ВОХӮРӢ БО ОСАМА МАККАВИ

29-уми майи соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илм вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо роҳбари Намояндагии хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави баргузор гардид.
Зимни сухани ифтитоҳӣ Р. Саидзода аз рушди ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) изҳори қаноатмандӣ намуд ва қайд кард, ки Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон аз соли 1993 инҷониб фаъолият менамояд ва яке аз шарикони асосии рушди соҳаи маориф ба шумор меравад. Вазири маориф ва илм иброз дошт, ки вохӯрии имрӯза дар рушду тавсеаи ҳамкориҳо, махсусан, амалисозии лоиҳаҳо дар соҳаи маориф ва илм саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Дар навбати худ Осама Маккави иброз намуд, ки Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ҳамеша ҷиҳати рушди ҳамкориҳо ва иҷрои лоиҳаҳои муштарак бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон