САМАРИ УМР

Даврони кӯдакии Мансур Нуъмонов дар деҳаи Пағнаи ноҳияи Панҷакент гузаштааст. Дар мактаби №7-и ба номи Рӯдакии ноҳия таҳсил карда, соли 1966 ба факултаи физика-математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ) дохил шудааст ва онро соли 1971 бо ихтисоси муаллими математика-физика хатм кардааст. Дар кафедраи методикаи таълими математикаи донишкадаи мазкур аввал ба сифати ассистент (солҳои 1971-1973 ва 1974 — 1979), баъд ба сифати муаллими калони кафедраи номбурда (соли 1979-1986) кор кардааст. Соли 1986 дар шаҳри Москва рисолаи номзадӣ ҳимоя карда, аз соли 1988 то соли 1991 иҷрои вазифаи дотсенти кафедраи методикаи таълими математикаро ба уҳда дошт.
Солҳои 1991-1993 ба сифати ходими калони илмии кафедра ва солҳои 1993-1996 дар вазифаи дотсенти кафедраи номбурда ифои вазифа бинмудааст. Солҳои 1996-2000 ходими калони илмии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд. 14 феврали соли 2000, пас аз хатми докторантура, дар шаҳри Москва рисолаи докторӣ ҳимоя карда, ба дарёфти унвони доктори илмҳои педагогӣ муваффақ гардидааст. Дар ҷумҳурӣ аввалин доктори илм дар соҳаи назария ва методикаи таълими математика мебошад. Аз соли 2002 дар вазифаи мудири кафедраи методикаи таълими математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва профессори ҳамин кафедра кор мекунад. Моҳи феврали соли 2003 дар асоси озмун ӯро узви вобастаи Академияи илмҳои педагогӣ (ҳоло Академияи таҳсилоти Тоҷикистон) интихоб намуданд.
Доираи фаъолияти илмӣ, илмӣ — методии устод Мансур Нуъмонов хеле фарох мебошад. Ӯ оид ба сохтори системаи методии таълим, фалсафа ва методологияи таҳсилот, фалсафа ва таърихи математика, робитаи байнифаннӣ, проблемаҳои муосири дидактика ва ғайра тадқиқот анҷом медиҳад. Муаллифи зиёда аз 670 асари илмӣ-методӣ мебошад, ки қисме аз онҳо дар хориҷи кишвар ба табъ расидаанд. Таълифоти ӯ 7 монографияи илмӣ, 2 барномаи таълим барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ, 11 барномаи таълим барои донишгоҳҳои омӯзгорӣ, 2 барномаи таълим барои коллеҷҳои омӯзгорӣ, 27 воситаи таълим ва маводи дидактикӣ барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумию донишҷӯёни донишгоҳҳои омӯзгорӣ ва муаллимон, стандартҳои давлатӣ оид ба математикаи мактаби таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегиранд. Таҳти назари Мансур Нуъмонов 37 маҷмуаи илмӣ ва дастури методӣ ба чоп расидааст. Ин шахсияти маъруф дар тайёр кардани кормандони соҳаи илм саҳми калон дорад. Бо роҳбарии ӯ 4 нафар рисолаи докторӣ ва 40 нафар аспиранту унвонҷӯ рисолаи номзадӣ дифоъ кардаанд ва ҳоло роҳбарии 7 нафар аспирант, 12 нафар унвонҷӯи дараҷаҳои илмии номзадӣ ва докториро ба уҳда дорад. Аз соли 2009 раиси Шурои дифои рисолаҳои номзадӣ оид ба назария ва методикаи таълими математика дар назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад.
Устод Мансур Нуъмоновро соли 2003 бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» қадр намуданд.
Устод ҳам инсони хубанду ҳам олими донишманд. Имсол ба синни мубораки 75 қадам гузоштанд. Ин санаи муборакро барояшон табрик мегӯем.

Абдулфаёз ОДИНАЕВ,
саромӯзгори кафедраи методикаи
таълими информатикаи
ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ,
Малика БАЖОВА,
саромӯзгори кафедраи методикаи
таълими математикаи
ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ