БА МАҚСАД МЕРАСАД ҶӮЯНДАИ БАХТ

Яке аз пояҳои асосии саодати зиндагӣ саломатист. Баъди бардоштани ҷароҳат ва сари вақт табобат наёфтан дӯстонам тавсия доданд, ки ба Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба табиб Қутбиддин Сироҷов муроҷиат намоям. Ин шифокори мушфиқ маро бо чеҳраи кушод ва хеле самимӣ қабул намуд. Баъди ташхису муоинаи рентгенӣ ва пурсишҳо тариқи табобатамро муайян намуду маро ба ҷарроҳӣ тавсия намуд. Ҷарроҳӣ дар сатҳи баланду нишотбахш гузашту эътиқодам ба ин табиби ғамхор зиёд шуд.
…Ӯ ҳамарӯза аз аҳволи беморон хабардор мешуду аҳволпурсӣ мекард. Беморон барои сари вақт табобат шуданашон дар ҳаққаш суханҳои нек мегуфтанд.
Баъди шифо ёфтан барои миннатдорӣ ба дидорбинияш рафта, аз кору аҳволаш пурсон шудам. Хоксорона сухан мегуфт. Дарёфтам, ки дар деҳаи Тосқалъаи собиқ хоҷагии ба номи Ленини ноҳияи Восеъ, дар оилаи коргар таваллуд шуда, баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ соли 1981 ба факултаи табобатии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шудааст. Соли 1987 фаъолияти худро дар беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ ба ҳайси табиби амрози дарунӣ оғоз намудааст. Соли 1993 курси ихтисосгирии аввалияро аз рӯйи ихтисоси осебшиносӣ ва раддодӣ дар кафедраи осебшиносӣ, раддодӣ ва ҷарроҳии саҳроии Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон гузашта, аз соли 1993 то 1995 ба ҳайси табиби осебшинос ва раддод дар беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ кор кардааст. Аз моҳи сентябри соли 1995 дар шуъбаи ёрии таъҷилии беморхонаи ҷумҳуриявии ба номи А.М.Дяков ба ҳайси табиби осебшинос ва раддод ба кор қабул шудааст.
Соли 2004 рисолаи номзадӣ ва соли 2018 рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст.
Дар идомаи корномаи хеш ин марди наҷиб боз дар чанд муассисаи табобати фаъолият дошт.
Айни замон ба ҳайси мудири кафедраи осебшиносӣ ва ортепедияи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Ин донишманд зиёда аз 200 кори илмӣ, 3 монография, 12 адад дастури таълимӣ таълиф намудааст. Ду нафар унвонҷӯ таҳти роҳбарии ӯ рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд. Ба тарзи шартномавӣ маризони муроҷиаткунандаро, ки ҷароҳат-ҳояшон вазнинтаранд, ба табобат қабул мекунад.
Қутбиддин Сироҷов дар зиндагию фаъолияти худ ба одамон хидмат кардан, зиёдтар омӯхтан ва баҳри ободии диёр саъю кӯшиш карданро пешаи худ кардааст. Мо ба ин табиби накукору меҳрубон комёбию сарбаландии ҳамешагӣ таманно дорем.
Гули хуршеди гардун бешарар нест,
Дарахти зиндагонӣ бесамар нест.
Ба мақсад мерасад ҷӯяндаи бахт,
Дуои неки мардум беасар нест.

Ҳикматулло ҲАМИДОВ,
омӯзгори собиқадор, узви ИЖТ, ноҳияи Восеъ