ПАМФЛЕТ ВА РИСОЛАТИ ПУБЛИТСИСТ

Чопи маҷмуаи памфлетҳои рӯзноманигор ва публитсисти соҳибзавқ Қурбон Шарифӣ бо номи “Занкалон”, воқеан, ҳодисаи хурсандибахш ва ҷолиб дар журналистикаи тоҷик ба шумор меравад. “Занкалон” маҷмуаи севуми публитсист буда, ба он шоир, рӯзноманигор ва нависанда Абдулқодири Раҳим таҳти унвони “Рисолат” пешгуфтор навиштааст.
Маҷмуа аз навиштаҳои “Хиёнат”, “Реаниматсия”, “Занкалон”, “Танзим, таассуб ва марг”, “Рахнаи ёдҳои ашковар”, “Мактаби журналистикаи тоҷик ниёз ба мутахассисони соҳавӣ дорад”, “Муҳоҷират ва тафаккури миллӣ” иборат буда, дар ин матолиб паҳлуҳои гуногуни мушкилоту мураккабиҳои ҳаёти аҳли ҷомеа тасвир ва азобу саргардониҳои онҳо, ки омилони ин ташвишу изтиробҳои руҳии эшон мақомдорону масъулони ину он ниҳод мебошанд, зери интиқоди шадид қарор дода шудаанд. Сабку услуби нигориши муаллиф ҷолиб буда, вай аз руҷуъҳои лирикӣ, монолог, тасвири танзомезу бозарофати воқеаҳо, ки дарунмояи он воқеоту мушоҳидаҳои нозуки вижаи публитсистро дар бар гирифтаанд, истифода мекунад ва ҳунармандона. Қобилияти Қ.Шарифӣ дар офаридани саҳнаҳои ногувору ба ҷомеаи кунунӣ батамом бегона, ки реша дар тамаллуқу чоплусӣ, баднафсию тамаъкорӣ, фасоду бенизомии иддае аз вазифадорон, табибону устодони макотиби олӣ ва хурофотпарастию таассуб дорад, бо инъикоси ҳаҷви ғолибан, муассиру танқидӣ, ки ин хислату атвори нохушояндро фошу ошкор месозад, зоҳир мегардад.
Памфлети “Реаниматсия” ба памфлети “Хиёнат” ҳамоҳангии ғоявию мантиқӣ дошта, воқеаи маъмуле, ки мо ҳамарӯза бо он дучор меоем, дар ғояти маҳорати воло тасвир ва бозтоби бадеӣ ёфтааст. Сухан дар бораи беинсофию муносибати дағали бархе аз табибону пизишкони бемористонҳо, аз ҷумла, таваллудхонаҳо меравад, ки беморонро ба азобу ташвишҳои зиёд гирифтор месозанд. Таваҷҷуҳ кунед, ба ин андешаю хулосаи қаҳрамони памфлет, ки хоҳарашро ба таваллудхонаи шаҳрӣ овардаву азобҳои сангинро аз сар гузарондааст: “Ҳар қадар аз ноҳия дур мешудам, ҳамон қадар пойи андешаҳоям дар ботлоқи бемористон меғӯтид. Аламам меомад. Аз тез-тез дору навиштани духтурон не, аз дастсафедкунию зиёфатдиҳӣ.”
“Занкалон”, ки унвони китоб аз ҳамин памфлет гирифта шудааст, муассиртарин ва дар зимн, ҳушдору таъкиди ҷиддиест ба ҷавонон ва навхонадорон, ки аз бемаърифатию ҷаҳолат бо арӯс-ҳамсари худ на танҳо муносибати хашину бемурувватона мекунанд, балки мисли Хуршед-қаҳрамони памфлети мазкур ҳамсараш Хиромонро “ман занкалон нестам” гӯён мавриди зарбу лати шадид қарор медиҳанд, ки дар натиҷа зан аз кӯдаки батнаш ҷудо мегардад…
Дар памфлети “Танзим, таассуб ва марг” низ воқеаи талху дардомези замони мо- ташкил ва гузаронидани маъракаҳои серхарҷ, ки ба сабқати сарватмандон аз рӯйи таъбири “санги ман-даҳ ман” табдил ёфтаанд, танқид карда мешавад. Бад-ин тариқ, публитсисти соҳибзавқ Қурбон Шарифӣ дар матолиби “Рахнаи ёдҳои ашковар”, “Мактаби журналистикаи тоҷик: он бояд чӣ гуна бошад?”, “Журналистикаи тоҷик ниёз ба мутахассисони соҳавӣ дорад” ва “Муҳоҷират ва тафаккури миллӣ” масоили умдаи замони муосирро мавриди бозтобу таҷассуми бадеӣ қарор дода, бо баёни мулоҳиза ва нуқтаи назари хоси хеш, ки он як навъ ҷамъбасту бардоштҳои муаллиф аз зуҳуроту равандҳои ногувори номатлуб, ки ба рушду таҳаввули ҷомеаи кунунӣ латма ворид мекунад, маҳсуб мешавад, моро ҳушдор медиҳад, ки дар бартараф намудани норасоию камбудиҳо саҳмгузор бошем.

Шодӣ РАҶАБЗОД,
“Омӯзгор”