Инсоният дар ҳама давру замонҳо ба муоширату забономӯзӣ эҳтиёҷ дошт, зеро танҳо забондонӣ одамонро бо ҳам дӯст, бародар ва наздик мекунад.
Ин масъала дар замони мо аҳаммияти бештар пайдо кардааст, зеро инсоният дар марҳилаи тараққиёти босуръати илму техника ва робитаҳои байналмилалӣ зиндагӣ дорад. Аз ин рӯ, донистани забонҳои маъруфи ҷаҳонӣ, ба монанди забони англисӣ, хитоӣ, русӣ ва ғайра муносибатҳои иҷтимоии одамонро наздик менамояд. Дар ҳақиқат, забондонӣ барои ҷавонону хонандагони мо, ки мехоҳанд дар ҷодаи илму маърифати имрӯза комёб шаванд, хеле зарур аст, зеро қариб тамоми асарҳои илмии имрӯзӣ ба забонҳои англисӣ, русӣ ва дигар забонҳои машҳури дунё навишта ва тарҷума шудаанд. Илова бар ин, давлату ҳукумати мо барои сафар кардан ба давлатҳои хориҷӣ ва ба тиҷорат сару кор гирифтан роҳи васеъ кушодааст, ки истифодабарандагони ин роҳро боз ҳам донистани забонҳои хориҷӣ зарур меояд.
Бояд зикр кард, ки роҳ ёфтан ба дили инсон ба забондонии худи шахс сахт алоқаманд аст. Он чи тарҷумон аз забони мо ба ҳамкори хориҷии мо тарҷума мекунад, сад дар сад мақсаду мароми моро ифода карда наметавонад. Сарчашмаи забономӯзӣ оила, кӯдакистон ва мактаб аст ва мо он вақт талабагонро ба забондонию забономӯзӣ завқманд мекунем, ки худамон забонҳои хориҷиро хуб донем. Ба қавли Хоҷа Ҳофиз:
Ҳон, эй писар, бикӯш, ки соҳибҳунар шавӣ,
То роҳрав набошӣ, кай роҳбар шавӣ?
Баҳрулло ХОҶАЕВ,
омӯзгори забони русии мактаби №22,
ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
