ИЛОҶИ ВОҚЕА – ПЕШ АЗ ВУҚУЪ

Яке аз омилҳои маъмултарин, ки боиси ба авбошиву роҳзанӣ даст задани ноболиғон мегардад, истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоии ИНТЕРНЕТ аз тарафи ҷавонону наврасон мебошад. Бояд қайд намуд, ки имрӯз ҷавонону наврасон ва ҳатто калонсолони кишвар аз шабакаҳои иҷтимоии Mail.ru, Facbook, Odnoklassniki. com, Skype, Aqent, Mobimeet, Line, Whats App, TikTok, Telegram истифода мекунанд. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки дар оила ва мактаб нисбат ба тарафҳои манфӣ ва мусбати ИНТЕРНЕТ диққати махсус диҳем. Аз рӯи ҳисоботи оморӣ тақрибан 10-12%-и аҳолии Тоҷикистон аз шабакаҳои ИНТЕРНЕТ истифода мебаранд, ки дар байни онҳо 90%-и синну соли аз 12 — сола то 40 — сола мебошанд. Зикр кардан бомаврид аст, ки истифодаи шабакаи иҷтимоии Odnoklassniki. com дар байни ҷавонону наврасони деҳотӣ хеле паҳн гаштааст, ки ҷавонону ҷавондухтарон расмҳои худро дар ин шабака гузошта, бо худ рафиқони нав пайдо карда, соатҳои дароз бо гуфтугӯ машғул мешаванду аз дарсҳо қафо монда, ба ин васила сатҳи донишандӯзиашон паст мешавад.
Аз ин сабаб, дар кишварҳои Туркия ва Туркманистон бо калидҳои махсус истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро маҳдуд намудаанд. Ба падару модарон зарур аст, ки он уҳдадориҳои маънавию ҳуқуқиеро, ки дар таълиму тарбияи фарзанд қонун ба зиммаашон гузоштааст, истифода намуда, фарзандро дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ, тарбия намуда, нагузоранд, ки фарзандонашон сабтҳои электронӣ, дискҳо, китобҳо, варақаҳо, рӯзномаю маҷаллаҳои хусусияти шаҳвонӣ, зӯроварӣ, экстремистӣ ва террористӣ доштаро хонанду паҳн намоянд. Паҳлуи дигаре, ки ҷавонону наврасонро ба ҷиноят ва оворагардӣ оварда мерасонад, бекориву беиродагӣ ва муҳити носолим доштани бархе аз онҳо мебошад. Яъне, падару модар аз ҳам ҷудо шудаанд ё зӯроварӣ дар оила ҳукмфармост. Аксар ҷавонон шуғли муайян надоранд ва дар ҷое кор намекунанд. Ё худ ирода надоранд, ки барои касб гирифтан таҳсил бикунанд. Чунин ҳолат онҳоро ба доми фиреби гурӯҳҳои ҷиноятпешаву экстремистӣ мебарад ва оқибат бо дастури онҳо даст ба ҷиноят мезананд. Омили дигаре, ки боиси нигаронии аҳли ҷомеа гаштааст, истифодаи маводи мухаддир ё зуҳуроти нашъамандӣ мебошад. Аз рӯи ҳисоботи омории раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар минтақаи Кӯлоб дар соли 2022 552 нафар ҷавони синни 18-29 — сола гирифтори бемории нашъамандӣ гардидаанд. Волидайни нашъаманд кирдорҳои фарзандашонро аз хешу табор ва ҳамсояҳо пинҳон медоранд. Онҳо бояд донанд, ки нашъамандӣ ин бемориест, ки табобати саривақтиро талаб мекунад. Бо мақсади пешгирии ин амалҳои номатлуб, дар байни ҷавонону наврасон аз тарафи комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб оид ба риоя ва иҷрои қонунҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», ҳамчунин, вобаста ба «Худкушӣ ва худсӯзӣ», «Нашъамандӣ» «Ҷинояткорӣ дар миёни ноболиғон» дар давоми се моҳи соли 2023 дар байни хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимии №№4,5,9,10,11,12,26,37,40 ва мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ вохӯриҳо гузаронида шуданд. Дар доираи амалӣ намудани чорабиниҳои дар ин самт равонашуда дар се моҳи соли равон аз ҷониби аъзои комиссия дар ҳамкорӣ бо Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД-и шаҳри Кӯлоб 37 амалиёти муштараки мақсадноки пешгирӣ дар кӯчаю бозорҳо, маркази бозиҳои компютерӣ, масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта бо номҳои «Тартибот», «Наврас», «Гадоӣ», «Оворагард», «Салафанфурӯшӣ» ва чорабиниҳои дигари мақсаднок гузаронда шудаанд.
Тавре ки котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Шаҳло Раҳимова иброз дошт, дар се моҳи соли ҷорӣ аз тарафи 1 ноболиғ 3 лаҳзаи ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2022 34 ҳолат кам мебошад. Тавассути 37 амалиёти муштараки пешгирӣ 67 нафар ноболиғ боздошт карда шуда, нисбат ба волидайнашон ҷазои маъмурӣ тадбиқ карда шудааст. Мавсуф ҳамзамон, афзуд, ки дар се моҳи соли равон, бинобар сабаби иҷро накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нисбат ба 47 нафар падару модар бо дастрасии моддаи 90 КҲМ ҶТ протоколи маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 4800 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд.
Тибқи маълумоти Раёсати агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Кӯлоб, шумораи кӯдакони ятими кулл, ки дар қайди раёсат ҳастанд, 62 нафарро ташкил мекунад. Хуб мешуд, ки бо мақсади пешгирии ин амалҳои номатлуб дар байни ноболиғону наврасон аз тарафи шахсони масъул дар муассисаҳои таълимӣ, клубу китобхонаҳо ва марказҳои ҷавонон шабҳои саволу ҷавоб, ҳунарнамоии санъаткорон, вохӯрии шоиру нависандагонро доир намуда, ҷалби ҷавонон ба мусобиқаҳои варзишиву маҳфилҳои фаннӣ ҷоннок гардонда шавад. Бинобар ин, ниҳодҳои дахлдорро зарур аст, ки вобаста ба пешгирии ҷинояткории ноболиғону ҷавонон чораҳои зарурӣ андешанд. Бо ташкили ҳар қадар бештари марказҳои касбомӯзӣ ва таълими ҳунарҳои мардумӣ ва саноатӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ҷалби ҷавонон ба навъҳои гуногуни варзишу маҳфилҳои фаннӣ, пеши роҳи чунин падидаҳои номатлубро метавон гирифт.

Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»,
шаҳри Кӯлоб