Академик Бобоҷон Ғафуров бо офаридани китоби «Тоҷикон» миллати баруманду хирадсолори тоҷикро ба ҷаҳониён шинос намуд. “Тоҷикон” ҳамчун падидаи нодири таърихӣ дар ховаршиносии Шуравӣ, илми таърихнигории ватанию хориҷӣ эътироф гардид. Ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ то вопасин рӯзҳои умраш ба миллати азизи худ содиқ монд.
Аксари олимони сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, ховаршиноси машҳури амрикоӣ, профессори Донишгоҳи Ҳорвард Ричард Фрай ва шарқшиноси чех Иржи Бечка, ки борҳо ба Тоҷикистон сафар анҷом додаанд, заҳматҳои Бобоҷон Ғафуровро хеле баланд арзёбӣ карда, шуҳрати ӯро боз ҳам афзудаанд. “Тоҷикон” соли 1998 ба истиқболи 1100-солагии давлати Сомониён ва 90-солагии зодрӯзи академик Бобоҷон Ғафуров бо ҳуруфи кириллӣ ва хати арабиасоси тоҷикӣ, соли 2008 бахшида ба 100-солагии аллома ва соли 2011 ба муносибати 20-солагии Истиқлоли давлатӣ бо забонҳои англисӣ (аз рӯи матни русии он) чоп шуд. Тарҷумаи порчаҳои алоҳидаи он соли 1977 дар яке аз маҷаллаҳои бонуфузи Ҷопон, соли 1978 дар Полша (Варшава), соли 2006 дар Деҳлии Ҳиндустон (бо забони англисӣ дар ду ҷилд), соли 1984 бо ҳуруфи арабиасос дар Кобул (Афғонистон) ва дигар кишварҳо ба чоп расид. Мактаби таърихнигории тоҷик маҳз бо ташаббуси олим ва академики барҷаста Бобоҷон Ғафуров ташаккул ва рушди бесобиқа ёфт. Китоби «Тоҷикон» дар заминаи «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» соли 1947 ба вуҷуд омад. Дар тақризи он нависандаи оламшумул, устод Садриддин Айнӣ ин падидаро «ҳодисаи бузург» номид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби «Тоҷикон»-ро «шиносномаи миллати тоҷик» ва заҳмати 30-солагии Бобоҷон Ғафуровро «хидмати Рустамона» гуфтаанд. «Тоҷикон» василаи таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва сарчашмаи худшиносии миллати тоҷик буда, муаллиф дар рафти омӯзиш ва таҳқиқи таърихи халқи тоҷик зиёда аз ду ҳазор адабиёти илмӣ ва сарчашмаҳои таърихиро мавриди истифода қарор додааст.
Мутолиаи “Тоҷикон” ҳар як хонандаро ба шинохти шахсиятҳои бузург роҳнамоӣ мекунад, дар вуҷуди ҳар як тоҷики бедор эҳсоси худшиносӣ, меҳанпарастӣ, дӯст доштани ин сарзаминро неру мебахшад.
Мутолиаи “Тоҷикон” моро бо таърихи пурифтихори мубориза ва давлатдориҳои хонадонҳои тоҷикон, аз ҷумла, хонадонҳои Сомониёну Саффориён, Тоҳириёну Ғуриён ва бо муборизаҳою пирӯзиҳои онҳо, бо маданияти баланди шаҳрдорию шаҳрсозӣ, боғдорию чорвопарварии ниёгон бештар ошно мекунад.
«Тоҷикон» поягузор ва парчамбардори таърихи миллати тоҷик мебошад, ин шоҳасар инъикосгари муборизаҳои далеронаи ниёгони тоҷикон дар марҳилаҳои мухталифи таърихӣ ба муқобили аҷнабиён аст.
Ман ҳамчун шоир ва омӯзгор аз мутолиаи китоби «Тоҷикон» илҳом гирифта, дар ҳошияи ин асари таърихӣ бо номи «Атласи лавҳу қалам» шеъре эҷод намудам ва умедворам, ки ба хонандагони нашрияи “Омӯзгор” писанд хоҳад омад.
Шаҳкитоби рӯзгорам «Тоҷикон»,
Ифтихори ман, шиорам «Тоҷикон».
Тоҷики ман кист, омад аз куҷо?
Ҳақшиносу ҳақгузорам «Тоҷикон».
Тоҷиконро кард машҳури ҷаҳон,
Шуҳрати халқи баорам «Тоҷикон».
Бо ҳама бурҳону асноду далел
Довари таърихнигорам «Тоҷикон».
Ҳуҷҷати ин миллати лашкаршикан,
Ҳамчу фавҷи шаҳсаворам «Тоҷикон».
Ҷой дорад дар дилу дар дидаҳо,
Миллатамро посдорам «Тоҷикон»!
Бобоҷони НУРЗОД,
омӯзгор ва шоир
