Аминҷон Шукӯҳӣ дар умри кӯтоҳи хеш (ҳамагӣ 56 сол умр дидааст, солҳои 1923 — 1979) тавонист бо асарҳои назмиву насрӣ ва драмавияш номи хешро дар саҳифаҳои таърихи адабиёти муосири тоҷик ба таври ҷовидонӣ сабт намояд.
Нахустин маҷмуаи ашъораш бо номи «Суруди чашмасор» чоп ин аз ҳисси баланди иҷтимоӣ ва лирикии шоир хабар дод. Хусусияти хоси шеърҳои Шукӯҳӣ дар равонию бо забони сода гуфта шудани онҳост. Агар мо ба маҷмуаҳои «Ватани сулҳ», «Рӯзҳои мо» таваҷҷуҳ намоем, ин махсусиятҳоро мушоҳида хоҳем кард.
Соли 1955 силсилаи ашъори «Муҳаббат ва оила» чоп шуд, ки мавзуи он ишқу муҳаббат ва садоқату вафодорӣ мебошад. Шеърҳои ин маҷмуа таъкид мекунанд, ки ишқу муҳаббат, дӯст доштани ҳамдигар, падару модар, атрофиён, дӯстону пайвандон зиндагиро зебу фараҳи тоза мебахшад.
Маҷмуаи «Садои дил», ки соли 1956 чоп шуд, як навъ идомаи мавзуи фавқ буда, боз ҳам бо офаридани образҳои нав бо истифодаи тахайюл ва ҳунари нигорандагӣ дар ҳаёти шоду хуррами ҳамдиёронаш нақш гузошт. Вай ҳамчун шоири ватандӯст ҳар як қатра об ва ҳар як зарра гарди хоки Ватанро васф карда, сабаби шеър гуфтанашро низ дар ҳамин маҳбубияти доштааш нисбат ба Ватан донистааст:
Маро меҳри Ватан илҳом бахшид,
Вагарна ман куҷову шеър гуфтан.
Аминҷон Шукӯҳӣ дар таърихи адабиёти муосири тоҷик ҳамчун шоири лирик шинохта шудааст.
Ин шоири шӯридадил дар нимаи аввали солҳои 60-уми асри гузашта маҳорати хешро дар офаридани асарҳои насрӣ низ санҷидааст, ки маҳсули он ҳикояи «Шаҳло» — ст. Ин ҳикоя дар ҳамкорӣ бо адиб ва рӯзноманигори шинохташуда Аскар Ҳилолиён таълиф гардида, хонандагони зиёде пайдо кард. Ин буд, ки муаллифон онро бо илова кардани чанд қисмати дигар ба повест табдил доданду номаш «Шаҳло ва Шифо» шуд. А. Шукӯҳӣ минбаъд низ ҳамкориро бо Аскар Ҳилолиён идома дода, повести «Имзои шахсӣ» — ро эҷод намуд, ки дар бораи ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев нақл мекунад. Баъдтар боз ҳам оид ба ин мавзуъ романи «Печутоби роҳҳо» ба майдони адабиёт омад.
Ҳунари шоирӣ ва нависандагии А. Шукӯҳӣ аз назари сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ низ пинҳон намонд. Вай дар мактубаш ба адиби ҷавон Пӯлод Толис навишта буд: «… аммо шумо, Шукӯҳӣ ва Фарҳат дигаред». Нақди адабӣ ҳунари нигорандагии Аминҷон Шукӯҳиро саривақт таҳлилу баррасӣ кардааст. Аз ҷумла, шоир ва мунаққиди тоҷик Аскар Ҳаким дар мақолаи «Аз хаёл то висол» чунин менигорад: «Дар шеъри ӯ ҷаҳони ҳастӣ ҳамеша дар баробари ҷаҳони руҳии ошиқона вуҷуд дорад, бинобар ин, ҷаҳони шахсияти ғиноии ошиқ ҳодисаву воқеа, азобу изтироб, шодиву хурсандӣ, хуллас, зуҳуроти мухталифи ҷаҳони берунаро низ фаро мегирад…»
Воқеан, шояд ҳамин сабаб бошад, ки ба ашъори А. Шукӯҳӣ қисми зиёди ҳунармандон таваҷҷуҳ зоҳир карда, ба беш аз 100 шеъри ӯ оҳанг баставу сароидаанд.
Бояд гуфт, ки як қисми асарҳои А. Шукӯҳӣ ба ҳаёти бачагону наврасон бахшида шудааст. Маҷмуаи ашъори «Ил – 18 омад», «Баррачаи гурезпо», повестҳои «Об аз куҷо меояд?», «Асад ва Самад» бачаҳоро бо ҳодисаву воқеаҳои рангини зиндагӣ ва шахсони гуногунхислат шиносондааст.
Мардуми тоҷик хидматҳои босазои ин адиби номварро ҳамеша ёд мекунанд ва номи ӯро бо эҳтиром ба забон меоранд.
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»