ОЁ МАФКУРАИ ДИНӢ ИДЕОЛОГИЯИ МИЛЛӢ ШУДА МЕТАВОНАД?

Ниёгони мо яке аз куҳантарин тамаддунҳои ҷаҳониро офаридаанд, ки бар пойдевори “Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек” устувор буд. Онҳо дар ҷараёни тӯлонии ташаккулёбӣ, низоми мукаммали давлатдорию идоракунӣ, санъати асили меъморию шаҳрсозӣ, тарзи мутамаддину оқилонаи муносибати байни миллатҳо, эҳтироми озодии мазҳабҳову оинҳои мухталифи динӣ ва ҷараёну мактабҳои гуногуни илмию фалсафиро ба мерос гузоштаанд. Оё мо вазифадор нестем, ки ин тамаддуни оламшумул ва мероси арзиши аҳонидоштаро ҳаматарафа омӯзем, натиҷа гирем ва барои имрӯзу ояндаамон ҳамчун падидаи нодири фарҳангӣ, дастури ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва тафаккури солим истифода кунем?
Эмомалӣ Раҳмон-“Тоҷикон дар оинаи таърих”, китоби сеюм -2006 саҳ.24-25.
Симурғи бахт ё бози давлат бар сари ҳар касе нашинад, вале ориётоҷиконро чандин бор ин фархундарӯзӣ насиб гардидааст. Боли Ҳумойи Истиқлол, ки орзуи ҷовидонаи Спитамен, Бурондухт, Абумуслими Хуросонӣ, Яқуб ва Амруи Лайси Сафффор, Яҳё ва Холиди Бармакӣ, Сумбоди Муғ, Деваштич, Муқаннаъ, Мунтасири Сомонӣ, Маҳмуди Торобӣ, Темурмалик, Восеъ ва садҳо шарзашери ориёӣ буд, имрӯз зиёда аз сӣ сол аст, дар парвоз асту озодӣ. Ин бахти ҳуҷастаро бояд гиромӣ бидорем, ҳифз намоем ва то ба ҳазорсолаҳо бирасонем. Зеро ба даст овардани Истиқлол як тарафи масъала бошад, ҳифзу нигоҳдошти он ҷониби муҳимтарини он аст. Идоранамудани мошинаи давлат ба мафкура, идеологияи давлатсолорону аҳли зиё, маърифати ҷомеа, бахусус, ҷаҳонбинии дунявӣ, тафаккури илмӣ-технологии ҷавонон вобаста аст. Сари ин нуктаи нозук муруре менамоем ба андешаи аҳли сиёсату раёсат. “Дар мамлакат шароити воқеӣ барои рушди маорифи миллӣ, асосан, омода шудааст. Аммо омили инсонӣ, масъулияти мудирият дар соҳаи мафкурасозӣ ҷавобгӯи талаботи замон нест. Натиҷаҳои фоҷеабори адами тафаккури миллӣ дар ҷаҳонбинии теъдоди ҳангуфти ҷавонон, пайвастани онҳо ба созмонҳои ифротиву зиддимиллӣ камбуди ниҳоят ҷиддӣ дар муносибатҳои ҷамъиятии ҷомеаи тоҷик- оила, мактаб, донишгоҳ, корхонаҳо ва муҳит зуҳур меёбад”. (С.Ятимов. Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад. “Илм ва ҷомеа”, №1. (31), 2023). Пас, зарур аст, аҳли сиёсату раёсат, равшанфикрону зиёиён, сабаб ва омилҳои ин заъф ва холигоҳи хатарзо дар мафкурасозии миллиро ба риштаи таҳқиқ бикашанд, таҳлил намоянд, аз ганҷурхонаи хотироти миллат ғояи миллӣ бо орзую ормонҳои миллиро бурун оранд, ба гӯшу ҳуши наслҳои ҷавон бирезанд ва ҷомеаро огоҳу ҳушёр, зираку чашмикордон бисозанд, то арзишҳои фарҳангию ахлоқӣ, адабию ҳунарии ниёгонро шиносанд, ҳифзу соҳибӣ намоянд. Имрӯз, дар даврони ҷаҳонишавӣ хатар даҳчанд аст, зеро манбаҳои ғаразноки маълумот ва иттиллоърасонии бемаҳдуд дар мафкурасозӣ пешдастанду пуштибон ва хоҷагони пасипардагие доранд, ки аз ҳассосияти динию мазҳабии мардум сӯистифода карда, барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ҷавононро мағзшӯӣ менамоянд.
Омӯзиш, таҳқиқ, таҳлил ва баҳои илмӣ додан ба таърихи ташаккули муносибатҳои ҷамъиятӣ, мақоми мафкура ва ғояи сиёсӣ дар пайдоиш, ташаккул, шаклгирии давлат, сохтори он, омилҳои такондиҳанда, ё боздорандаи ин ҷараён, дар тӯли таърихи мавҷудияти инсоният масъалаи меҳварӣ буду ҳаст. Сиёсатшиносону файласуфон, ҷомеашиносону арбобони сиёсиву давлатӣ сари масъалаи усулҳои идоракунии шохаҳои ҳокимияти давлатӣ андешаҳои гуногун пешниҳод намудаанд, ки қисме аз он дар замонҳои гузашта ва қисме имрӯз дар идоракунии давлат роиҷанд. Дар ин матлаб барои шинохти моҳияти масъала зарур шуморидем, ба таърихи пайдоишу густариш, доираи нуфузу паҳншавӣ ва нуктаҳои ниҳонии мафкураҳо, ғояҳои ҳадафмандонаи динҳои ҷаҳон пажуҳише анҷом диҳем ва хулосаи мантиқӣ ироа созем. Давлат чун падидаи сиёсӣ вақте шакл гирифт, ки нобаробарии иҷтимоӣ дар ҷомеа ба миён омад ва низоми ғуломдорӣ зуҳур намуд. Тасаввур ва тафаккури динҳои ибтидоӣ бо расму русуми қабилавӣ барои ҳукмронии ғуломдорон хидмат намуда, шакл гирифт ва оҳиста-оҳиста чун асоси шаръӣ ҳукми қонунӣ ёфт. Ҳокимон барои тақвияти мақому ҷойгоҳ ва пардапӯш намудани зулму ситами худ оммаи мазлумро бо фатвои динӣ ба сабру таҳаммул ва ваъдаи биҳишти ҷовидона саргаранг, мутеъ ва итоаткор месохтанд. Ин усули истифода аз дин барои фиръавнҳои Мисри қадим, шаҳаншоҳони Бобулистону Эрони бостон, Чину Ҳинди қадим ва Юнону Рим, инчунин, давлату кишварҳои пасин расмӣ буд. Фиръавнҳои мисрӣ (баъди тобеияти Мисри Суфло ба шоҳи Мисри Улё Менес унвони Пираовт-Фиръавн фармонравои тамоми Миср роиҷ гашт.) (А.З.) азамати динии худро то ба дараҷаи қудрати одамхудоӣ расонида, занҷири пои ғуломонро вазнинтару мустаҳкамтар намуда буданд. Барои сохтмони аҳрому дахмаҳои фиръавнҳо ҳазорон-ҳазор ғулом бераҳмона истисмор мегашту ба қурбонӣ дода мешуд. Надоштани ғояи (идеология) ягонаи миллӣ ва танҳо пойбанди таълимоти динию мазҳабӣ будани мисриён он миллату он тамаддуни оламшумулро ба осорхонаи таърих фиристод.
Бо аввалин кӯчиши тамаддунии хеш Ориён, тибқи навиштаи ховаршинос Арнолд Тойнби дар рисолааш “Дарки таърих”, “Ориёиҳо ба забони ҳиндуаврупоӣ ҳарф мезаданд ва ҷойгоҳи паҳншавии ин забонҳоро –Аврупо, Ҳинд ва Эрон нишон медиҳад, ки ориёиҳо ба Ҳинд ва Дашти бузург ба воситаи Ҳиндукуш гузашта, аз соҳилҳои Окс ва Яксарт ба соҳилҳои Ҳинд ва Ганг расидаанд…” ва ба тамаддуни ориёҳиндӣ асос гузоштаанд. (Муҳтарам Ҳотам. Ориётоҷикон: 18000 сол пеш. Душанбе-2004, саҳ. 33). Пас аз ин сарзамини ҳамешабаҳори Ҳинд барои чанд насли ориётоҷикон на танҳо минтақаи амну амонӣ, макони рушду такомули забону фарҳанг, дину оин ва омезиши этникӣ гардидааст, балки чун хонаи дуюми хеш дар давраҳои мусибатбори офоти ҷангу ҳуҷуми аҷнабиён паноҳгоҳи боэътимод шудааст. Таълимоти дину оинҳои ҳиндуия, бахусус, Буддоия бо аҳкомҳои ҷовидонаи Зардуштия ҳамоҳангии зиёд доранд, ки онро метавон дар банду бобҳои осори Ведоӣ (Ригведа, Самаведа, Ячурведа, Атарваведа) ва “Авасто” мушоҳида кард.
…Ҳинди пурасрор, ки бо зиёда аз панҷсад забону халқият, чандин дину оин тӯли таърихи панҷҳазорсолаи хеш чаро ҳамеша зери султаи хориҷиён будаву пора- пора сарзаминҳояшро аз даст додааст? Тибқи таҳлили фалсафию сотсиологӣ ва диншиносии олимони соҳа Буддоия тӯли асрҳо ташаккул ёфта, ба шохаҳои Маҳаяна (Аробаи калон, ё Роҳи васеъ), Хинаяма (Аробаи хурд, ё Роҳи танг), Варджаяна (Алмос, раъду барқ), Ламаизм (Некӣ аз арш) тақсим шуда, берун аз ҳудудҳои Ҳинд, то ба Непал, Бирма, Тибет, Чин, Корея, Япония, Сейлон галаҷазираҳои Ҳиндухитой, Индонезия ва кишварҳои дигари олам паҳн шудааст. Сабабу омилҳои он ихтилофоти ақидатӣ, мазҳабӣ ва парастиши буту санамҳои гуногун аст, ки барои ваҳдат, сулҳу салоҳ, осоиш, ҳамбастагӣ, рушд монеа эҷод месозад. Ҳарчанд баъзе шохаҳои реформатсияшудаи Буддоия чун оини миллӣ барои ҷаҳиши иқтисодии давлатҳои ҳавзаи уқёнуси Ором хидмат намудаанд, аммо то кунун чандин расму таомул, урфу одатҳои хурофотии оинҳои ҳиндуя инсонҳоро бо панҷаи яъсу ноумедӣ, бандагию итоаткорӣ, тарсу ваҳм ва парастиши унсурҳои фетешеистию (сеҳру ҷоду, ёрӣ аз арвоҳу шаман…), пантеистӣ (парасиши набототу ҳайвонот…) нигоҳ медоранд. Ин ҳолат дар Чини қадим низ буддоияро домангир буда, бо таълимоти Даотсизм (Осмони бекарон) омехта гардидааст. Таълимоти Даосизм дар Чини қадим табақабандии иҷтимоиро дар ҷомеа на хости Худо балки аз Даои инсонӣ медонист ва бо таълимоти сабру қаноатпешагӣ расидан ба олами баробарию биҳиштиро ваъда менамуд. Дар ин радиф асоси таълимоти Конфутсиро (Кун Тсю 551-479 то м.) низ аз осмон, аз тақдир вобаста будани ризқу рӯзӣ, шомил будан ба кадом табақаи ҷамъият ташкил медиҳад, ки хоси он мафкура буд. Ҳарчанд таълимоти “жен” (инсонгароӣ) – и Конфутсий бо усули тарбияи ахлоқӣ, меҳнат, эҳтироми одам, муқаддасоти оила ва покии руҳонию ҷисмонӣ асос ёфта буд, аммо дар масъалаи идоракунии давлат табақабандии иҷтимоии ҷомеаро ҷонибдорӣ менамуд. Мафкураи динию ҳикматбори тариқаи Лаотси (тав. 604 то м.), Мотси, Конфутси ва дигар пешвоёни фарҳанги чинӣ дар бархурд бо таълимоти буддоия, махсусан, баъди фоҷеаи сарозер шудани қавму қабилаҳои ваҳшии тибетию муғулӣ тавонист барои нигоҳдошти асолати миллии чиниён сипар гардад. Ин сипари маънавӣ бо шиори “Меҳрубонӣ беҳтар аз қонун аст” (масали чинӣ. А.З.) тавонист натанҳо фарҳанг, забон, ҳувияти миллӣ, марзу буми таърихии Чини куҳанбунёдро нигоҳ дорад, балки дар нуфуз ёфтани таълимоти реформатсияшудаи буддоия чун миссионер дар Корея, Япония, Тайланд, Бирма ва чандин давлати Шарқ хидмат намояд. Ҳикмати чинии “Дар боғчаат биҳишти ормониро бисоз!” ислоҳоти бузургу арзишмандест, дар таълимоти буддоия ва пайравони конфутсигаро, ки инқилоби фарҳангӣ, иқтисодию сотсиалиро ба миён овардааст.
Дар мактабҳои фалсафии Юнони қадим баҳсҳои тезу тунд сари масъалаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, сохтори давлатдорӣ, усулҳои идоракунии он дар авҷ будааст ва дар натиҷа беҳтарин осоре, чун “Қонунгузорӣ”, “Сиёсат”, “Ҷумҳурият”-и Афлотун, “Риторика”, “Сиёсат”-и Арасту ва даҳҳо шоҳасари илмию назариявӣ дар боби сохтори давлату давлатдорӣ ба миён омаданд. Донишмандони мактаби Милет, Киреника, Могр, Элида, навафлотуниён ва чанде дигар сари мавзуи мақому ҷойгоҳи дину оин дар давлатдорӣ ва идорасозии ҷомеа баҳсҳои зидду нақиз намудаанд, ки намунаи холиси он баҳси Суқрот бо ҳаким Эвтифрон аст.
Мафкураи динӣ барои давлатҳои ориёӣ; Пешдодиён, Каёниён, Ашкониён, Кушониён, Ҳахоманишиён, Сосониён дар асоси таълимоти динии Маздаясно ва мазҳабҳои он Митроия, Зарвония, Зардуштия, Монавия, Маздакия шакл гирифта, бар манфиати табақаҳои болоии ҷомеа хидмат мекард. Ҳарчанд тафаккур ва идеологияи муттаҳидсозанда дар оини бештар нуфузёфтаи Зардуштӣ бо воситаи 21наск (қисматҳо)- и “Авасто” бо ҳидояту ҳимояти Аҳуромаздо барои ақвоми зироаткору шаҳрнишини ориёӣ тараннум ва кирдори аҳримании қабилаҳои кӯчманчӣ мазаммат мегардид, аммо бо сабаби пайдо шудани шохаҳои нав ба нави мазҳабӣ пеши роҳи ихтиллофоти қавмии ақвоми ориёиро гирифта натавонист. Ардашери Бобакон, ки дар таърихи Эрони Бостон зиндакунандаи дини беҳӣ лақаб гирифтааст, дар оғози шоҳӣ фармоне содир карда, руҳониёни зардуштиро аз ҷумлаи хосон гардонид ва аз имтиёзҳои давлатӣ бархурдор сохту аз супоридани молиёт озод намуд. Лекин масъалаи қонуният (ҳукму қазоват)- ро бар дӯши ғайри руҳониён, шаҳрдовар (қозии шаҳр), родэрон (қозии Эрон), сипаҳдовар (қозии аскар) вогузор намуда буд, ки заминаи муҳимтарин дар роҳандозии адолати иҷтимоӣ буд. (Абдуллоҳи Розӣ — “Таърихи муфассали Эрон”, саҳ.144.). Ҷойгоҳи аҳкоми ростманишӣ аз “Пандномаи Озарбод”, “Минухирад”, “Нигарбот” ва яшту готҳои “Авасто”, инчунин, дигар пораҳову қисматҳои таълимоти Зардуштия, дар мафкурасозии Ориёӣ барои давлатмардони империяи Ҳахоманишиён, Ашкониён, Кушониён, Сосониён хидмат намуда бошад ҳам, дар натиҷаи ба ифрот расидани расму русуми нав ба нав роиҷсози мубадону муғон ва то ба дасти коҳинон (соҳирон) расидани баъзе таомулҳои динӣ, нифоқу ҷудоӣ, норозигӣ, ҳолати марказгурезии ақлҳои солимро ба миён овард. Таълимоти парҳезкоронаи оини Монӣ сабаби зуҳду тақво, гӯшанишинию тарки ҳаёти дунявӣ намудани иддае аз афроди ҷомеа шуда бошад, пешниҳоди баробарии иҷтимоии мазҳаби Маздак ҳолати хуруҷи нафс, фасоди ахлоқӣ, вайронӣ ва низоъ дар ҷомеаи сернуфузу гуногунақвоми Сосониён гардида, пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавии он империяи доманфарохро ба шикаст овард. Ин дардноктарин шикаст ва ҷонсӯзтарин фоҷеа буд, ориёнро, ки ин холигоҳи мафкуравиро боз мафкураи дину оини бегонае, ки дар зинаи тафаккури ибтидоии ҷомеаи инсонӣ, ҷоҳилият, қарор дошт, ғасб намуд ва то имрӯз дар он ҷавлон дорад.
Дини насрония (асри I-м. Фаластин) аз давраи пайдоиш то паҳншавию ба шохаҳо тақсим шудан, аз мафкураи як қавму қабилаи тозинажоди яҳуд берун рафта, барои ҳукмронии чандин давлату империя хидмат намудааст, албатта, бар манфиати ашрофону табақаҳои ҳоким. Азбаски маҷрои паҳншавии масеҳият ба сӯи Аврупо бештар буд, вобаста ба табиату дониш ва маърифати мардумони он сарзамин, махсусан, расидан ба решаҳои тамаддуни куҳанбунёди юнонию римӣ, англосаксонию таомулоти скандиновӣ башоратҳои нав ба нав дар “Инҷил” ворид шуданд. (Башорати қаблӣ, Башорати нав). Ҳарчанд таъқиботи сахти колисоӣ (монастирӣ), инкивизатсия, юришҳои салибӣ, чаҳормехсозии осиёни тартибот аз ҷониби жандарми калисо пурзӯртар мегардид, умри давлату империяҳо кӯтоҳтар мешуд, зеро табиати инсонӣ, ки майл сӯи озодӣ дорад, ниҳоят ба танг омада буд.
Дини ислом (таслим, итоат) ибтидои асри VII дар саҳрои Ҳиҷоз- нимҷазираи Араб, ки нав аз домони ҷоҳилият бархоста буд, пайдо шудааст. Он дар байни зиёда аз чаҳорсад қавму қабилаи сомии бадавии (биёбонӣ) қурайшӣ, ҳошимӣ, сомирӣ, ҳуд, од, зубиён, халиф, қалбиён, қайнуқ, яманӣ, ясрибӣ ва садҳои дигар, ки ҳар яке буту санаме, маъбуду Худое дошт, зуҳур кард. Ҳамаи он қавму қабилаҳо бо ҷангу низоъ хуни якдигар мехӯрданд ва барои дастрасӣ ба марказҳои савдо, роҳҳои корвонгузар, сарчашмаҳои обӣ (чоҳҳо) ҳамеша дар рақобат буданд. Қудратталабӣ барои соҳиб шудан ба роҳҳои корвонгард, чашмаи Зам-Зам (хеле хунук) бозори марказию тиҷоратии Каъба (хонаи чаҳоргӯшаи сиёҳ барои ҳифзи санги муаллақ), ки дар он нуфузи қабилаҳои қурайшӣ зиёд буд, оғоз гардид. Барои паёмбар Муҳаммад (с) (570-632), ки аз авлоди қабилаи Бани Ҳошим буд, барои ворид шудан ба ин рақобат ва тарғиби аҳкомҳои дини нав осон набуд, зеро дар Ҳиҷоз (шаҳр, Мадина) ва Каъба ҳошимиён мақоми хосае надоштанд. Хонадоршавӣ дар соли 595 бо Хадичаи сарватманд, ки соҳиби корвону молу коло буд, муамморо ҳал намуд ва сармоя барои тарғиботи аҳкомҳои дини нави монотеистӣ (яккахудоӣ) пайдо гашт. (О.Г.Болшаков “История халифата”. 1том. М-ва 1989. Саҳ.66-67). Мақсад ва ҳадафи муборизаи мафкуравӣ, ғоявии ислом бо тарғиби дини яктопарастӣ, инкори дину оинҳои ибтидоии бадавиёни араб ва дигар халқу миллатҳои олам, муттаҳидсозии қавму қабилаҳои парешони араб буд. “Аз асари зоти муқаддас- паёмбари ислом ва таълимоти ҳамагири вай қабоили араб муттаҳид шуданд ва мутаффиқан ба сурати як миллати густурда ба по хестанд”. (Муҳаммад Иқбол “Фикри сиёсӣ дар ислом” (Зиндаруд) Душанбе 2011. саҳ.155). Табиист, ки ягон қавму қабилае намехост аз маъбуду Худои хеш ба осонӣ даст кашад, ин ҷо усули бо зӯри шамшеру ханҷар, қатлу куштор ба итоат овардан ҳукми қонунӣ ёфта буд. Пас барои мусулмон сохтан ва ба итоат овардан дастур, фатво ва ҳатто ояту сураҳо аз номи Худои бани қурайш Ҳубал, ё Аллоҳ (номи бути бузург дар хонаи каъба, ки баъдан номи Худои мусулмонон шуд) офарида шуд. Чунончи, “Пас шумо накуштаед, онҳоро, валек Аллоҳ куштааст эшонро ва ту наяфкандӣ (сӯи душман, найза, тир, реги сӯзонро) вақте ки афкандӣ, валекин Аллоҳ афканд, то ато кунад муъминонро аз наздики хеш атое некӯ”. (сураи 8, “ал -Анфол” (ғанимат) Қуръон. Давраҳои аввали пайдоиш, паҳншави ислом ва давраҳои хилофату баъди он низ хунину фоҷеабор аст, зеро ғорату куштор чун ҷиҳоду ғазо қабул шудаву аслиҳаи зимомдорон шинохта шуда буд. Агар аз рӯи баҳои имрӯзаи ҷомеашиносӣ қазоват намоем, ҳамаи ҷаҳор халифаи аввал Абубакр (632-634), Умар (634-644), Усмон (644-656), Алӣ (656-661) ва пайравону фарзандони онҳо дар пайи террор қатл шудаанд. Пайдоиши ду ҷараёни бо ҳам душмани шиаву суннӣ ҳам аз натиҷаи ин террорҳо оғоз ёфтааст. Сипас силсилаи террору куштори халифаву пешвоёни дин аз ҷониби тарафдорони ин ё он шоха, мазҳаб, равия ҳангоми паҳн намудани ислом дар Бобулистон, Ошӯристон, Миср, Ҳабашистон, Эронзамин, Вароруду Хуросон ба авҷи худ расида буд. Сураи ҳаштуми Қуръон “ал -Анфол” (ғанимат) “… ҷанг кунед бо онон, ки имон намеоранд ба Аллоҳ… аз аҳли китоб, то он ки бидиҳанд ҷизяро аз дасти худ хоршудагон” дасти ҷаллодони Муовия (халифаи умавӣ), Қутайба, Асад, Марвон (сарлашкарони араб) ва садҳои дигарро бо фатвои ҷиҳоду ғазо ва ғанимати Худоӣ тамоман дароз намуда буд. Ҳамчун лашкари ҷаррор ва шамшери Аллоҳ истифода шудани бадавиёни ҳабаш, туркони кучманчӣ ҷинояти террору ғорат, куштору вайрониро чун ғазову ҷиҳод дар роҳи Худо кори савоб ва аъмоли шаръӣ гардонид. Ҳарчанд аз нигоҳи ақли солим ва ҳуқуқу инсону фарҳанги инсонӣ, даҳшат аст, зеро; “Террор барои баробарсозии ҷамъият ягон олоти дигар фикр накард, ба ғайр аз буридани сарҳои бологашта, барои иҷрои меъёрҳои ҷоҳилона муқаррар кардаи худи он” (П. Буаст. (Энциклопедия мудрости. Москва-2008. стр.505.) Таърихи беш аз 1400 солаи ислом нишон дод, идеологияи он барои сохтани як миллати воҳиди арабӣ мушарраф шуд, он ниҳоли афкори пажмурдаи арабиро дар кундаи тагдарахтони серрешаи Бобул, Ошур, Миср, Эрони Бостон, Византия пайванд намуд ва соҳиби хат, забон, дин, китоби осмонӣ, фарҳанг ва марказҳои маъмурӣ гардид. “Фарҳанги исломӣ натиҷаи фикри сомӣ (арабӣ) ва ихтиллоти (омехташавӣ) фикри ориёӣ (эронӣ) мебошад”. (Муҳаммад Иқбол “Ҷомеаи исломӣ” (Зиндаруд). Душанбе-2011, саҳ.154.) Таҷрибаи талхи беҳувиятӣ ва бо мафкураи арабии дини ислом кору эҷод кардан, ҳукумату давлатдорӣ намудан омили асосии дар фурсати кӯтоҳи таърихӣ ба фано рафтани давлатҳои ормонии тоҷикон дар асрҳои миёна гашта, сабаби парокандагӣ, низоъ, дур шудан аз асолати миллӣ, бадбинии мазҳабӣ, маҳалгароӣ, таҳаммулгароӣ, итоаткорӣ, сарафкандагӣ, беҷуръатӣ, ба хурофоту ҷаҳолати кӯчманчиён дармондан, қаландармашрабӣ, дунёбезорӣ, гӯшанишинӣ, меҳмони хондаю нохондаро атои Худо гуфтан, ба тақдир тан додан ва ба ҳазорон иллати ҷонкоҳи равонию ахлоқӣ гирифтор шудани миллат аст. Фоҷеаҳои таърихро дар сарнавишти миллат омӯхтаю таҳлил намуда, дақиқан хулосабарории мантиқӣ менамоем, ки ҳарчанд ислом чун дин дар афкори эътиқодии миллати мо ҷой шудааст, наметавонад тамоми орзуву ормонҳои ориёии моро бароварда созад ва чун идеологияи миллӣ хидмат намояд. Ҳарчанд, ислоҳоте, ки дар фиқҳ -низоми қонунгузории ислом бо ҳафт талаботи шаръӣ дар мазҳаби Ҳанафия (Имоми Аъзами тоҷик) баъди ҳаштод соли беқонунии пайдоиши ислом ворид намуд, тавонист маҷрои исломсозиро аз тундхӯӣ ба каме сабру қаноат, адлу инсоф ва таҳаммулу хирадпешагӣ орад. Лекин, бадбахтона, надоштани идеологияи ягонаи миллӣ ҳамаи давлатҳои бо талошу ҷонсупориҳо ба даст овардаи тоҷикон, баъди истилои араб; Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, Оли Буя, Оли Дайлам, Ғуриён, Сарбадорон… бо сабабҳои нифоқи динӣ, мазҳабӣ, ихтилофоти дохилӣ бо дасисаи пешвоёну бегонапарастони миллат аз саҳифаи таърих барчида шуданд. Ин фоҷеа ҳангоми дар сарзаминҳои Ориёно ҳукумат кардани Қарахониён, Ғазнавиён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён, қабилаҳои муғулу тотор, Аштархониён, Темуриён, Шайбониён, Сафавиён, Манғитиён ва даҳҳои дигар боз мудҳиштару ҷонсӯзтар гашта буд. Чунончӣ, омадани урдуи ваҳшии Чингизро ҷорчиёну пешвоёни ислом балои осмонӣ ва ғазаби Худо фатво дода, аз забони султон Муҳаммад Хоразмшоҳ ҳамаро ба итоату фармонбардорӣ даъват намуданд. Ҳол он, ки лашкари чандсадҳазораи султон агар ғояи ягонаи миллию нажодӣ медошт, метавонист пеши роҳи ин фоҷаи инсониро ба зудӣ бигирад. Ё худ, агар шӯриши мардумии Восеи қаҳрамон (1885), ки инқилоби тоҷикони боғурури кӯҳистони Балҷувон зидди манғитиёни чингизӣ буд, тамоми тоҷикони кӯҳистону водӣ аз Хатлон то Ҳисор, аз Фалғар то Самарқанд, аз Бухоро то Шаҳрисабз, аз Балх то Ҳирот, аз Марв то Сиистон зери ғояи озодии миллӣ дастгирӣ мекарданд, давлати ормонии тоҷик дар тамоми сарзаминҳои меросии ниёгон садсолаҳо пеш арзи ҳастӣ мекард. Идеологияи динӣ нубуғи бедории миллат Восеъро аз даҳони муллои тоҷики арабмағз ба куфр, зидди подшоҳ, зидди халифаи Худо дар замин фатво дод, бо ҳукми қозии тоҷики содиқ ба манғити ғосиб муттаҳам ба марг намуд, бо дасти дигар тоҷики ҳувият бохтаи динзада, ба таги дор бурда шуд ва бо дасти дигар тоҷики ҷоҳилу хурофотӣ бо ҷаллодӣ дор зада шуд. Сари масъалаи мазкур жарфнигарона, хулосаи мантиқӣ дар доираи андешаи ояндабинона, беғаразона бар манфиати миллати озодаи ориётоҷик бояд баровард. Пас, шояд “Эътиқодоти диниро эҳтиром бояд, вале набояд ба он имкон дод, ки ба корҳои давлатдорӣ таъсир расонад.” (Екатеринаи II-Энциклопедия мудрости. Москва-2008. стр.462). Дар ин замина зиракии сиёсӣ мебояд, зеро “Вақте хурофот вориди ҳаёти мардумон мегардад, дар он ҷо захираи ҷаҳолатро барои садсолаҳо боқӣ мегузорад.” (П.Буаст — Энциклопедия мудрости. Москва-2008. стр.504). Бадбахтона, тӯли таҳмил шудани мафкураи динии ислом беҳтарин арзишҳои ориёии тоҷикон чун пайравӣ аз оинҳои маҷусӣ, зандиқӣ, рофизӣ, зардуштӣ, қарматӣ, исмоилӣ, даҳрӣ ва чанде дигар ба куфру гуноҳу бидъат тамға зада шуда, мамнуъ гардиданд ва ба фаромӯшӣ рафтанд. Дар ин радиф ҳакимон, донишмандон ва рӯшанфикрони тоҷик танҳо тавассути тарҷума бо забони арабӣ, ба пешвоёни дини ислом, ҳамдамони паёмбар, халифаҳо ва сарварони ҷараёну мазҳабҳои ислом нисбат додани осори ҳикматбори ориёӣ, пандномаҳо, нақлу ривоёт ва зиндагиномаи рангину ҳамосавии (далеронаю ватандорона) сипаҳсолорони озодакешро зинда нигоҳ доштаанд. Пайкоре, ки хонадони Оли Бармак, Оли Муқаффаъ, Оли Балъамӣ, Низомулмулк, Дақиқию Фирдавсӣ ва чанде хоманигорони ориёниҳод бо қалам анҷом доданд, аз ҳазорон набарди рӯёрӯ пурсамартар буд. Чандин ҳаракати ислоҳотхоҳ дар таърихи ислом барои рушди илм, қонуният, баробарии тамоми ақвоми ба ислом гаравида, амсоли ҷараёни Фотимиён, Исмоилия, Шуубия, Нақшбандия ва чанде дигар, ки ориёзодагон саҳмгин буданд, тавонист дар рушду нуфузи ислом аз Бағдод то Андалусия, аз Қоҳира то Бадахшону Ҳинд саҳми мондагор гузорад. Аммо иллат сари он аст, ки ҷараёну ҳаракатҳое низ тӯли таърих бо дидгоҳи хурофотию вопасгароии худ, амсоли шохаҳои тасаввуф, зоҳидия, маломатия, обидию порсоия бо амали воизию шарҳи каломи худ ҷомеаро дасту пойбаста ва мутеъ, дур аз ҳувияти миллию нажодӣ сохта буданд, ки он садди роҳи рушди илм дар ислом буд. Ба майдон омадани ҷараёни шовинистии арабгарои Ваҳҳобия (таъсискунандаи он Муҳаммад ибн Абдулваҳҳоб) таҳти ҳимояи шайхони Ибни Сауд дар солҳои 1744-1745 дар нимҷазираи Арабистон, Ироқу Миср ва паҳншавии он ба дигар мамолики мусулмоннишин шикасти бузург дар якпорчагии миллати ислом буд. Идеологияи он баргашт ба замони зуҳури ислом, ба асри VII-ум ва ҷорисозии шариату қонунияти замони исломи ибтидоӣ буда, ба ғайр аз Қуръон, на ҳадиси паёмбар, шахсияти ӯ, халифаҳои ислом, саҳобаҳо, шайху авлиё ва пешвоёни исломро намепазирад ва инкор менамояд. Шохаву ҷараёнҳои бо ном исломии замони имрӯз, чун Салафия, Акрамия, Хон-ул-ихвон, Ҳизбуллоҳ, Ансоруллоҳ, Ҳизби наҳзати ислом, Таҳрир, Ал-қоида, ДИИШ, Ҷабҳат-ан-нусра, Ихвон-ул-муслимин, Толибон ва даҳҳои дигар морони дусари заҳҳокони Ваҳҳобия мебошанд, ки ба гумроҳсозию мағзшӯйии ҷавонони ноогоҳ машғуланд, ки хатар ба ояндаи фарҳангҳои миллӣ, асолати миллатҳо ва осоиштагии ҷаҳон аст. Тибқи ақидаи собиқ котиби генералии конгресси умумиҷаҳонии исломӣ Инамуллохон “Ислом ба модернизатсия ниёз надорад”, аммо аз нигоҳи олимони исломшинос ва тафсиргарони “Қуръон” зарурати таърихӣ ва ҳаётист, ки дар тафсири баъзе сураю оятҳо бознигарӣ карда шавад. Зеро, дар замоне ки инсоният, бахусус, пайравони дигар дину оинҳои ҷаҳонӣ ба дастовардҳои бузурги илмию технологӣ ноил шудаанд ва аз сарватҳои бепоёни зеҳнӣ, табиӣ, кайҳонӣ ба манфиати хеш босамар истифода мебаранд, дар банди мафкураи хурофотию тоасримиёнагӣ мондани пайравони ислом хуб нест. Пас, зарурати динию замонист, барои мондагории ислом, дар шарҳу тафсири сураю оятҳои қуръонӣ, ки дар он даъватҳои ҷиҳоду ғазо ва куфрхонию ба кунҷи беҳуқуқӣ кашидани занон ҷой дорад, бо фатвои қозиёт, муфассирону донишмандони олами ислом ислоҳот ворид карда шавад. Чунон ки аллома Муҳаммад Иқбол ҳанӯз дар ибтидои асри XX-ум асрори нотавону ақибмонда, чун мустамликаву беҳуқуқ мондани мамлакатҳои шарқи исломиро дар бесаводӣ, ҷаҳлу хурофотзадагии мусулмонон дарёфта, дар “Ҷовиднома” сареҳан нигоштааст: “Лизо лозим аст, бар асоси таҳқиқоти улуми тоза, илми каломи ҷадиде ба вуҷуд биёяд, зеро, усули улуми ҷадид аз ҳар назар бо оёти қуръонӣ мутобиқат дорад ва ба тартиб додани чунин илми калом барои насли ояндаи мусулмонон муфид буда, решаи имонро дар қалбҳои онҳо метавонад мустаҳкамтар намояд”. Саҳми бузурги мардони илму хирад, адабу фарҳанги тоҷик барои чун дини покӣ, ростӣ, хушахлоқӣ, беозорӣ, раҳм, шафқат, баробарӣ, таҳаммул, адлу инсоф ва дигар фазилатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ном баровардани ислом мондагору муассир аст. Ҳарчанд дар ибтидо ислом чун мафкураи иртиҷоӣ бо ангезаҳои замони ҷоҳилияти арабӣ таҳмил шуда буд, пасон, ориётоҷикон тавонистанд, оҳиста- оҳиста дар тамоми аркони динӣ, тарзу усули эътиқод, ибодат, тақво, молиёт, фиқҳ ва дигар расмиёти мазҳабӣ унсурҳои арзишманди фарҳанги ориёиро ворид намоянд. Дар асри XXI-ум бар асари бархурди тамаддуну фарҳангҳо, дину мазҳабҳо хатари зинда мондани халқу миллатҳо хеле зиёд аст. Бинобар он, зарур аст, сари масъалаи нигоҳдошти ҳувияти миллӣ, забонӣ, арзишҳои фарҳангӣ андеша намоем, хулоса барорем ва идеологияи миллии хешро барои пойдории давлати миллӣ, мондагории миллат таҳия, таълим, таблиғ ва нигоҳбон бошем. Зеро дур будан аз арзишҳои ростманиши ориёӣ тоҷикро дар талотумхонаи ҷаҳонишавӣ ва садфирқаю садшохагии мафкураи динию мазҳабии ислом ба саргумӣ, беҳувиятӣ, манқуртӣ, гумномию нестӣ мебарад. Зеро, таҷрибаи се даҳсолаи замони истиқлол нишон дод, ки дурӣ аз феномени ориёӣ, тарбия нашудан дар руҳияи мафкураи ориёӣ, калавишҳо дар идеологияи миллӣ насли ҷавони кишварро ба доми гурӯҳҳои ҷиноятпешаи иртиҷоӣ, ҳизбу ҳаракатҳои бо ном исломии террористӣ андохт ва тоҷикро душмани давлати армонии миллат, худкӯшу фидоии хоҷагони пасипардагии хориҷӣ сохт. Ин фоҷеа аст, бадтар аз бомбаи ҳастаӣ!
Ҳамчунон, чун ҳусни мақтаъ, ё супориши хонагӣ ва ҳушдор барои андешаву тафаккур ба ҷомеаи бедор метавон гуфт: “…Ходимони дин ба шарофати истиқлолияти давлатӣ, оромиву осудагӣ, имкони риояи кулли рукнҳои таъйиншудаи ибодатиро доранд. Аз беҳтарин шароит ва имконоти василавӣ бархӯрдоранд. Зарур аст, ки онҳо дар сафи пеши тарғибгарони манфиатҳои миллӣ – ҳамчун омили муҳими шаклгирии ҷаҳонбинии миллӣ бошанд. Дар ин роҳ масъулияти бузурги ватандорӣ эҳсос намоянд. Хештаншиносӣ ва худшиносии миллиро дар саргаҳи имондорӣ гузоранд…” (С.Ятимов. Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад. “Илм ва ҷомеа”, №1 (31). 2023).
Паёмбари зиндасозандаи арзишҳои Ориёӣ ҳаким Фирдавсӣ дурандешона, бо дард аз номи ҷаҳонпаҳлавон Рустами Дастон оқибати заволи давлати Сосониён бо дасти “морхори аҳриманчеҳрагон”- ро тасвир намуда, ба ворисони ба дасисаи мазҳабталошон афтодаи давлати Сомониён зиракона ҳушдор додааст, ки:
Чу бо тахт минбар баробар шавад,
Ҳама ном Бубакру Умар шавад…
Шавад бандаи беҳунар шаҳриёр,
Нажоду бузургӣ наояд ба кор…
Зиёни касон аз пайи суди хеш,
Биҷӯянду дин андар оранд пеш…
Чу бисёр аз ин достон бугзарад,
Касе сӯи озодагон нангарад…
Бирезанд хун аз пайи коста,
Шавад рӯзгори меҳон коста…
Ин бонги хатар ва зангулаи бедорӣ бар гӯши аҳли зиё, раёсату сиёсати давлати ормонии тоҷик, ҷумҳурии соҳибистиқлол, соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистони азиз аст!
Аминҷон ЗАРИФӢ.
устоди коллеҷи политехникии
ноҳияи Зафаробод