Даҳсолаҳои охири асри XX давраи тағйирот ва дигаргуниҳои бузурги сиёсӣ дар минтақаи Осиё гардид. Суқути давлати Шуравӣ боиси таҳаввул дар низоми муносибатҳои байналхалқӣ ва тағйироти ҷиддӣ дар харитаи сиёсии ҷаҳон шуд. Ин равандҳо Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар маркази дигаргуниҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавӣ қарор доданд. Ва Тоҷикистон низ монанди дигар кишварҳои соҳибихтиёр 9 сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатии худро ба даст овард.
Таърих собит менамояд, ки барои мушарраф гаштан ба истиқлол, пойдорӣ ва рушду нумуи он одамон чӣ қадар ҷоннисориҳо менамоянд. Ба таърихи кишварҳо назар афканем, шоҳиди он мегардем, ки аз замони пайдоиши нахустин давлатҳо одамон кӯшиш бар он менамуданд, ки Истиқлоли давлатии хешро ҳифз ва мустаҳкам намоянд. Зеро ҳар як давлате, ки неруманд мегардид, талош менамуд, ки аз ҳисоби забт намудани ҳудудҳои кишвари дигар ва ба даст овардани захираҳои моддию маънавии он рушду пешрафти хешро таъмин намояд. Аз ин ҷост, ки муборизаи истиқлолхоҳонаю истиқлолталабона бо баробари пайдоиши давлатҳои аввалин аз асри XVI ба вуҷуд омад. Ин раванд дар шаклҳои гуногун, вобаста ба инкишофи давлату давлатдорӣ то ба замони муосир идома ёфта омадааст.
Дар ҷаҳони имрӯза низ халқияту миллатҳое, ки ҳанӯз ба истиқлоли хеш дастёб нагардидаанд, ҳамеша талош меварзанд ва ба ҳар гуна мушкилоту монеаҳо сар ба сар мешаванд, то дар ниҳояти кор ба ин орзуи деринаи худ мушарраф гарданд.
Тоҷикон дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ то замони ба даст овардани истиқлоли комили сиёсӣ танҳо дар замони мавҷудияти давлати Сомониён соҳиби давлат ва сарзамини озоду мустақили худ буданд. Аз ин рӯ, истиқлолро пос доштан ва баҳри рушду нумуи он сайъ кардан вазифаи ҷонии ҳар як тоҷик ва тоҷикистонист.
Истиқлоли сиёсӣ падидаи муҳимтарини рушди давлати миллӣ буда, дар самтгирӣ ва дарёфти мақоми кишвар дар низоми муосири ҷаҳонӣ нақши муассир дорад. Истиқлоли сиёсӣ фаъолияти субъектҳоест, ки ба воситаи давлат ё дар ҳудуди он амал менамоянд ва кафолат медиҳанд, ки мустақилият ва соҳибихтиёрӣ дар инкишофи ҷомеа риоя гардад.
Раванди инкишофи тамоми самтҳо ва соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ дар заминаи ҳадафҳо ва вазифаҳои стратеги мамлакат ба вуқӯъ мепайвандад. Махсусан, таъмини истиқлоли энергетикӣ (истифодаи самарабахши неруи барқ). Ба хотири таъмини истиқлоли энергетикӣ дар мамлакат тайи солҳои охир, бунёд ва ба истифода додани НБО-и «Сангтӯда-1», моҳи июли соли 2009, НБО-и «Сангтӯда-2», моҳи сентябри соли 2014, хатҳои интиқоли барқи 500 кв «Ҷануб-Шимол», 220 кв «Лолазор-Хатлон», хатти интиқоли барқи 220 кв Тоҷикистону Афғонистон (Сангтӯда-Пули Хумрӣ) мебошанд, ки дар расидани кишвар ба истиқлоли энергетикӣ қадами бузург ба ҳисоб мераванд. Ба мақсади бунёди сис-темаи ягонаи барқии кишвар, таъмини пурраи эҳтиёҷоти дохилии ҷумҳурӣ бо барқ ва содироти он ба хориҷа, дар баробари сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, инчунин, ба бунёди инфраструктураи интиқоли он таваҷҷуҳи хосса равона шудааст. Бунёди хатти интиқоли барқи баландшиддати «Ҷануб-Шимол» имкон медиҳад, ки дар Тоҷикистон шабакаи ягонаи энергетикӣ ташкил карда шавад. Инчунин, бо амалигардонии лоиҳаи бузурги минтақавӣ, интиқоли қувваи барқи «CASA-1000», Тоҷикистон метавонад ба яке аз кишварҳои бузурги содиркунандаи қувваи барқ дар минтақа табдил ёбад.
Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ (ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан), бо мақсади расидан ба ин ҳадаф корҳои зиёде, аз қабили сохтмони роҳҳо, пулҳо, нақбҳо, таҷдиди иншооти нақлиётӣ ба анҷом расиданд ва идома доранд. Аз ҷумла, нақбҳои автомобилгарди «Озодӣ» сентябри соли 2009, «Шаҳристон» октябри соли 2012 ва «Хатлон» ноябри соли 2013 ба истифода дода шуда, сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгарди «Душанбе-Бустон-Чанак», «Душанбе-Нуробод-Ҷиргатол-Саритош», «Душанбе-Данғара» ба анҷом расид. Сохтмони нақби мошингарди «Истиқлол» идома дорад, пули мошингарди «Дӯстӣ» дар болои дарёи Панҷ сохта, мавриди истифода қарор гирифт, шоҳроҳҳои автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ-Қулма, Қӯрғонтеппа-Дӯстӣ ва дигар роҳҳои мошингард дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ бо сармоягузории соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ сохта мешаванд. Амалӣ шудани чунин лоиҳаҳо имкон дод, ки рафтуомади аҳолӣ ва ҳамлу нақли бор, таъмини бозорҳо бо молҳои дохилӣ хеле беҳтар шуда, вобастагӣ аз он роҳҳое, ки минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳуриро тавассути кишварҳои ҳамсоя мепайвастанд, аз байн бурда, табодули мол бо кишварҳои ҳамсоя афзоиш ёбад.
Пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ, истифодаи самаранок ва оқилонаи замин, омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқавории кишвар дониста мешавад.
Дар ояндаи наздик умедворем, ки бо сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик ҳадафҳоеро, ки барои шукуфоӣ ва пешрафти мамлакат дар назди худ гузоштааст бо сари баланд амалӣ менамоянд.
Тоҷикон воқеан, мардуми озода ва озодпараст буда, барояшон Истиқлоли бузургтарин арзишест, ки онро чун гавҳараки чашм гиромӣ медоранд ва ба он ифтихор доранд. Истиқлоли дурнамои рушду инкишофи миллату кишвари мо ва ояндаи дурахшони ин сарзамин аст.
Шамъигул ЯҚУБОВА,
омӯзгори собиқадор,
шаҳри Кӯлоб