ТАШАККУЛИ ЗЕҲНИИ ХОНАНДАГОН

Дарсҳои забон ва адабиёти тоҷик дарсҳои омӯзиши ахлоқу маърифат, донишу хирад, фарҳанг ва таҷрибаи рӯзгори аҷдодод мебошанд. Омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик бояд тавре дарс гузарад, ки аз дарси худ ҳаловат барад ва хонанда дар дунёи пурҳаводиси ин фан сайри маънӣ ва баҳрабардорӣ кунад.
Олимони зиёде таҳқиқот кардаанд, то ки навъҳои зеҳни инсонро ошкор намоянд. Профессори амрикоӣ Ҳовард Гарднер соли 1983 пас аз таҳқиқоти зиёд ҳашт навъи зеҳни одами хурд ва калонсолро пешниҳод намуда буд: зеҳни шифоҳӣ-забонӣ (хондану эҷод кардан ва навиштанро дӯст медорад, хотираи хуб ва захираи бойи луғавӣ дорад), зеҳни мантиқӣ-риёзӣ (бозиҳои математикӣ), зеҳни биноӣ-фазоӣ (харита, расмҳо), зеҳни ҳаракат (моторӣ) (варзиш), зеҳни мусиқӣ-мавзунӣ (мусиқиро дар хотир мегирад ва сарояндаи хуб аст), зеҳни байнишахсӣ (дилсӯзу ғамхор), зеҳни дохилшахсӣ (ғалатҳояшро меомӯзад), зеҳни натуралистӣ (табиӣ) (диққат ба муҳити атроф). Ҳамаи мо навъҳои дар боло зикршуди зеҳнро дорем, аммо баъзеи онҳо суст ва баъзеи дигар хуб инкишоф ёфтаанд.
Таҷриба нишон медиҳад, ки душвортарин марҳала барои омӯзгор мавзуи дарсро чӣ тавр ба хонанда фаҳмонидан аст ва албатта, дар ин самт ташаккули зеҳнии хонанда дар маркази диққат қарор дорад. Барои ба мақсад расидан омӯзгор водор мешавад, ки аз методҳои гуногун истифода намояд, то ки дар зеҳни хонанда мазмуни мавзуи дарс боқӣ монад. Ман низ ҳамчун омӯзгори забон ва адабиёт ҳангоми таълими ин фан ба шогирдон методу усулҳои гуногунро дар иртибот ба навъҳои зеҳн истифода мебарам.
Барои ташаккули зеҳни хонандагон ба омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик лозим аст, ки аз як қатор методҳо, аз ҷумла, ангезиши зеҳн, хониши ифоданок, хониши эзоҳӣ, нақли хаттии ҳикоягӣ, нақли хаттии тасвирӣ, нақли хаттии таҳлилӣ, эссе, реферат, диаграммаи ВЕН, харитаи андешаҳо, шаршара, диаграммаи «Барои чӣ», инсерт, рӯзномаи дубахша ва ғайра истифода намояд, то ин ки ба мақсади худ расад. Инчунин, омӯзгор метавонад як қатор корҳои дигар, аз қабили ташкили мусоҳиба, муҳокимаронӣ, эҷоди шеър, ҳикоя, ахбор барои рӯзномаи деворӣ, таҳияи барномаи радиоӣ, ташкили баҳс ва ташкили «Дафтари омӯзиш»-ро дар миёни хонандагон ба роҳ монад.
Фарзод ПАҲЛАВОНОВ,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21,
ноҳияи Варзоб