СИТОИШГАРИ КОРНОМАИ ҲАМЗАМОНОН

Розия Озод яке аз шоираҳои адабиёти тоҷик дар нимаи якуми асри ХХ шинохта шудаасту дар шаклгирии шеъри муосир ҷойгоҳи хоса дорад.
Шоир Муҳаммадҷон Раҳимӣ эҷодиёти Розия Озодро омӯхта, андешаашро ин тавр баён кардааст: «Аз солҳои 1937-38 Розия Озод ба навиштани шеър шуғл варзидааст, хусусан, дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ чун шоираи сермаҳсул ба арсаи адабиёти бадеӣ намоён шуд. Дар ҳамин давра ва сониян, дар давраи барқароркунии мамлакат ва бинокориҳо дар ИҶШС номи ин шоира машҳур гардид».
«Дар такя ба ин гуфтаҳо шеърҳои шоира Розия Озодро метавон ба ду қисмат дастабандӣ кард, -қайд намудааст номзади илмҳои филологӣ Кимёхон Атоева. — Қисми якум шеърҳои давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки зиёда аз 30 адад аст ва қисми дуюм замони барқароркунӣ ва созандагию бунёдкории баъдиҷангӣ, ки қариб 20 адад шеър ба он ворид мешавад. Аксар шеърҳои шоира тасвирӣ буда, модарони чашминтизор, видои ошиқон, вафодории зану духтари тоҷик, қаҳрамонӣ ва корномаи ҷабҳаи ақибгоҳ ва корзори қаҳрамонони арсаи ҷанг Исмоил Ҳамзаалиев, Ҳодӣ Кенҷаев ва Ойгул Муҳаммадҷонова дар меҳвари ин шеърҳо қарор доранд. Розия Озод октябри соли 1943 бо як ифтихор шеъри «Писари Тоҷикистон Ҳамзаалиев»-ро навишта бошад, моҳи ноябр шеъри «Ба Ҳодӣ Кенҷаев»-ро навиштааст. Дар сарсухани китоби «Гулчини ашъор» оварда шудааст: «Б.Ғафуров ба модараш рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх»-ро аз 14 ноябри соли 1943, ки дар он дар бораи шуҷоати ҷангии Қаҳрамони Иттифоқи Шуравӣ Ҳодӣ Кенҷаев нақл карда мешуд, оварда месупорад ва илова мекунад, ки модарҷон, илҳоматон, ки ояд, як шеъре ба ин шермарди майдон ҳам нависед».
Ҳамон бегоҳ шеър рӯи коғаз меояд.
Дар дигар шеърҳои давраи ҷангӣ бештар садоқат, интизорӣ ва корномаи аҳли ақибгоҳ тараннум гардидааст. Хосатан шеърҳои «Видоъ», «Хайр, модарҷон!», «Меравам», «Фарзанди азиз», «Салом» талқингари меҳру муҳаббат ба Ватан ва ба обу ҳар ваҷаб хоки муқаддаси он аст.
Шеъри «Хушбахт ҳастам» соли 1945 навишта шудааст ва хеле самимию пурмуҳаббат мебошад.
Дар хотимаи шеър шоира Розия Озод аз забони ёри чашминтизор мегӯяд:
Кунун хушбахт ҳастам,
омадӣ ту аз фронт имрӯз,
Ки ҳар ду боз ҳамсуҳбат
нишастему хушу хандон.
Муборак бошадат орден,
муборак бошадат шуҳрат,
Муборак бошадат фатҳу
зафар, эй фотеҳи майдон.
Ӯ дар назми худ ҳама чизи наву замонавӣ, чизи зебо, хурсандиву сурур, шӯру исён, дарду ғам, дуову сано, нигоҳи интизор, дидори ёр, хайрбод, хислатҳои мардумиро бо шеваи хоси широна сурудааст. Устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Аҳмадҷон Давронов дар рӯзномаи «Тирози ҷаҳон» (22.01.2023, №7) навиштааст: «Ашъори шоира ду сарчашма дорад: яке адабиёти бойи классикӣ ва дигаре фолклори сарватманди халқи тоҷик. Инро ба мо дар шеърҳои шоира истифода гардидани калима ва ибораҳои забони классикӣ ва фразеологияи забони тоҷикӣ собит менамояд».
Дар ҳақиқат, шоира Розия Озод ибораҳои халқӣ, зарбулмасалу мақолҳо ва фразеологияи забони тоҷикиро устодона дар шеърҳояш кор фармудааст. Масалан, дар шеърҳои «Пахтаи тилло зарур аст»:
Зар бигирад зи хоку кӯҳу дарахт,
Халқи колхозчӣ кимёгар шуд.
Қобили тазаккур аст, ки дар аксари шеърҳои шоира Розия Озод санадҳои аниқу дақиқ зикр ёфтаанд, ки барои муайян намудани воқеаҳои таърихӣ, ҷашну маросим, сохтмонҳои бузурги аср кумак мерасонанд.
Номзади илмҳои филологӣ Кимёхон Атоева гуфтааст, ки паҳлуҳои эҷодиёти шоира Розия Озодро дар як мақола баррасӣ намудан хеле душвор аст. Шеърҳои бачагонаи шоира омӯзиши алоҳидаро тақозо менамоянд, зеро шоира ба олами рангини кӯдакон ворид шуда, орзую хоҳишҳои бачагонро ба риштаи назм кашидааст. Розия Озод дар саргаҳи адабиёти Шуравӣ фаъолият доштааст ва аз аввалин шоираҳои адабиёти муосир шинохта шудааст.

Ҷумъабой ҚУРБОНМУҲАММАД,
узви ИЖТ,
ноҳияи Деваштич