Адиби маъруфи тоҷик, устод Сотим Улуғзода аз ҳаждаҳсолагӣ ба тарҷумонӣ машғул шудааст. Дар ҳамкорӣ бо донишҷӯи факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тошканд қиссаи «Сом ва Дик» — и А. Алексеевро аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст, ки бо дастгирии устод Садриддин Айнӣ чоп шудааст. Минбаъд асарҳои Э. Л. Войнич «Занбӯр» («Ғурмагас», с. 1931), А. Белосерковский «Ҳаёт даъват мекунад» (с. 1935), Н. Погодин «Одами милтиқдор» (с. 1949), Н. Островский «Гунаҳгорони бегуноҳ» (1945), «Модар»-и А. Горкий (с. 1953) — ро тарҷума кардааст.
Паҳлуи дигари фаъолияти эҷодии мавсуф ҳамчун нависанда дар таълифи асарҳои бадеии дорои характери таърихӣ зоҳир мегардад. Устод Сотим Улуғзода осори адибони классики адабиёти форсу тоҷикро хуб омӯхта, чанд асар таълиф намудааст, ки ба зиндагиномаи онҳо рабт доранд. Метавон гуфт, киноповести «Қисмати шоир» ва драмаи «Рӯдакӣ» қуллаи баланди эҷодии адиб дар ин ҷодаанд.
Минбаъд нависанда доир ба инъикоси фаъолияти эҷодии як зумра шахсиятҳои фарҳангиву таърихӣ ва адабии тоҷик таваҷҷуҳ намуда, дар ҷодаи нависандагӣ ба комёбиҳои бештар мушарраф гардид. Омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти Абуалӣ ибни Сино ва Аҳмади Дониш барои офаридани филмномаҳои «Ҷавонии ибни Сино» ва «Алломаи Адҳам ва дигарон» мусоидат намуд. Театрҳои тоҷик низ ба осори устод рӯ оварда, намоишномаҳои ӯро чун «Шодмон» (с. 1939), «Калтакдорони сурх» (с. 1940), «Дар оташ» (с. 1944), «Ҷӯяндагон» (с. 1951), «Гавҳари шабчароғ» (с. 1969), «Темурмалик» (с. 1968), «Восеъ» (с. 1971) — ро саҳнавӣ гардонданд, ки мухлисони зиёде пайдо намуданд. Дар ин гуна намоишномаҳои таърихӣ адиб симои шахсиятҳои таърихӣ, аз ҷумла, Рӯдакӣ, Ибни Сино, Темурмалик, Аҳмади Дониш, Восеъ ва дигаронро воқеъбинона ба қалам додааст.
Бояд гуфт, ки фаъолияти адабии С. Улуғзода аз солҳои баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз меёбад. Нахустин очерку ҳикояҳои ӯ дар солҳои ҷанг бо номи «Атака» (с. 1944), «Бибӣ» (с. 1946), «Саёҳати Бухоро бо ҳамроҳии Айнӣ» (с. 1950) ва ғайра ба табъ расидаанд. Минбаъд таълифи романи «Навобод», (1953), қиссаи тарҷумаиҳолии «Субҳи ҷавонии мо» (с. 1954), романи «Восеъ» (с. 1967), қиссаи «Ривояти суғдӣ» (с. 1975) ва таҳияи «Достонҳои «Шоҳнома» — и Абулқосим Фирдавсӣ дар шакли наср шуҳратафзои адиб гардиданд.
Романи устод Сотим Улуғзода «Фирдавсӣ» соли 1997 ба сифати «Романи сол»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон пазируфта шуда, нависанда ба баҳои чил сиккаи тилло қадрдонӣ карда шуд.
Адиби хушқалам барои хидматҳояш дар адабиёти тоҷик бо унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сарфароз гардидааст. Вай ҳамчун узви вобастаи АМИТ (аз соли 1951) дар пешрафти илми тоҷик саҳми басазо гузоштааст.
Устоди насри тоҷик Сотим Улуғзода солҳои охири умр зиндагиро дар шаҳри Москва ихтиёр кард. Пас аз вафоташ бо мусоидати Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷасади ӯ ба шаҳри Душанбе интиқол дода шуда, дар маҳаллаи Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супорида шуд. Воқеан, Сарвари мамлакат дар хусуси шахсият ва эҷодиёти ин адиби маъруф хеле муносиб фармудаанд: «Дар тамоми марҳилаҳои таърихии фарҳанг ва адабиёти ҷаҳон инсонҳои бузург зуҳур кардаанд, ки ба эҷодиёти серпаҳлу ва нотакрори хеш сарвати маънавии халқро ғанӣ сохта, дар подоши фидокорӣ ва талошу навҷӯиҳояшон умри ҷовидона ёфтаанд. Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Сотим Улуғзода аз ҷумлаи чунин нависандагони барҷастаи тоҷик дар асри 20 мебошад. Ӯ дар баробари абармардони адабиёт ва фарҳанги тоҷик Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода бо асарҳои бузурги таърихию бадеӣ ва илмии хеш шуҳрати ҷаҳонии адабиёти моро афзудааст».
Инак, аз реҳлати устод Сотим Улуғзода 25 сол сипарӣ гардид. Асарҳои мондагораш ному фаъолияти ӯро дар байни мардум зинда медоранд.
Санавбар МАВЛОНОВА,
омӯзгори гимназияи №2,
шаҳри Бӯстон
