ПЕШВОИ МИЛЛАТИ МО – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияту сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ҳастанд, зеро бо ташаббусҳои наҷиби хеш ва пешниҳодҳои ҷолибашон вобас-та ба ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра дар саросари олам маъруфу машҳуранд.
Нишасти сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар нахустин Саммити “Чин – Осиёи Марказӣ” бори дигар ин ҳақиқатро собит намуд. Суханони самимонаи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар муроҷиат ба Сарвари давлати мо, ки хеле самимона буд, далели ин маънист: “Шумо, ҷаноби Президент, миёни мо, сарварони давлатҳо, аз ҳама сиёсатмадори пуртаҷриба ба шумор меравед ва дар саргаҳи таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай истода будед. Шумо хеле сиёсатмадори хирадманд ва дурбин ҳастед ва дар рушди муносибатҳои дуҷониба нақши калидӣ мебозед. Пешниҳод ва андешаҳои Шумо барои мо ниҳоят муҳим мебошанд”.
Ин эътирофи сарвари яке аз бузургтарин давлатҳои ҷаҳон, воқеан боиси ифтихори ҳар яки мо, сокинони хушиқболи Тоҷикистони азиз аст. Ин таъкиди роҳбари яке аз бузургтарин мамлакатҳои олам, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ аз мақом ва нуфузи хосе бархурдор аст (“пешниҳод ва андешаҳои Шумо барои мо ниҳоят муҳим мебошанд”) мазмуну моҳияти бузургеро дорост. Яъне, пешниҳодҳои дурбинона, андешаҳои созанда ва мавқеи устувори Пешвои миллати мо мавриди эҳтирому эътирофи сарварони кишварҳои бузурги олам буда, шахсияти таъсиргузори сиёсати ҷаҳонӣ буданашонро нишон медиҳанд.
Воқеан, вақте ки мо ба пайроҳаи сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тавассути сиёсати оқилонаву хирадмандонаашон давоми солҳо ба шоҳроҳ табдил ёфтааст, назар намоем, мебинем, ки ин шахсияти фарзона дар замони пуртазоди муосир, ки ҳар лаҳзаи он ҳассос аст, ҳамеша ба мавқеъгириҳои оқилонаашон дар пешбурди сиёсати хориҷии мамлакат муваффақона амал кардаанд ва ин амалкардҳояшон ҳамеша ба манфиати миллату давлати мо, ҷонибҳои дигар ва ҳам сиёсатҳои минтақавию ҷаҳонӣ буду ҳаст. Ин воқеиятест, ки ҳар яки мо ҳамарӯза дар ҳама самтҳои ҳаёти мамлакат ба хубӣ мушоҳида мекунем.
Акнун боиси ифтихори бузург аст, ки ин ҳақиқат дар сатҳи ниҳоят баланд низ эътирофу изҳор мегардад. Далели возеҳи ин гуфтаҳо Саммити якуми “Чин – Осиёи Марказӣ” аст, ки дар он Пешвои муаззами миллати мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чеҳраҳои асосӣ ва меҳварӣ буданд. Инро мо дар пахши густардаи нишасти муҳимми байналмилалии мазкур шоҳид будем. Дар ҳақиқат, муҳтавои суханрониҳо ва пешниҳодҳои Сарвари давлати мо, ки ба муҳимтарин масъалаҳои ҳамкориҳои байнидавлатию минтақавӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ бахшида шуда буданд, дар шароити муосири ҷомеа ниҳоят саривақтӣ мебошанд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба вазъи мураккабу зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳо дар ҷаҳон ва минтақа иброз доштанд, ки маҳз бо дарназардошти ин ҳолат аҳаммияти ҳамкории кишварҳо дар доираи ҳамоиши “Чин-Осиёи Марказӣ” афзун мегардад. Сарвари давлат мавқеи устувори Тоҷикистонро дар роҳи мустаҳкам кардани ҳамкории гуногунҷанба дар чаҳорчӯби ҳамоиши “Чин-Осиёи Марказӣ” ҷиҳати таъмини амну субот, таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди устувор таъкид карданд.
Шоистаи зикр аст, ки далели дигари сиёсати муваффақи Роҳбари давлати мо, ҳамзамон, дар доираи иштирок дар Саммит сафари давлатиашон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин буд. Мо шоҳиди он будем, ки дар мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин чандин санади нави ҳамкорӣ қариб дар ҳама соҳаҳои ҳаёти кишварҳо бо дарназардошти манфиатҳои ҳар ду ҷониб ба имзо расиданд, ки дар раванди ҳамкориҳои густардаи байнидавлатӣ саҳифаҳои тозаеро боз мекунанд ва ба пешрафту рушди бештар мусоидат менамоянд.
Дар ҳақиқат, шарикии стратегӣ бо Чин барин мамлакати бузург нишони сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат аст, ки давоми солҳо ба ин сатҳи баланд расид. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки давоми се даҳсола муносибатҳои мо ва Чин дар асоси усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому эътимоди мутақобила босуръат рушд ёфтанд, ки боиси қаноатмандист, зеро он ба манфиатҳои дуҷониба нигаронида шуда, ба рушди соҳаҳои ҳаёти мамлакати мо мусоидат мекунад.
Сангин ГУЛЗОД,
Хушдил РАҲИМҶОН,
устодони кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети
журналистикаи ДМТ