ТАРБИЯИ МИЛЛӢ – НЕРУИ ПЕШБАРИ ҶОМЕА

Дар ҳошияи мақолаи «Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад» — и профессор С. Ятимов
Мақолаи таҳлилии профессор С. Ятимов – «Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад» бардошт аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23. 12. 2022) мебошад ва андешаву афкори баёнгардида тақозо мекунад, ки мо дар пайравӣ ба афкори солими ниёгонамон амал карда, дар пешбурди соҳаҳои ҷомеа, алалхусус, илму фарҳангу маориф дастболо бошем.
Воқеан, чунонки муаллифи мақолаи мазкур қайд намудааст: «Аз муҳимтарин масъалаҳои дигаре, ки дар Паём мавриди баррасӣ қарор дода шуд, вазъи соҳаи маориф ва рушди маърифатнокӣ дар солҳои наздик ва дарозмуддат мебошад». Бояд гуфт, ки мавзуи меҳварии навиштаи мазкур низ маориф ва илм аст, ки инсонро ба кӯи мурод мерасонад. Президенти мамлакат дар Паём ишора намуданд, ки «дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард». Ин ғамхории давлат имкон медиҳад, ки пешрафти соҳаи маориф назаррас гардида, ба рушди иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва дигар соҳаҳои ҷумҳурӣ мусоидат намояд. Зеро ҳама пешрафту тараққиёти ҳар миллат ба кадрҳо вобастагии зич дорад ва дар тайёр намудани кадрҳои баҳушу санҷидашуда маҳз маориф кафил ва саҳмгузор аст. Биноан, таваҷчуҳ ба соҳаи маориф саривақтию даркорӣ буда, ҷанбаи бунёдию таърихӣ дорад. Бино ба таъкиди муаллифи мақолаи фавқуззикр, «Бузургтарин олимони ҳама давру замон асос гузоштан ва ҳифз кардани сохти давлатдориро берун аз масъулияти мактаб шиори хушку холӣ ва амали бебунёд ҳисобидаанд».
Профессор С. Ятимов аз илмҳои гуногуни дунё ва муосир бо овардани мадракҳои муътамад собит менамояд, ки мактаби имрӯзаи насли навини тоҷик бояд бо барномарезиҳои ватандӯстона аз ҳар гуна андешаҳои пессимистона канораҷӯйӣ бикунад. Дар он тарғиби ватандӯстиву ҳувияти миллӣ, дӯст доштани марзу буми кишвар ва ҳимояи аз ҳама гуна душманони ғаддор аз масоили меҳварӣ бошад. Вобаста ба ин, муаллиф таъкид намудааст, ки «таълим ва тарбия муътақидгардон ба ҷаҳонбинии миллӣ, хештаншиносӣ ва худшиносии миллист. Вагарна сарфи беҳудаи вақт аст». Имрӯз, дарвоқеъ, муаллифони китобҳои дарсӣ ба ин масъала камар бастаанд ва минбаъд низ кӯшиш ба он хоҳанд кард, ки дар барномасозӣ ва навиштани китобҳои дарсӣ аз чунин масоил сари кор бигиранд.
Дар ин росто, адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик метавонад дар тарбияи ватандӯстии ҷавонони мо саҳм бигирад. Ба таъкиди Сарвари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад».
Чунонки муаллифи мақолаи «Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад» таъкид менамояд, «…яке аз мавзуъҳои марказии муҳокимаронии Сарвари давлат таъкид кардани нақши илм, дониш, мактаб, маориф, касбият ва тахассусмандӣ дар ҳаёти имрӯза ва ояндаи миллат мебошад». Бешубҳа Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо тавассути роҳандозии барномаҳои таълими касбу ҳунарҳои муосир ва васеъ ҷорӣ намудани омӯзиши амалии донишҷӯён бо роҳи пайванди илм ва истеҳсолот ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии мутахассисони соҳаҳои саноат ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, инчунин, иқтисоди рақамӣ тадбирҳои судмандро амалӣ месозад…
Мутаассифона, дар ҷомеаи мо баъзан пайвастани ҷавонон ба созмонҳои ифротиву зиддимиллӣ бо ҷурми ноқисии мафкураи миллӣ дар муносибатҳои ҷамъиятии ҷомеаи тоҷик – оила, мактаб, донишгоҳ, корхонаҳо ва муҳит ба назар мерасад. Бартараф кардани чунин камбудиҳо аз ҳар як узви фаъоли ҷомеа вобаста аст.
Бояд гуфт, ки илм дар таълимоти мутафаккирону адибон асоси бақою пояндагии ҷомеа ва ҷавҳари маърифат буда, паёми олиест, ки ҷӯяндаву пажуҳандаи он мубарро аз ҳама ғуборҳои ботинист ва дар зиндагӣ ҳамеша ҳадафмандона бо матонат роҳ мепаймояд. Таъкиди муаллифи мақолаи «Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад» ҳам маҳз ба тарғиби асолати миллӣ тавассути идеологияи замони муосир ихтисос дорад. Аз ин рӯ, бояд донист, ки ҳар гуна тарбия дар заминаи тарбияи миллӣ бояд сурат гирифта, беҳтарин андешаҳои миллии ватандӯстона тавассути маводи дарсии батабърасида манзури насли наврас гардонда шавад, то дар онҳо ҳисси миллӣ ҳарчи бештар парварида шавад.

Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»