МАВЗУЪҲОИ ҶОЛИБ, НИГОШТАҲОИ МУАССИР

(«Омӯзгор», №24, 15 июни соли 2023)

Ҳафтаномаи «Омӯзгор» дар баробари иҷрои рисолати аслии худ – инъикосу баррасии рухдодҳои соҳаи маориф ва масоили марбут ба таълиму тарбия ба ҳаводиси муҳимми сиёсию иқтисодии ҷумҳурӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, вобаста ба ин хабару мақолаҳо чоп мекунад. Аз ин ҷост, ки шумораи навини ҳафтанома (№24, 15.06.2023) бо хабари расмӣ дар бораи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар, муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, ки ҳафтаи гузашта баргузор гашт, оғоз ёфтааст. Ҳодисаи дигари муҳиму ифтихорӣ дар ибтидои моҳи равон баргузор гаштани сабқати байналмилалӣ оид ба ҷудо – Гран-прии Душанбе -2023 дар пойтахти кишварамон буд. Ба ин муносибат дар саҳифаи дуюми «Омӯзгор» мақолаи муҳтавоманду пурдалели ректори ДТҶТ ба номи С.Раҳимов, доктори илмҳои педагогӣ Шодӣ Сафаров бо унвони «Шуҳрати ҷаҳонии варзиши тоҷик афзуд» чоп шудааст. Саҳифаи сеюми нашрия иттилоотро дар бораи чанд рухдоди навин дар соҳаи маорифи мамлакат фаро мегирад. Аз ҷумла, хабар дода мешавад, ки вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳим Саидзода дар ноҳияи Кӯшониён бо ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз ин ноҳия вохӯрд ва ба онҳо аз номи Вазорати маориф ва илм туҳфаҳо тақдим кард. Иттилои дигар ба пирӯзии омӯзгори химияи мактаби №2-и ноҳияи Данғара Назокат Маҳмадиева дар Форуми ҷаҳонии «Мактабҳои 2030», ки дар Португалия баргузор гашт, бахшида шудааст. 8 июни соли равон дар Кохи Суруши пойтахт маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ миёни хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар ба вуқуъ пайваст. Мақолаи мухбири ҳафтанома С.Муродов бо номи «Дастовардҳои иштирокдорони олимпиадаҳои фаннӣ» ба ҳамин мавзуъ бахшида шудааст.
Дар мақолаи корманди нашрия Д.Мусоева «Комёбӣ аз мутолиаи бисёр аст» аз хусуси баргузории даврҳои якуму дуюми озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сухан ба миён омадааст (саҳ.4). Дар ҳамин саҳифа, ҳамчунин, мақолаи А.Муродӣ «Аз омӯзгор буданам мефахрам!» ҷой дода шудааст, ки аз фаъолияти омӯзгори варзида Н.Ҳакимова (ш.Панҷакент) ҳикоят мекунад. Хонандагони нашрия дар мақолаи А.Олимов «Сифати таҳсилот – муҳимтарин масъалаи соҳаи маориф» (саҳ. 5) бо андешаву баррасиҳои ҷолиби марбут ба такмили омӯзиш ошно хоҳанд шуд. Мутолиаи мақолаи Д.Аваз «Нусхаҳои ҳатмӣ ганҷинаи бебаҳояд» низ барои доираи васеи хонандагон судманд аст. Китобҳои дарсӣ муҳимтарин воситаи таълиму тарбияи босамаранд ва аз ин рӯ, чопу дастраси дабистонҳо кардани онҳо, мазмуну муҳтаво, ороишу сифат ва забони китобҳои дарсӣ аз масоили мубрами соҳаи маориф аст. Вобаста ба ин мавзуъ бо ибтикори Вазорати маориф ва илм мунтазам вохӯриву мулоқот, машварату ҳамоиши муаллифони китобҳои дарсӣ ва гурӯҳе аз устодону мутахассисон баргузор карда мешавад.
Аз ҳамоиши навбатие, ки ба ин мавзуъ бахшида шуд, дар ҳафтанома гузориши муфассали С.Набизода ва Ф.Раҳмонзода бо номи «Идеологияи миллӣ ва такмили мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ» ба чоп расидааст (саҳ. 7-8), ки мутолиаи он барои кулли кормандони соҳаи маориф судманд хоҳад буд.
Силсилаи хабару мақолаҳое, ки дар саҳифаҳои 8-9-и нашрия чоп шудаанд, бештар ҷанбаи фарҳангию маърифатӣ доранд ва аз ҷумла, ба рӯзгору фаъолияти адабии чеҳраҳои маъруфи кишвар Розия Озод, Сотим Улуғзода ва Аминҷон Шукӯҳӣ бахшида шудаанд.
«Оё мафкураи динӣ идеологияи миллӣ шуда метавонад? мақолаи муфассалест (саҳ.10-11) марбут ба масъалаи мубрами рӯз. Муаллифи он А.Зарифӣ бо далелҳои ҷолибу руҷуъҳои таърихӣ ва муҳокимаву мулоҳизаҳои қавии мантиқӣ перомуни давлатдории миллӣ, сиёсати давлатӣ ва амалиёти нафратбори гурӯҳҳои ифротгаро сухан ба миён овардааст. Мақола дар ҳошияи мақолаи машҳури сиёсатмадори варзида С.Ятимов «Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад» нигошта шудааст ва саршор аз ғояҳои ватандӯстист.
Дар саҳифаҳои минбаъдаи ҳафтанома (12-15) ба мутолиаи хонандагон мақолаҳо дар мавзуъҳои бузургдошти ваҳдати миллӣ, муҳтавои китоби «Тоҷикон», ифтихори ватандорӣ, баргузории аттестатсия дар мактабҳо, рисолати волидон, китобҳои тозанашр… пешкаш гардидаанд. Чанде аз мақолаҳо ба ҳукми анъана аз фаъолияти ибратбахшу самарбори омӯзгорони номвару соҳибистеъдод нақл мекунанд.
Дар саҳифаи охирини «Омӯзгор» чанд эълон ҷой дода шудааст…
Ин тавзеҳи мухтасар худ бозгӯи он аст, ки шумораи навини «Омӯзгор» низ чун шумораҳои пешин фарогири матолиби рангину ҷолибу муассир буда, мақбули хонандагон хоҳад гашт.

Навбатдори шумора
А.Муродӣ