ОМИЛИ МУҲИММИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ

Яке аз масъалаҳои муҳимми таҳкими давлатдории миллиро инкишофи худшиносии миллӣ ташкил медиҳад. Дар ҷомеашиносии назарӣ масъалаи худшиносӣ бо тамоми навъҳо ва шаклҳои зуҳуроташ ба ҷумлаи масъалаҳои марказӣ ва мураккабтарин ворид аст, зеро дарки амиқ ва фаҳми ҳамаҷонибаи моҳияту хусусият ва воқеияти ин падидаи муҳимми инкишофи таърихӣ чандон осон нест.
Ҳангоми омӯзиши масъалаи мазкур муҳаққиқон ба ҳолатҳое дучор мегарданд, ки амали якҷояи соҳаҳои донишҳои гуманитарию ҷомеашиносиро талаб доранд. Ба ҳар ҳол, новобаста аз сатҳи дарки масъала, раванди маърифати худшиносӣ ва махсусан, худшиносии миллии одамон аҳаммияти барҷаста пайдо намудааст. Худшиносии миллӣ метавонад ба омили муҳимми таҳкими давлатдорӣ табдил ёбад. Махсусан, дар давраи муосири инкишофи давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зарурати дарки амиқ ва тавсифи пурраю фаҳмои масъалаҳои асосии рушди давлатдории миллӣ ба миён омадааст.
Дар замони муосир зуҳуроти гуногунии худшиносии миллӣ дар таҳкиму такмили муносибатҳои миллӣ ва инкишофи давлати миллӣ ва инкишофи истиқлоли сиёсӣ саҳм мегиранд. Эҳтироми анъанаҳо, расму русум ва хосиятҳои дигари инкишофи таърихии халқу миллатҳо, аксаран ҳамчун омили пешрафт дар рушди муносибатҳои миллию этникӣ ва кишвардорӣ хидмат менамоянд.
Дар шароити муосир омӯзиш ва таҳлилу тадқиқи масъалаҳои худшиносии миллӣ, рушди ҳамаҷонибаи давлатдории миллӣ ва инкишофи истиқлоли миллӣ аҳаммияти илмию назарӣ ва амалию сиёсиро касб намудааст. Он имкон медиҳад, ки ҳолати рушди ҳаёти сиёсӣ дар кишвар ба таври пурра мадди назар бошад. Дар муносибати мазкур хосиятҳои асосии ташаккули худшиносии миллӣ дар ҷомеа ошкор карда мешаванд. Муайян карда мешавад, ки ҳувияти мардум дар соҳаҳои мухталифи ҳаёт, махсусан, дар ҳаёти сиёсӣ дар кадом сатҳ қарор дошта бошад. Дурнамои худогоҳии мардум маълум гардида, таъмини ҳаёти арзанда ба ҳар сокини кишвар ташаккул меёбад.
Дар олам даҳҳо миллату халқиятҳо вуҷуд доранд, ки кайҳо давлати миллии хешро эълон доштаанд ва худшиносии миллию сиёсии хешро пайдо намудаанд. Аммо то ба ҳоло сатҳи зарурии давлатдорӣ, ки идоракунии ҷомеаро самаранок гардонидааст, ташаккул надодаанд. Зеро аҳли ҷомеа ҳадафҳои ягона ва манфиатҳои муштарак надош-та, дар чунин замина натавонистаанд худшиносии миллиро, ки меъёри асосии дараҷаи инкишоф ва мустаҳкамию якпорчагии давлатдории миллӣ мебошад, ташаккул диҳанд. Аҳли ҷомеа бояд дарк намояд, ки бе ташаккули сатҳи зарурии худшиносии миллӣ рушди ҳамаҷонибаи давлатдории миллӣ ва инкишофи истиқлоли сиёсӣ воқеӣ намегардад.
Дар шароити имрӯза худшиносии миллию сиёсӣ ва инкишофи истиқлол дар ҳаёти сиёсии ҷомеа меафзояд. Масъалаҳое пайдо мешаванд, ки бе баҳисобгирии таркиби миллии аҳолӣ ва манфиатҳои онҳо ҳал намегарданд. Зеро миллат шакли олии таърихан ташаккулёфтаи умумиятҳои иҷтимоию этникии одамон буда, умумияти ҳаёти иқтисодӣ, забонӣ, ҳудудӣ, худшиносии миллӣ ва баъзе хосиятҳои муайяни маданият, урфу одат ва анъанаҳоро таҷассум менамояд.

Фарзона ДАВЛАТЗОДА,
омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино