Волидайн дар ҳаёти кӯдак нақши муҳимтаринро мебозанд. Кӯдак ба онҳо дилбастагии махсусе дошта, ин вобастагӣ аз дигар робитаҳои эҳсосӣ фарқ мекунад. Аз ин рӯ, дар тарбияи оилавӣ эътибори волидон ва муносибати шахсии онҳо аҳаммияти калон дорад. Онҳо уҳдадориҳои худро бояд хуб донанд.
Пеш аз ҳама, дар назди фарзанд бояд намунаи ибрат буд. Падару модар аз нахустрӯзҳои таваллуди кӯдак бояд андешанд, ки бо фарзанди худ бояд чӣ гуна рафтор кунанд. Волидайнро зарур аст, ки зуд-зуд ба худ суол диҳанд: «Оё рафтору кирдорашон ба тарбияи дурусти фарзандашон созгор аст?».
Дар оилаи аз ҷиҳати маданӣ муваффақ аксар вақт фарзандони дорои маданияти баланд ва завқи хуб ба воя мерасанд. Дар давраи аввал падару модарон ба кӯдак бодиққат хӯрдан, тозаву озода нигоҳ доштани бадан, рафтори хуб (рӯймолча истифода бурдан, бесадо хӯрдан) ва малакаҳои кори хонагиро меомӯзонанд. Агар волидайн худ намунаи шоиста бошанд, пас кӯдак ҳама чизро зуд меомӯзад. Яъне, баробари фаҳмондан, дар амал нишон додан хубтар аст.
Волидайн корҳои хонаро бо табъи болида анҷом диҳанд, ба ҳамдигар кумак кунанд, хушмуомила бошанд, якдигарро ҳурмат кунанд, кӯдак ҳамчунин амалҳои худро ёд мегирад. Вай маҳз ҳамин тавр рафтор карда, корро хурсандӣ, зарурати табиӣ мешуморад.
Агар дар оила эҳтиром, якдигарфаҳмӣ, муносибати хуби байни аъзои оила ҷорӣ бошад, кӯдак ба худ эътимоди бештар пайдо карда, дар ҷамъият бо одамон муносибати беҳтари иҷтимоиро барқарор менамояд.
Барои фарзанди муваффақ тарбия намудан:
— кӯдаки худро барои муваффақиятҳояш таъриф кунед, аммо барои нокомиҳо сарзаниш накунед; ҳама кӯшишҳои кӯдакро дастгирӣ кунед; агар шумо чизеро дар кӯдак тағйир додан хоҳед, аз худ оғоз кунед. Дар хотир доред, ки кӯдакон волидони худро нусхабардорӣ мекунанд; ба фарзандатон ҳар гоҳ таъкид намоед, ки чӣ хуб асту чӣ бад; ба фарзандони худ бештар бигӯед, ки чӣ тавр ӯро дӯст медоред ва ба ӯ бовар мекунед; аз рӯи таҷрибаи худ ё ба таври бозӣ ба кӯдак фаҳмонед, ки ҳама гуна қарор оқибатҳо дорад ва дар оянда ӯ бо онҳо рӯ ба рӯ мешавад. Ин таъсирҳо метавонанд дар як вақт ҳам мусбат ва ҳам манфӣ бошанд. Кадом роҳро пеш гирифтан лозим бошад, бигзор, худи ӯ қарор барорад.
Хулоса, ҳақ бар ҷониби Муҳаммад Ғазолӣ аст, ки дар тарбияи фарзанд зикр карда буд: “Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ба саодати дину дунё расад, падару модар дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ ва ба ҳар чӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун”.
Матлуба ҲАЙДАРОВА,
корманди рӯзномаи
“Маорифи Суғд”
