САРЗАМИНИ ҲУСНОРО

Тоҷикистон гӯшае аз биҳишти рӯи дунёст. Табиати дилфиребу кӯҳҳои сарбафалаккашидааш муъҷизаосоянд.
Зиндагӣ барои ҳар тоҷикистонӣ бе Тоҷикистон маъное надорад. Гарчанде имрӯзҳо мардуми тоҷик дар тамоми рӯи дунё ба корҳои гуногун, ба монанди сайёҳӣ, тиҷорат, таҳсил, муҳоҷират ва ғайраҳо машғул бошанду тӯли солҳои зиёд берун аз кишвар зиндагонӣ кунанд ҳам, бовар дорам, ҳамеша бо ёди Ватани биҳиштосои худанд. Ҳар кадоми онҳо орзуи дидани табиати мафтункунанда, боду ҳавои сафобахш, нони гарми танӯрӣ, оби хунуки дарёчаҳои деҳот, бозиҳои бачагӣ дар рӯйи сабзазори баҳорӣ, дашту саҳроҳои гулпӯш, дарахтони пур аз меваҳои шаҳдбори диёрро мекунанд.
Тоҷикистон дар фасли баҳор ба худ ҳусни хоса мегирад: доманаҳои сабзпӯш, гулзорҳо, дашту саҳрои сабз, ки аз сабзаи тару тоза ин рангро ба худ гирифтаанд, дарахтони гулрез дар деҳот, ба кишту кори заминҳо оғоз намудани деҳқонон, чарогоҳҳои пур аз ҳайвоноти хонагӣ манзараҳои зебоеро пеши назар меоранд.
Тоҷикистони ҷавон бо табиати дилрабо, обҳои мусаффо, канданиҳои фоидабахш, сангҳои қиматбаҳо, ёдгориҳои таърихӣ, растаниҳову обҳои шифобахш, мамнуъгоҳҳо, осоишгоҳҳо, бӯстонсарову гулгаштҳо, бо идҳои миллӣ, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, бо варзишгарону паҳлавононаш, бо анъанаҳои миллӣ, бо чакану атлас, адрасу қуроқ ва дигар зебоиҳо диққати тамоми оламиёнро ба худ ҷалб намудааст. Ҳар яки мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки як гӯшаи Ватанро обод созем. Тавре ки нависандаи бузурги рус Л.Н.Толстой гуфтааст: “Агар ҳар як шахс паси дари хонаи худро ҷорӯб занад, тамоми кӯча тоза мешавад.”
Дарвоқеъ, агар мо, мардуми сарбаланду сулҳпарвари тоҷик, гуфтаҳои бузургонро сармашқи кори худ намуда, дар ободии ҳар як гӯшаи диёрамон саҳми худро гузорем, Тоҷикистон боз ҳам зеботару дилоротар мегардад.
Имрӯзҳо сайёҳони зиёде аз тамоми манотиқи дунё ба мамлакати мо ташриф меоранд ва аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, манзараҳои зебои диёрамон дидан мекунанд.
Ин боиси боз ҳам афзудани обрӯю эътибори Ватани маҳбуби мо мешавад.
Диёри мо на танҳо бо зебоиву таровати гулҳои рангинаш, балки бо ҳунармандони воломақомаш низ миёни ҷаҳониён машҳур гаштааст. Тоҷикистон Ватани шоирону нависандагони бузург, ҳунармандони шинохтаи театру кино, сарояндагону композиторони машҳур, варзишгарони номбардору парчамбардори тоҷик, қаҳрамонони шуҷову далери миллат ба ҳисоб меравад.
Адолат ФАРОҒАТОВА,
омӯзгори МТМУ №9,
шаҳри Норак