Барои ноил шудан ба рӯзгори босаодати мардум ва иҷрои нақшаҳои муҳимми пешрафти кишвари маҳбубамон ҳамаи мо, яъне хурду бузурги Тоҷикистон вазифадорем, ки дастоварди бузурги таърихии халқамон истиқлол, озодӣ ва ваҳдати миллиро гиромӣ дорем, онҳоро ҳифз намоем, ояндабину дурандеш бошем ва Ватани муқаддасамонро ба мисли модари азизи худ дӯст дорем.
Эмомалӣ РАҲМОН
Дар ҳақиқат, истиқлолу озодӣ ва ваҳдату ягонагии миллӣ асоси шукуфоии Ватан аст. Дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он рӯз то рушд мекунад, аз ҷиҳати сиёсӣ ва фарҳангӣ пеш меравад. Ваҳдат беҳтарин неъмат дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон овозадор гаштааст. Барои миллати мо Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ ҳамасола дар саросари кишвар хеле бошукӯҳу ботантана таҷлил мегарданд. Мардуми шарафманди Тоҷикистон равшан дарк намуданд, ки танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва тавассути заҳмати ватандӯстона метавон давлати тозаистиқлоли хешро ба мамлакати ободу тараққикарда мубаддал гардонид. Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон заминаи воқеӣ гузошт. Имрӯз ҳамагон бар он назарем, ки тамоми дастовардҳои миллию фарҳангӣ ва иқтисодию сиёсӣ бо тантанаи ваҳдати миллӣ иртиботи ногусастанӣ доранд. Бинобар ин, ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдорӣ намоем. Танҳо дар сурати пойдории ваҳдати миллӣ душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт ворид мешавад. Ба ақидаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».
Бале, дарахти Ваҳдат меваҳои ширине дорад, ки мо аз он баҳра мебарем.
Ҳақиқатан, ваҳдати миллии мо ҷовидона аст. Моро зарур аст, ки ваҳдати миллиро таҳкиму тақвият бахшида, онро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем. Ин ҳадафи олӣ ва мақсади наҷиби ҳар як сокини кишвар бояд бошад. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ ва ваҳдату сулҳ падидор гашт.
Мавҷудахон АХУНОВА,
Мадинахон САТТОРОВА,
омӯзгорони коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон, вилояти Суғд