ДАР ХИДМАТИ ХАЛҚУ ВАТАН

Ҳар гоҳ ки сухан аз соҳаи маориф ва ситоиши аҳли таълиму тарбия ба миён меояд, бисёр душвор аст аз ёдкарди шоҳбайти ҳикматбори зер, ки хеле машҳуру сари забонҳо гардида, худдорӣ намудан: «Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор, Шавад тира аз бехирад рӯзгор». Умдатарин махсусияти дилпазири ин ҳикмат дар он аст, ки пайванди қавию эътирофшуда бо воқеият дорад ва ин воқеиятро ба таври муассир, бо санъати баланди суханварӣ бозгӯӣ мекунад. Дар ҳақиқат, аҳли маориф – омӯзгорон чароғи ҳамешафурӯзони ҷомеаанд, ҷодаҳои ҳамагонро ба сӯи илму маърифат, зиндагии шоистаю самарбор мунаввар мекунанд, ҳидоятгари роҳи ростину рӯзгорони бобарору мондагоранд. Рисолати волотарини омӯзгор дар ҳар давру замон ва дар ҳар ҷомеа даъвати мардум, хурду калон ба илмомӯзию донишварӣ, ба соҳибҳунару маърифатоин будан, ба фаъолияти барои халқ манфиатовар гаравидан ва мудом ба накукорию созандагӣ шуғл варзидан будаасту то ҷаҳон боқист, ингуна хоҳад монд.
Аз ин ҷост, ки нуфузу эътибору пешрафту барори ҳар кишвар ба муносибати он ба омӯзгор ва аз истифодаи неруи тавоною офарандаи ин шахси муътабар вобаста аст. Эътимоду ихлос ба омӯзгор, ба устод дар байни халқи тоҷик хеле қавию устувор мебошад. Тоҷикон аз қадим баҳри уқдакушоии ҳар мушкилашон, пеш аз ба иқдоме даст задан, барои ба маъние дуруст сарфаҳм рафтан ва бо ҳадафи дар сатҳи баланду дилписанд баргузор намудани маъракаҳои гуногунашон, пеш аз ҳама, рӯи ниёз ба омӯзгор меоварданду имрӯз низ ҳамин анъанаро пос медоранду риоя мекунанд. Барои тоҷикон «Қадри устод аз падар беш аст, В-аз падар устод дар пеш аст».
Бо фарорасии истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон марҳалаи нави муносибати шоиста ба аҳли маориф оғоз ёфт. Давлати соҳибистиқлоли тоҷикон барои бунёди ҷомеаи навин, тантанаи сулҳу ваҳдат ва ба ватандӯстию маърифатмандӣ, бунёдкорию созандагӣ даъват кардани ҳамагон рӯй ба аҳли маориф овард ва ба неруи бузурги зеҳнии онҳо эътимод баст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустгомҳои худ ба арсаи сиёсат арзи ихлосу эҳтиром ба омӯзгорон карданд, онҳоро ба ҳамкорӣ даъват намуданд ва эълон доштанд, ки дар бартарафсозии кулли мушкилоти давлати тозаистиқлоли тоҷикон аҳли маориф нақши меҳварӣ доранд. Баъдтар маориф дар ҷумҳурӣ соҳаи афзалиятнок эълон шуд, ки ин худ барҷастатарин нишони эътимод ба ин соҳаи тақдирсози миллат гардид. Сарвари кишвар борҳо ва батакрор нақши муҳимми аҳли маорифро дар ҷомеа таъкид карда, аз ҷумла, иброз доштанд: «Ҷомеае, ки ба аҳли маориф, ба устод, омӯзгор, зиёӣ эҳтиром намегузорад, ба пешрафт муваффақ шуда наметавонад».
22 декабри соли 2005 Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус бо аҳли маорифи мамлакат мулоқот ороста, аз хидматҳои бузурги омӯзгорони кишвар дар марҳалаи хеле ҳассосу пурихтилофи ҳаёти ҷумҳурӣ сухан ба миён оварданд ва бори дигар эътимоди давлату миллатро ба аҳли таълиму тарбия таъкид карданд. Президенти ҷумҳурӣ соҳаи маорифро «неруи асосии пешбари ҷомеа» хонданд ва низ иброз доштанд, ки «тақдири имрӯзу фардои миллат, пеш аз ҳама, ба фаъолияти аҳли маориф вобаста аст». Дар заминаи чунин эҳтирому ихлос ва бовару эътимод ба омӯзгорон Сарвари кишвар аз нахустдавраҳои роҳбариашон ба ҷумҳурӣ барои ҷалби аҳли маориф ба вазифаҳои масъулиятбори давлатӣ ҷидду ҷаҳд намуданд ва иҷрои як қатор вазифаҳои муҳимму калидии давлатӣ ба зиммаи омӯзгорон вогузошта шуд. Пешвои миллат омӯзгоронро «шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он» хонда, вобаста ба ин авло медонанд, ки ашхосе бо чунин фазилатҳои ҳамида ба корҳои давлатдорӣ ҷалб шаванд, то обрую нуфузи давлат ҳар чӣ бештар боло равад, аҳли ҷомеа ба имрӯзу фардои шукуфои мамлакат, ба зимомдорони он эътимоди қавию самимӣ дошта бошанд. Чун аҳли маориф дар вазифаҳои масъулиятбор ба таври шоиста фаъолият карданд, ихлосу эътибори Сарвари кишвар ба онҳо боз ҳам афзуд ва ин муҷиби он гашт, ки теъдоди омӯзгорон дар мақомоти давлатӣ ва дар идораҳои бонуфуз боз ҳам биафзояд. Солҳои охир аз сафи омӯзгорони фаъол баргузидан ба вазоифи роҳбарӣ дар ҷумҳурӣ боз ҳам афзудааст. Бо фармону қарор ва дастури Президенти мамлакат ҳамасола теъдоде аз аҳли маориф дар вазифаҳои давлатӣ оғози фаъолият мекунанд ва дар ин замина мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ иҷрои масъулиятбортарин вазифаҳоро дар маҳалҳо ба ихтиёри омӯзгорон вомегузоранд. Аз ин хусус метавон мисолҳои фаровон овард (ин як рӯйхате хоҳад шуд иборат аз чандин сафҳа), вале ин ҷо бо овардани чанд далел дар давоми ду-се соли охир иктифо мекунем.
Маҳз дар заминаи эътимоди Сарвари кишвар ба аҳли маориф соле чанд қабл аз ин муовинони вазири маориф ва илм Фатҳиддин Усмонзода ва Бозоралӣ Одиназода ба вазифаҳои баланд-раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва раиси ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ таъйин шуда буданд (Айни замон онҳо дар дигар ниҳодҳо фаъолият доранд). Ба вазифаҳои муовини раиси шаҳри Душанбе таъйин шудани Дилбар Одилзода (собиқ директори мактаби Президентии шаҳри Кӯлоб), муовини раиси ноҳияи Синои пойтахт таъйин шудани Ситора Сафарализода (собиқ директори филиали ДҶТИБКСМ)-ро, ки аз рухдодҳои навин дар соҳаи маориф аст, аҳли ҷомеа бо камоли ифтихору хушнудӣ пазируфтанд.
Айни замон дар вазифаҳои масъули давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз шаст нафар, ки собиқаи омӯзгорӣ доранд ва чун омӯзгорони муваффақ эътироф шудаанд, кор мекунанд. Аз ҷумла, Одинашо Мардзода-раиси ноҳияи Ванҷ, Абдулназар Абдулназарзода-муовини раиси ВМКБ, Ҳабиб Гулбек-муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ, Диловар Қосимӣ-муовини раиси ноҳияи Роштқалъа, Лайло Чоршанбеева-муовини раиси ноҳияи Рӯшон, Парӣ Ғуломҳайдарова-муовини раиси шаҳри Хоруғ, Почобибӣ Абдураҳмонзода-муовини раиси ноҳияи Дарвоз, Носир Суризода-муовини раиси шаҳри Хоруғ, Гулғунча Саидарабзода-муовини раиси ноҳияи Шуғнон, Умедҷон Лундишоев-роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ванҷ, Умед Асанбеков-раиси Ҷамоати деҳоти Сежди ноҳияи Роштқалъа.., ки чанд сол боз дар ин вазифаҳо сарбаландона ва бо масъулияти том кор мекунанд, қаблан дар таълимгоҳҳои вилоят фаъолияти пурсамар доштанд.
Дар вилояти Хатлон низ дар як қатор вазифаҳои давлатӣ собиқ омӯзгорон фаъолият доранд. Ба гунаи далел метавон чанд нафарро номбар кард: Амонулло Салимзода-муовини якуми раиси вилояти Хатлон, Ҷамшед Саидзода-раиси ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Абдурозиқ Ризозода-раиси Шурои иттифоқи касабаи вилояти Хатлон, Кенҷамо Маҷидова-муовини раиси шаҳри Кӯлоб, Бибинисо Уроқова-муовини раиси ноҳияи Темурмалик, Искандар Суннатуллоев-муовини раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, Бахтиёр Сафаров-корманди масъули дастгоҳи раиси вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, Шамсия Нозимова-раиси Ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб, Амина Гулмадова-раиси Ҷамоати деҳоти Ҳулбуки ноҳияи Восеъ, Мошариф Шоҳахмедова-раиси Ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ…
Эҳтиром ва эътимод ба аҳли маориф дар партави сиёсати маърифатпарваронаи Пешвои миллат дар вилояти Суғд низ дар сатҳи баланд аст. Дар вазифаҳои давлатию ҷамъиятӣ ин ҷо беш аз сад нафар собиқ омӯзгорон ба таври шоиста ва пирӯзмандона кор мекунанд. Аз ҷумла, шахсони зер, ки аслан пешаи омӯзгорӣ доранд, ҳоло дар вазифаҳои давлатӣ фаъолият доранд: Зайнура Азимӣ – муовини раиси вилояти Суғд, Раъно Ҳошимзода – раиси шаҳри Гулистон, Мавсума Муинӣ — раиси ноҳияи Айнӣ, Дилором Турсунзода- муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ганҷина Нуруллозода- муоивини раиси ноҳияи Деваштич, Зайнура Умарзода-муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ, Фирӯза Нуруллозода- муовини раиси шаҳри Хуҷанд, Гулсара Зокирзода- муовини раиси ноҳияи Айнӣ… Дар ноҳияи Айнӣ сарварии чор ҷамоати деҳотро собиқ омӯзгорон ба зимма доранд. Ҳамчунин, аз вилояти Суғд омӯзгорони собиқ Гулбаҳор Назирӣ, Дилрабо Мансурӣ, Муҷибахон Ҷавҳарӣ, Ғиёсиддин Шарифзода вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудаанд.
Ин номгӯйро вобаста ба ҳар минтақаи ҷумҳурӣ метавон хеле идома доду такмил бахшид.
Бовару эътимоду эътиқоди Сарвари кишвар ва Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба аҳли маориф, албатта, боиси ифтихору сарбаланди кулли алоқамандони соҳа мебошад. Хушбахтона, ҳамаи омӯзгороне, ки ба вазифаҳои масъулиятбори давлатӣ таъйин шудаанд, ба таври шоиста, сазовор ба эътиқоду бовари Пешвои миллат фаъолият доранд ва бо кору азму иродаи неки хеш собит кардаанд, ки барои ободию пешрафти Ватани маҳбуб ва зиндагии шоиставу осудаи халқи азизи худ бо тамоми ҳастӣ ҷидду ҷаҳд мекунанд ва аз умқи дил нидо доранд, ки «Ватан ҳар чи гӯяд, адо мекунем!» Амалу фаъолияти густардаву самарбори онҳо боз ҳам ишора бар он мекунад, ки дар ҳақиқат, «муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эҳтирому самимият нисбат ба аҳли маориф иброз доштаанд: «Бовари комил дорам, ки бо захираи бузурги зеҳнии ҷомеаамон, ки қисми асосии онро муаллимону устодон ва зиёиёни соҳаи маориф ташкил медиҳанд, мо аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ мебароем ва ояндаи шукуфои Ватану миллатамонро таъмин менамоем”.
Аҳли маориф барои эътирофу эътимод ихлосу эҳтиром ва бовару самимият нисбат ба омӯзгорон аз Пешвои муаззами миллат сипосгузоранд ва мекӯшанд, ки ҳамеша фаъолияти шоиставу ватандӯстона ва фарогир дошта бошанд, барои ободию пешрафти Ватани азиз ҳиссагузорӣ намоянд. Чӣ қадар хушоянду гуворост сазовори эҳтирому эътимоди Пешвои миллат ва халқи маҳбуби худ будан!

Абдурауф МУРОДӢ,
«Омӯзгор»