ТО ИЛМУ ҲУНАР ОИНАПАРДОЗ НАШУД…

Ҳар сол раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи илми тоҷик як идда тадбирҳои муассирро амалӣ менамояд. Ҷиҳати шиносоии бештар бо корҳои илмӣ-назарӣ ва пешравию дастовардҳо дар ин самт суҳбате доштем бо сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Алимурод Бобоев, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони нашрия менамоем.
— Муаллими муҳтарам, натиҷаҳои фаъолияти илмии устодони донишгоҳро тайи моҳҳои охири соли ҷорӣ чӣ гуна метавон арзёбӣ намуд?
— Бояд зикр кард, ки олимон ва муҳаққиқони донишгоҳ дар амалӣ намудани таҳқиқоти илмӣ, таълифи монография, китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ, дастурҳои таълимию методӣ, ташкили тадбирҳои гуногуни илмию оммавӣ нақши назаррас доранд. Ҳамчунин, барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани “Ҳафтаи илм” ҳамоишу семинарҳои илмӣ-назарӣ, мизҳои гирд ва дигар маросими хотирмон баргузор шуданд…
Ҳамчунин, чанде пеш дар ҳошияи эълон гардидани “Солҳои рушди саноат” (2022-2026) бо ташаббуси роҳбарияти донишгоҳ конфронси илмӣ-назарӣ таҳти унвони “Нақши сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва саноат дар раванди амалисозии ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор шуд, ки дар ҷараёни он кормандони филиалҳои донишгоҳ дар вилоятҳои Суғду Хатлон низ тариқи маҷозӣ ширкат варзиданд. Ҳамоиши мазкур аз 5 бахш иборат буда, дар ҳошияи он зиёда аз 300 мақолаи илмӣ гирд оварда шуд.
Дар умум, аз оғози сол дар ҳамкорӣ бо мақомоти гуногуни давлатӣ ва кафедраҳои мутасаддӣ 3 конфронси байналмилалӣ, 2 конфронси ҷумҳуриявӣ, 3 ҳамоиши илмӣ, 17 семинари илмӣ-назарӣ, 12 мизи мудаввар ва 13 тадбири гуногуни илмӣ баргузор гардидааст.
-Тавре ки медонем, устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва озмунҳои бонуфуз, аз ҷумла, «Фурӯғи субҳи донои китоб аст», “Илм — фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон-ватани азизи ман”, “Тоҷикон” — оинаи таърихи миллат” фаъолона ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ба даст меоранд. Ҳамчунин, бо ташаббуси донишгоҳ низ сабқатҳои гуногун баргузор мешаванд. Дар ин бора муфассалтар маълумот медодед.
— Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар донишгоҳ корҳои зиёде дар татбиқи барномаҳои давлатӣ анҷом дода шуда истодааст. Аз ҷониби кафедраҳои мутасаддӣ нақшаи баргузории дарсҳои иловагӣ бо дастаи олимпии донишгоҳ таҳия шуда, донишҷӯён саривақт ба давраҳои омодагӣ фаро гирифта мешаванд. Моҳи апрели соли 2023 донишҷӯёни мо дар озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯ ва пешрафти илму техника”, ки дар ДДОТ ба номи С.Айнӣ баргузор гашт, ҷойҳои ифтихориро ишғол намуданд. Илова бар ин, моҳи майи ҳамин сол донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси «Андоз ва андозбандӣ»-и донишгоҳ Собир Умарзода дар озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷойи 2-юмро ба даст овард. 10-уми майи соли равон даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷамъбаст гардид, ки дар он чор нафар донишҷӯ ва як омӯзгор иштирок карда, сазовори ҷойи якум, ду нафар сазовори ҷойи дуюм ва ду нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Ҳамчунин, соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таҳти унвони «Пояи давлат намонад бе маориф устувор…» ба муносибати “Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ дар соҳаи илму маориф” баргузор шуд, ки дар он чор нафар донишҷӯ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Чизи дигаре, ки боиси ифтихори ҳайати кормандони донишгоҳ гаштааст, иштироки донишҷӯён ва ба даст овардани ҷойҳои намоён дар шашумин олимпиадаи байналмилалии “Корҳои лоиҳавӣ вобаста ба хизматрасонӣ, сайёҳӣ ва меҳмондорӣ дар муаррифии сайёҳии дохилӣ” мебошад, ки дар Ҷумҳурии мардумии Чин доир гашт. Бояд тазаккур дод, ки дар олимпиадаи мазкур 230 даста аз 15 давлати дунё иштирок намуда, 10 даста ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифт. Дастаҳои ба даври ниҳоӣ роҳхатгирифта дастаҳои олимпӣ аз Ҷумҳурии мардумии Чин, Ҳиндустон, Покистон ва Тоҷикистон мебошанд.
Чанде қабл дар донишгоҳ даври интихобии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” аз рӯи номинатсияи математика (арифметика, алгебра, геометрия), технологияи иттиллоотӣ ва география ҷамъбаст гардид. Бешак, баргузории чунин озмунҳо ба рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, тавсиаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, дарёфти истеъдодҳои нав заминаи мусоид фароҳам меорад.
Лоиқи зикр аст, ки 19-20 майи соли равон дар литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Леваканди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон 3-юмин озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми раёсати ДБССТ» баргузор карда шуд. Дар он довталабон аз рӯйи панҷ фан — математика, физика, химия, технологияҳои иттилоотӣ, географияи иқтисодӣ ва асосҳои демографии он байни худ сабқат намуданд. Бояд гуфт, ки озмуни мазкур фарогири зинаи таҳсилоти миёнаи асосӣ, умумӣ ва ибтидоии касбии шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ мебошад.
— Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии омӯзгорони ҷавон дар кадом сатҳ қарор дорад?
— Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба омодасозии мутахассисони соҳибкасби соҳаҳои сайёҳӣ, саноат ва соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, фаъолияти худро дар доираи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш мебарад. Аз оғози сол то ҳол аз ҷониби устодони донишгоҳ 6 монографияи илмӣ, 2 китоби дарсӣ, 4 воситаи таълим, 15 дастури методӣ, 343 мақолаи илмӣ, аз ҷумла, 37 мақолаи илмии дар маҷаллаҳои илмии аз ҷониби КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақризшаванда, 91 мақолаи илмӣ барои конфронсҳои байналмилалӣ, 129 мақолаи илмӣ аз маводи конфронсҳои ҷумҳуриявӣ, 82 мақолаи илмӣ-оммавӣ ва зиёда аз 52 мақолаи илмӣ аз ҷониби донишҷӯён чоп гардидааст.
— Бешубҳа, асоси пешрафти ҳар як муассисаро метавон аз фаъолияти пурсамари кормандони он донист. Ҷиҳати ҷалб ва омода кардани мутахассисони кордону пуртаҷриба дар донишгоҳ чӣ тадбирҳо андешида шудаанд?
— Бояд зикр кард, ки раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба ҷалби кадрҳои соҳибтаҷриба ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори кор таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, амалҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти илмӣ аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ҳамасола як идда кормандон барои пешрафтҳои чашмгирашон ҳавасманд гардонида мешаванд. Масалан, омӯзгорон барои дифои рисолаи номзадӣ ба маблағи 10000 сомонӣ ва барои дифои рисолаи докторӣ ба маблағи 20000 сомонӣ қадрдонӣ мешаванд. Ба бонувон барои рисолаи номзадӣ 20000 сомонӣ ва барои ҳимояи докторӣ 40000 сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст.
Илова бар ин, донишҷӯёне, ки дар озмунҳо ва олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ғолиб дониста мешаванд, ба маблағи 5000 сомонӣ ва омӯзгоре, ки ин донишҷӯро омода намудааст, ба маблағи 3000 сомонӣ қадрдонӣ мегардад. Инчунин, ҳар сол озмуни донишгоҳии “Муҳаққиқи сол” баргузор мегардад, ки ба ғолиби он диплом ва 3000 сомонӣ тақдим карда мешавад.
Салима МӮСОЕВА,
“Омӯзгор”