт ва барномаҳои таълимӣ чопи такрории адабиёти таълимӣ сарфи назар ва барои аз нав навиштани он озмун эълон карда шавад. Ба таъкиди М.Саломиён, дар самти фанҳои гуманитарӣ мо бояд китобҳои насли навро пешниҳод кунем, тавре ки онҳо фарогири сиёсати имрӯза ва инъикосгари мафкураву назари хирадмандонаи гузаштаи миллати тоҷик бошанд. Дар раванди таълифи китобҳои дарсӣ тибқи стандарту барномаҳои таълимӣ бояд талаботи муносибати босалоҳият, ки барои тарбияи фитрӣ, рушди зеҳнии хонанда ва касбияти омӯзгор мусоидат менамоянд, ба назар гирифта шавад ва ахиран ба муаллифони китобҳои дарсӣ гузарондани омӯзишҳои серӯза бо ҷалби олимону методистон ва мутахассисони самтҳои гуногун ба мақсад мувофиқ аст.
ЧАНД ПЕШНИҲОД АЗ ЧАНД ОЛИМ
Дар анҷом баъзе муаллифону коршиносон дар атрофи мавзуи матраҳшуда ибрози андеша намуданд. Чунончи, номзади илми филологӣ, муаллифи як силсила китобҳои забони тоҷикӣ Азим Байзоев дар баробари дастовардҳо дар самти чопи китобҳои дарсӣ, зикр кард, ки китоби дарсиро мувофиқи талаби замон бояд навишт. “Таълифи китобҳои нав такмили китобҳои мавҷуда аст, – гуфт ӯ. – Фақат муносибати босалоҳият дар таълиму тарбия бештар бояд ба назар гирифта шавад. Албатта, мо андешаву нишондодҳои худро дорем, аз ҷумла, доир ба салоҳиятҳои фаннӣ, аммо барои муайян кардани салоҳиятҳои умумифаннӣ, ки тарбияи насли наврасро дар бар мегирад, бояд назари ягона дошта бошем.
Ба гуфтаи Азим Байзоев, масъалае, ки имрӯз баррасӣ шуда истодааст, бештар ба салоҳиятҳои тарбиявӣ-ахлоқӣ марбут аст. Ҳоло вақти он расидааст, ки бо ҷалби мутахассисон паҳлуҳои гуногуни салоҳиятҳои тарбиявӣ-ахлоқӣ мураттаб гарданд.
Масъалаи интихоби матнро дар китобҳои дарсӣ фақат ба худи муаллиф вогузор кардан дуруст нест, зеро ҳар муаллиф метавонад дидгоҳу назари худро дошта бошад. Пешниҳод мешавад, ки аз ҳисоби олимони варзидаи адабиётшиносу забоншинос ва намояндагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гурӯҳи корие таъсис дода шавад, ки ба ин масъала равшанӣ андозад, дақиқ кунад, ки аз кадом адиб, кадом асари ӯ ва барои кадом синф кадом матнҳо қобили истифода мебошанд. Мо бояд қолаби таҳсилоти миллии худро дошта бошем ва дар шароити ҷаҳонишавӣ аз он ҳимоят кунем. Ҳамзамон, то имрӯз мо ба муассисаҳои таълимашон ба забони русӣ ҳамчун муассисаҳои таълимии ақаллиятҳои миллӣ муносибат мекунем, ки мутлақо дуруст нест, зеро аксарияти хонандагони ин муассисаҳо тоҷикон ва қисман ӯзбеконанд. Бояд гуфт, ки шумораи муассисаҳову синфҳои русӣ ва мутаносибан шумораи хонандагон дар онҳо пайваста рушд карда истодааст. Ин ҳолат аз мо тақозо мекунад, ки аввалан мақом (статус)-и ин гуна муассисаҳои таълимӣ дар низоми таҳсилоти миллӣ дақиқ муайян карда шавад, сониян, мазмуни таҳсилот ва мундариҷаву матнҳои китобҳои дарсии ин муассисаҳо бо дар назардошти он ки ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистонанд, мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода шавад.
Бояд таъкид кард, ки сухан дар бораи мухолифат ба фаъолияти муассисаҳои таълимии русӣ намеравад, балки нигаронии мо аз муҳтаво ва мазмуни таълими ин муассисаҳо бо дар назардошти арзишҳои миллист.
Яке аз масъалаҳои муҳимми дигар танзими истилоҳоти фаннӣ аз ҳамаи фанҳои таълимист. То имрӯз дар истифодаи истилоҳоти соҳавӣ дар китобҳои дарсӣ дугонагию дарҳамбарҳамӣ ба мушоҳида мерасад. Ба гуфтаи устод, ин ҳолат моро вазифадор мекунад, ки фаъолтар бошем ва ҳар як гурӯҳи ҳамоҳангсоз дар самти худаш ин корро дар ҳамкорӣ бо мутахассисони соҳаи забон ва Кумитаи забон ва истиллоҳот ба анҷом расонад, — гуфт Азим Байзоев. Устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, доктори илмҳои кимиё, муаллифи китоби дарсии “Химия” Сироҷиддин Бандаев дар мавриди раванди таҳсилот ва нақши китоби дарсӣ дар он чанд сухан гуфта зикр кард, ки омӯзгор бо воситаи китоби дарсӣ ба бачаҳо таълиму тарбия медиҳад. “Тафаккури мантиқии бача аз «Алифбо» ибтидо мегирад, хурдтарин расм тафаккури мантиқию фикрронии бачаро инкишоф медиҳад. Аз ин рӯ, китоби дарсӣ навиштан кори саҳл нест”, – гуфт устод.
ИДЕОЛОГИЯИ МИЛЛИРО АЗ КУҶО МУАЙЯН МЕКУНАНД?
Ин савол аз ҷониби Раҳимзода Маҳмад Забир – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори ДМТ садо дод ва дар зимн посухи равшан ҳам ироа гардид: “Меҳвари асосӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Китоби дарсӣ бояд дар бораи ҳуқуқҳои конститутсионӣ навишта шавад. Пурсида мешавад, ки таърихро бе дунявият нависем ё бо дунявият? Аз дин даст кашида наметавонем, чунки қонун дин не, фаъолияти иттиҳодияи диниро маҳкум мекунад. Фикр мекунам, дар бораи давлати Сомониён навишта, ҳуқуқи он давлатро сарфи назар кардан маънӣ надорад. Проблемаи дигар тарбия аст. Мо қонуни махсус дар ин самт қабул кардем. Иҷрои он аз хона маншаъ мегирад. Вақте мо дар бораи ватандӯстӣ гап мезанему бача дар хона ҳарфи дигарро мешунавад, ҳисси ватандӯстӣ аз ӯ гум мешавад.”
М.Раҳимзода заҳматҳои зиёди Вазорати маориф ва илмро дар ин муддат эътироф намуд ва таъкид кард, ки яке аз масъалаҳои вобаста ба мавзуи мавриди назар ҷалби ҷавонон ба муаллифст.
Ба ҳамагон маълум аст, ки яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани сифати таҳсилот фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсили толибилмон ба ҳисоб меравад. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ба вуҷуд овардани шароити мусоид тадбирҳои зиёдеро амалӣ карда истодааст. Ба гуфтаи Фарҳод Истамов, роҳбари гурӯҳи экспертизаи касбии китобҳои дарсии фанни физика, китоб воситаи асоситарини андӯхтани дониш мебошад. Аз нигоҳи ӯ, бештари китобҳои дарсӣ аз фанни физика бо забони тоҷикӣ ва ҳадди ақал тарҷумаи китобҳои дарсии физика аз муаллифони хориҷӣ ва бо сифати баланд дастраси хонандагон гардондани он самараи хуб ба бор меорад. Зикр шуд, ки сатҳу сифати дониши хонандагон паст гуфта, маълумоти китобҳои дарсиро сода кардан шарт нест. Дар китоби дарсӣ мисолу масъалаҳо бояд ифодагари шароиту муҳити кишварамон бошанд.
Китоби дарсӣ набояд нусхабардорӣ ва тарҷумаи китобҳои дарсии давлатҳои дигар бошад”.
ЧАНД СУХАН ДАР ХОТИМА
Соли 2021 дар рӯзномаи «Минбари халқ» (№45, 10 ноябр) мо атрофи мушкилоти таълифи китоби дарсӣ мақолае навишта будем: «Китоби дарсӣ: мушкил чӣ ё кист?” (Чанд сухан перомуни масоили таълифи китоби дарсӣ ва роҳҳои ислоҳи камбудиву норасоиҳо). Дар он аз ҷумла, ин таъкиди устод Сайидамир Аминовро оварда будем: «Ҳар шахсе, ки муаллифи китоб шуданӣ бошад, қабл аз ҳама, стандарту барномаи фанро хуб омӯхта, мазмуни таҳсилотро бояд пурра фаро бигирад. Сипас, адабиёти психологию дидактикии фаровонеро бояд мутолиа намояд ва усули таълимро донад. Дар акси он китоби навиштааш ба дарди хонандаву ҷомеа даво намешавад. Танҳо назарияи забонро донистан ҳанӯз маънои онро надорад, ки ин ё он олим ба таълифи китоби дарсии мактабӣ қодир аст».
Бар илова, бояд муаллифи имрӯз, новобаста ба он ки ба таълифи кадом китоб сару кор дорад, дар ёд гирад: маҳз дар заминаи идеологияи миллӣ навиштани китоб вазифаи аслии ӯст. Дар ин сурат мо метавонем, насли худогоҳу ватандӯстро ба камол расонем, наслеро, ки дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, сиёсати давлат устувор ва нисбат ба хиёнати Ватан оштинопазир бошад, насле, ки донишҳои ба дастовардаашро ба манфиати давлату миллат ва инсон равона карда тавонад. Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Саъдӣ Маҳдӣ бар ин назар аст, ки ҳар чи зудтар ҷавонони боистеъдодро ба муаллифӣ ҷалб кардан лозим. Ба гуфтаи ӯ, ҳар чизе, ки дар китоби дарсӣ ҷо карда мешавад, бояд ҳисси ватандӯстии хонандаро таҳрик бахшад. С.Маҳдӣ ба ёд овард, ки дар даврони мактабхонӣ шеъри Ашӯр Сафар чӣ тавр ба ӯ таъсир расонда буд:
Як санги Ватан ба кӯзаи зар надиҳам,
Гарди рухи ӯ ба фунту доллар надиҳам,
Як қатраи оби он ба Кавсар надиҳам,
Зеро ки Ватан азиз аз ҷони ман аст.
Саъдӣ Маҳдӣ аз иқдоми Вазорати маориф ва илм дар боби милликунонии идеологияи мундариҷаи китобҳои дарсӣ истиқбол намуда, зикр кард, ки ҳамаи китобҳои дарсӣ, махсусан, таъриху адабиёт бояд дар ҳамин асос таълиф ёбанд.
Ҳақ бар ҷониби профессор Саймумин Ятимов аст, ки менависад: «Се ҷузъиёт – қонун (1) – барнома (2) – китоби дарсӣ (3) танзимгари муҳимми фаъолияти мактаби миллӣ мебошанд… Китоби дарсӣ офарандаи инсон аст».
Саида НАБИЗОДА,
муаллифи китоби дарсии
“Забони тоҷикӣ” барои синфи 5,
сармуҳаррири маҷаллаи
“Маорифи Тоҷикистон”,
Фаридун РАҲМОНЗОДА,
котиби масъули
Шурои миллии таҳсилоти
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон