ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТ — КАФИЛИ ОРОМӢ ВА РУШД

9 сентябри соли 1991 тоҷикон Истиқлоли давлатӣ ба даст оварданд. Вале бинобар як қатор омилҳои сиёсиву миллӣ давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва мардуми кишвар ба вартаи бесарусомонӣ гирифтор гаштанд. Доштани тафаккури дастнигар, аз ҷиҳати сиёсӣ, маданӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ омода набудан ба давлатсозию сохти нави давлатдорӣ, тарафкашиҳои як гурӯҳ ашхоси нав, ки ба арсаи сиёсат воридгашта буданд, аз ҷумлаи омилҳое гаштанд, ки Тоҷикистонро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Ҷанги шаҳрвандӣ ба кишвару миллат зарари вазнину хисороти зиёди ҷонию молиро ба бор овард. Ҷавонони зиёд қурбони бехирадиву ҷоҳилии як гурӯҳ дасисабозон гаштанд.
Дар лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсози давлату миллат зарур буд, ки шахсе ё гурӯҳе пешсафу хирадпеша мардуми саргардону парешонгашта ва гурӯҳҳои ҷангиро ба ҳам оварда, сари мизи музокирот барои ба ҳам омадану ваҳдат кардан нишонад. Баргузор гаштани Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба тақдири дирӯзаву имрӯзаи кишвари тоҷикон таконе ҷиддӣ ва муҳим бахшид. Маҳз дар ҳамин иҷлосия намояндагони мардумӣ тақдири худ ва давлату миллатро бар дӯши ҷавонмарде гузоштанд, ки таърихи навини тоҷикон бо номи ӯ кору амалаш ба ҷаҳониён муаррифӣ гашт. Аввалин коре, ки Раиси Шӯрои Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз карданд, аз эҳёи давлати Тоҷикистон, мустаҳкам намудани пояҳои фалаҷгаштаи давлатӣ, ба сари қудрат овардани шахсони фидоии миллат буд. Ҳадафи асосии сиёсати вақти давлат халқу ватанро аз парешонию нобудӣ наҷот додан буд. Ин ҳадаф дар муддати кӯтоҳи таърихӣ натиҷаи хуб ба бор овард. Бовари мардум ба ояндаи равшан ва ғалабаи хиради азалию таърихӣ имкон дод, ки гурӯҳҳои мухолиф сари мизи музокирот нишаста, таърихи миллатро тарҳрезӣ намоянд. Ҷасурию қавииродагӣ ва устуворӣ дар аҳди худ Сарвари навини тоҷиконро даст дод, ки тарафҳои даргирро бо ҳам биёяд.
Баъди гуфтушуниду музокироти зиёд дар ҷойҳои гуногуну музофоти дохилию беруни кишвар 27 июни соли 1997 дар Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид. Ин санади сарнавиштсози миллӣ тавонист фазои орому осударо дар кишвар таъмин созад.
Муаррихону муҳаққиқони гузаштаву имрӯза собит менамоянд, ки тоҷикон аз замонҳои дури таърихӣ бо ваҳдатсолориву фарҳангпарварӣ, созандагиву эҳтироми хос мақоми махсус доранд ва насли наврасу ҷавононро зарур аст, ки аз мероси гаронбаҳои гузаштагону имрӯзиён бархурдор бошанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари безаволи худ «Тоҷикон дар оинаи таърих» таъкид менамоянд: «Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин ва марзу буми аҷдодӣ, мероси бои фарҳангӣ расму оини ниёгон… огаҳӣ надоранд, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди барӯманди замони худ шуда наметавонанд».
Таърих гувоҳ аст, ки тоҷик ба сари мардуми дигар лашкар накашидааст ва заминҳои касеро ғасб накардааст ва умуман табиати тоҷик ҷангҷӯй набуд ва нест. Вале сарзамини сабзу хурраму кӯҳҳои сарбафалаккашида, обҳои шифобахшу заминҳои ҳосилхези тоҷикон борҳо мавриди ҳуҷумҳои ғоратгаронаи аҷнабиён: қушун-ҳои Искандари Мақдунӣ, лашкаркашиҳои араб, тохтутози мағулҳо ва монанди инҳо гардида буд, вале ҳамаи ин натавонист, ки урфу одат, забон ва фарҳанги бою ғании тоҷиконро аз байн барад.
Ёдгории фарҳанги эрониасл аз «Авесто» сарчашма гирифта, то ба ашъори ҳикматомези Одамушшуаро Рӯдакӣ, «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ, «Таърихи Табарӣ»-и Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, «Маснавӣ»-и Румӣ, «Алқонун»-и Сино, ашъори Саъдии Шерозию Носири Хусрав, Ҷомию Бедил чун ёдгори беназир насибамон гардидааст. Ин бузургони илму адаби тоҷик дар ҷаҳони андешаву афкор ҳамеша инсониятро ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ, худогоҳию хештаншиносӣ, омӯзишу эҳтироми фарҳангу таърихи гузашта ҳидоят менамуданд. Хусусан, дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ намудан ба гузаштаи халқ ва таърихи ташаккули фарҳанги миллӣ аҳаммияти махсус дорад. зеро омӯзиши арзишҳои маънавии ниёгон заминаи хубе барои ташаккули ғояи миллӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ мебошад. Дар ин ҷода академик Муҳаммадҷон Шакурӣ гуфтаанд: «Имрӯз мо, тоҷиконро зарур аст, ки аҷдодро биёмӯзем, то худро бишносем. Ҳеҷ яке аз риштаҳои худшиносии шахс ва ҷомеаро бидуни ёди таърихӣ тасаввур наметавон кард. Ҳар амали муҳими иҷтимоӣ он гоҳ кам ё беш амали огоҳона хоҳад буд, ки аз ёди таърихӣ раҳнамоӣ дида бошад. Ёди фарҳангӣ бидуни донистани таърих ба касе даст намедиҳад». Бино бар ин, таъриху фарҳанги ниёгон дар ташаккулёбии инсонҳо, бахусус, насли наврас сарчашмаи бебаҳо ба ҳисоб меравад. Имрӯз мо, тоҷикон соҳибдавлат гаштаем ва соҳибдавлат будан барои ҳар як халқ ва миллат неъмати бузургест ва ин неъмат дар назди фарзандон вазифаҳои масъулиятнокро мегузорад, то тавонанд Ватанро барои имрӯзиёну ояндагон обод намоянд. Фарзандони баору номуси миллат тавонистанд, тӯли садсолаҳо фарҳангу маданият ва маънавиёти тоҷикиро нигоҳ доранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввалини фаъолият ҷамъ овардани мардуми парешонгаштаро мақсади аввалиндараҷаи худ қарор доданд: «Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки дурнамои сиёсати давлати Тоҷикистон бевосита ба афкори ваҳдати миллӣ ва эҳёи давлатдории тоҷикон асос меёбад».
Таъкид намудан бамаврид аст, ки устуворсозии фарҳанги сулҳ дар кишвари азизамон, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, имкон дод, ки дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба мусолиҳаи миллӣ омада, роҳи нави тараққиёти ҷомеасозиро пеша намоем, ки ҳанӯз касе нарафтаву нопаймудааст. Аз ин рӯ, хусумату навмедӣ аз байн рафта, байни гурӯҳҳои сиёсӣ бовару эътимод ба миён омад, ки ин боиси ҳамдигарбахшӣ гардид. Ба сулҳи доимӣ ноил шудани мардумони азизи кишварамон ҳадафи аввалини Президенти кишвар дар роҳи истиқрори сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ гардид. Дурнамои ин масъала нигоҳ доштан ва таҳким бахшидан ба он буд. Маҳз ҳамин қисмат ба созандагиву эҳёи кишвар заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Чунон ки маълум аст, Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳодисаҳое, ки дар ҷаҳон ба вуқӯъ мепайвандад, бетараф набуда, ҳамеша назару мавқеи худро баён менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои иқтисодиву фарҳангӣ ва муҳимтар аз ҳама муносибатҳои неки ҳамсоягиро ҳамеша пос дошта, сулҳу адолатхоҳӣ ва инсондӯстиро дастгирӣ намуда, бар зидди ҳама гуна зӯроварию хатари инсонӣ муташаккилона мубориза мебарад.
Латофат НАЗИРӢ,
устоди ДМТ