БЕҲТАРИНҲО БА ДАВРИ ВИЛОЯТӢ РОҲХАТ ГИРИФТАНД

Дар даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатон доираи васеи довталабон ширкат намуданд.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ Шаҳноза Маҳмасаидзода дар робита ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иттилоъ дод, ки довталабони озмун нисбат ба соли гузашта ду баробар зиёд мебошанд. Масалан, дар ноҳия ҳатто ду – се нафар довталаб аз як оила дар озмун иштирок намуданд. Аз ҷумла, аз оилаи Қурбоновҳо модар бо ду фарзандаш дар номинатсияҳои гуногун сатҳи дониши худро санҷиданд. Чун ба озмун волидон ва дигар шахсони калонсол таваҷҷуҳ мекунанд, хурдсолон ба китобу китобхонӣ бештар рӯ меоранд, зеро кӯдакону наврасон тақлидкунандагони асосии волидони худ мебошанд.
— Бо мақсади ба натиҷаи дилхоҳ расидан дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур дар муассисаҳои таълимӣ маҳфили “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ташкил кардем. Маҳфили номбурда ҳар ҳафта баргузор мешавад. Бо вуҷуди он ки маҳфил дар муассисаи таълимӣ баргузор мешавад, аъзои он синну соли гуногун доранд. Маҳфил ҳар ҳафта аз тарафи ҷонишини директори муассиса ва китобдор дар толорҳои маҷлис ва хониш баргузор мешавад. Аз рӯйи адабиёти тавсияшуда ба аъзои маҳфил китобҳо дода шуда, дар самти омода шудани онҳо аз рӯйи шарту талаботи озмун суолу ҷавоб сурат мегирад, — гуфт корманди соҳаи маориф дар ноҳияи Кӯшониён Бобоҷон Вализода. – Илова бар ин, озмунҳои гуногуни китобхон, китобдӯстон ва беҳтарин хонандаи асарҳои нависандагони классику муосир ташкил карда шуданд.
Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба охир расид ва беҳтаринҳо ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Суҳроб АЗИЗӢ,
“Омӯзгор”,
шаҳри Бохтар