СИФАТИ ТАҲСИЛОТ ВА ОМИЛҲОИ ТАКМИЛИ ОН

(Мусоҳиба бо мутахассиси пешбари шуъбаи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва технологияи инноватсионии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Набӣ Қодиров)
— Муаллими муҳтарам, дар оғоз мехостем, моҳияти мафҳуми сифати таҳсилотро шарҳу тавзеҳ бидиҳед. Тавре ки медонем, назари мактабшиносону мутахассисони соҳа дар ин масъала мутафовит аст.
— Аз нигоҳи мо, сифати таҳсилот фаъолияти таълимӣ ва омода намудани хонандагони муассисаҳои таълимӣ буда, омили асосии пешрафт ва такомулу таҳаввули мактабу маориф дар сиёсати давлат мебошад. Беҳтар гардидани сифати таҳсилот аз якчанд омил вобаста мебошад.
Яке аз омилҳое, ки ба баланд гардидани сифати таҳсилот ва сатҳи донишазхудкунии хонандагон ба гунаи ҷиддию амиқ мусоидат мекунад, замина ё пояи мустаҳками моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ба шумор меравад. Мутаассифона, ҳарчанд дар ин самт аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ амалҳои назаррасе анҷом дода шудаву барномаҳои зиёди давлатӣ аз ҷумла, хариди кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳ, компютеркунонии мактабҳои ҷумҳурӣ ва чанди дигар қабул гардида бошанд ҳам, ба сабаби дастгирӣ наёфтани муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо дар ин масъала таълимгоҳҳо бо компютеру тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо пурра таъмин нагардидаанд. Синфхонаҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо бо асбобу таҷҳизот, маводи физикавию химиявӣ, аз ҷумла, реактивҳо ба таври нокифоя муҷаҳҳазонида шудаанд. Зеро раёсату шуъбаҳои молияи ҳукуматҳои маҳаллӣ барои хариди технологияи нави муосир ва таъмини синфхонаю озмоишгоҳҳои физикаву химия ва биология маблағи зарурӣ ҷудо намекунанд. Ба як сухан, нисбат ба иҷрои бандҳои барномаҳои давлатӣ бепарвоию саҳлангорӣ зоҳир мекунанд ва ин бетафовутӣ солҳост, ки идома меёбад. Омили дигар, таҳияву таълифи маводи дидактикию таълимӣ аз ҷониби мутахассисон, хоса, муассисаҳои иртиботманди соҳаи вазорат ва дастрас намудани ин адабиёт ба таълимгоҳҳои ҷумҳурӣ мебошад. Боиси нигаронист, ки васоити таълимию методӣ, дастуру китобҳо доир ба методикаи таълими ину он фан ба табъ мерасанду бо теъдоди тамоман ночиз (100-200 нусха) ба муассисаҳои таълимӣ интиқол дода мешавад. Бахши аъзами ин таълифот тавассути мағозаю фурӯшгоҳҳо ба савдо бароварда мешаванд. Дигар ин ки, теъдоди адабиёту сарчашмаҳои иловагии методию таълимӣ хеле кам мебошанд.
— Солҳо боз мутахассисони ҷавони соҳаи омӯзгорӣ ба мактабҳо ҷалб мешаванд, вале сатҳи донишу ҷаҳонбинии аксари онҳо ба талаби рӯз ҷавобгӯ нест.
— Шумо дуруст таъкид намудед ва воқеан, ин «дарди куҳна» аст. Омӯзгорони ҷавон, ки хатмкардаи макотиби олии касбӣ ва миёнаи касбии омӯзгорӣ мебошанд, ба муассисаҳои таълимӣ ба кор пазируфта мешаванд, вале соҳиби донишҳои зарурӣ намебошанд. Аксари онҳо дар таҳияву мураттаб намудани нақшаҳои таълимӣ (мавзуӣ) – тақвимӣ дасткӯтоҳанд, конспект (фишурдаи дарсҳо)-ро дуруст навишта наметавонанд. Ҳол он ки онҳо ҳамчун мутахассиси оянда дар донишгоҳу коллеҷҳои омӯзгорӣ аз таҷрибаомӯзии касбӣ мегузаранд. Таассуфовар он аст, ки қисми зиёди мутахассисони ҷавон донишҳои мукаммали психологӣ низ надоранд. Муносибату муошират бо хонандагонро балад нестанд. Ва ин норасоӣ на танҳо ба мутахассисони ҷавон, балки дар умум, ба баъзе омӯзгорони собиқадор низ хос аст. Иддаи зиёди омӯзгорон аз ҷиҳати методӣ ба таври зарурӣ мусаллаҳ нестанд, дар машғулиятҳо аз усули муносибати босалоҳият ба таълим ба таври зарурӣ истифода намекунанд, ба хотири рушду такомул ва ташаккули касбии худ аз пайи худомӯзӣ камари ҳиммат намебанданд (танҳо бо китоби дарсӣ ва бӯру тахтаи синф иктифо мекунанд) ва амсоли инҳо. Омӯзгороне, ки саводи кофӣ ва таҷрибаи ғании педагогӣ доранд, ҳангоми банақшагирии мавзуъ, илова ба маводи китоб аз сарчашмаҳои гуногуни илмию методӣ истифода мебаранд. Мутаассифона, омӯзгороне вомехӯранд, ки аз доираи китоби дарсӣ намебароянд ва ҳатто маводеро, ки дар китоби дарсӣ оварда шудааст, ба хонанда ба таври амиқу ҳаматарафа фаҳмонда наметавонанд.
Ба андешаи мо, ин мушкилот ба якчанд омил вобаста аст. Аввал ин ки, чунин омӯзгорон сарбории зиёд (дарси зиёд) доранд ва барои мутолиаю омӯзиши адабиёти иловагӣ ва умуман, худомӯзӣ вақт надоранд. Дигар ин ки, онҳо ба такмили дониши худ машғул шуда наметавонанд, аз нигоҳи методӣ сустанд ва намедонанд, ки бо китоби дарсӣ чӣ гуна муносибат бояд кард.
Мо солиёни зиёд дар хусуси ташкил, гузарондан ва муаррифии таҷрибаи пешқадами омӯзгорону устодони муваффақ ва соҳибтаҷрибаю варзида сухан меронем. Аммо мушоҳидаҳо бозгӯйи онанд, ки механизми омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар муассисаҳои таълимӣ ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашудааст. Дар хусуси муаррифии таҷрибаи пешқадами омӯзгорон дар дигар таълимгоҳҳои кишвар ҳоҷати гап нест. Ҳатто роҳбарони муассисаҳои таълимӣ (директору муовинонаш) бо банд будан дар чорабинию ҷаласаҳои машваратии раёсату шуъбаҳои маориф ба соатҳои дарсии муқаррарнамудаи омӯзгорони ҷавон воридшуда ва маслиҳатҳои методӣ дода наметавонанд. Мутаассифона, ин воқеияти талх аст.
— Дар масъалаи таълифу нашри барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ, ки аз омилҳои асосии баланд гардидани сифати таҳсилот маҳсуб меёбад, чӣ мулоҳиза доред?
— Ба андешаи мо, барномаю китобҳои дарсӣ бояд таҷдиди назар шаванд. Китоби дарсӣ воситаи муҳими саводнок кардани хонандагони муассисаҳои таълимӣ буда, дар ташаккули шахсияти кӯдак ва ҷаҳонбинии ӯ нақши муҳим мебозад. Китоби дарсӣ бояд ба стандарту барномаи фан ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳа мутобиқ бошад. Стандарти таълимии фан, барномаи таълим ва китоби дарсӣ се ҳуҷҷате мебошанд, ки бояд дар мувофиқа бо ҳамдигар таҳия гарданд ва дар шакли бастаи ҳуҷҷатҳо (стандарт, барнома ва китоби дарсӣ) ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дастрас карда шаванд. Мутаассифона, баъзан шоҳиди он мешавем, ки ин ҳуҷчатҳо бо ҳам мувофиқат намекунанд ва дар ин масъала дар бисёр маврид таҳиягарони ин ҳуҷҷатҳо, бахусус, муаллифони китобҳои дарсӣ гунаҳкор нестанд. Тавре ки маълум аст, бо гузашти вақт (4 сол) китобҳои дарсӣ бознашр мешаванд ва тағйироте, ки дар ин муддат дар соҳаи илм ва умуман, ҳаёти ҷомеа ба амал меояд, дар китоби дарсӣ ворид карда мешаванд. Аммо дар баъзе ҳолатҳо стандарт ва барномаи фан бе тағйир мемонад ва ин боиси номувофиқатии барнома ва китоби дарсӣ мегардад. Хуб мебуд, агар пеш аз бознашри навбатии китоби дарсӣ, аввал стандарт ва барномаи таълимии фан таҷдиди назар ва тағйиру иловаҳои баамаломада ба онҳо ворид карда шаванд ва дар асоси он китоби дарсӣ таҳия гардад. Барои ҳалли мушкилоти мавҷуда шояд аз тарафи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Маркази таҳия ва таълифи китобҳои дарсӣ таъсис дода шавад, ки вазифаи он ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои марбута ба масъалаҳои стандарт, барнома ва китобҳои дарсӣ бошад. Бояд дар оянда китобҳои дарсӣ, барномаҳои таълим ва стандартҳои фаннӣ ба таври алтернативӣ таҳия, таълиф ва нашр карда шаванд. Пешниҳод мекардам, ки барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, сатҳи донишазхудкунии хонандагон, маърифату фарҳанг ва худшиносии миллии шаҳрвандони кишвар озмуни ҷумҳуриявии «Китобҳои дарсии беҳтарин» ба роҳ монда шавад. Баргузории озмуни «Китобҳои дарсии беҳтарин»-ро бо таъсис додани комиссияи босалоҳият, иборат аз мутахассисони варзидаи ин ё он фан, ки таҷрибаи кор дар мактабро доранд, ба роҳ мондан зарур аст. Боз ҳам беҳтар мешавад, агар ба ҳайати комиссия омӯзгорони соҳибтаҷрибаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ, ки ҳамарӯза бо ин китобҳо кор мекунанд, ҳамроҳ карда шаванд.
— Дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилот ва сатҳи донишазхудкунии хонандагон дар асоси таҳлилу андешарониҳои шумо чӣ корҳои амалиро бояд анҷом дод, ки натиҷаҳои қонеъкунанда ба даст ояд?
— Тавре ки дар оғози суҳбат баён доштем, бояд назорати раванди амалишавии мустаҳкам намудани базаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва мусоидат ба он тақвият ва пурзӯр карда шавад. Масъулони раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳӣ дар ин масъала камтаваҷҷуҳӣ зоҳир мекунанд. Пешниҳод доштем, ки масъалаи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо васоити техникӣ ва таҷҳизоти таълимии муосир зина ба зина, сар карда, аз маъмурияти мактабҳо, раёсату шуъбаҳои маориф ва ҳукуматҳои маҳаллӣ ба таври мунтазам ҳалли мусбати худро ёбад.
Барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва сатҳи донишазхудкунии хонандагон нақши падару модарон ва аҳли ҷомеа бузург аст. Ҳамчунин, шахсони саховатпеша ва соҳибкорон баҳри мустаҳкам намудани пояҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва бунёди мактабу биноҳои иловагӣ, таъмиру тармими таълимгоҳҳо, ҷиҳозонидани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо саҳм гузошта метавонанд. Масъалаи дигар, мусоидат намудан ба рушди касбии омӯзгорон маҳсуб меёбад. Барои ин чӣ корҳоро бояд анҷом дод? Нахуст, заминаҳои моддию техникӣ ва кадрии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбиро мустаҳкам бояд намуд. Ба хусус, ҳаматарафа дастгирӣ намудани кафедраҳои «Методикаи таълим»-и муассисаҳои олии касбӣ ва миёнаи касбӣ, таъмин намудани ин кафедраҳо бо кадрҳои баландихтисосе, ки аз мактабу таълими муосир огоҳии комил доранд (яъне дар мактаб кор кардаанду таҷрибаву малака ва маҳорати баланди педагогӣ доранд).
— Дар масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилот ва беҳтар намудани сатҳу сифати таълим ва донишазхудкунии хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби олимон ва кормандони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон чӣ корҳои назаррас анҷом дода мешаванд?
— Воқеан, аз тарафи олимон ва кормандони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот ва татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040» корҳои зерин: омӯзиш ва таҳқиқи нақша-чорабиниҳои муассисаҳои таълимӣ оид ба амалишавии барномаи мазкур («Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040»), муайян кардани ҳолати синфхонаҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо, омодагии омӯзгорон ба дарсҳо, арзёбии раванди машғулиятҳо (маҳорату малакаи касбии омӯзгорон) анҷом дода шуданд. Маълум аст, ки баланд бардоштани малакаҳои касбии омӯзгор аз бисёр ҷиҳат ба такмили ихтисос ва бозомӯзии онҳо вобастагӣ дорад. Дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилот, хусусан, сифати таълими фанҳои табиӣ-риёзӣ, пеш аз ҳама, назорати раванди таълими ин фанҳо, ҳолати кабинету озмоишгоҳҳои фаннӣ ва нақша-чорабиниҳои муассисаи таълимӣ оид ба татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040»-ро ба роҳ мондан лозим аст. Бо ин мақсад аз воситаҳои махсуси арзёбӣ истифода кардан айни муддаост. Воситаҳои арзёбӣ аз рӯйи меъёрҳо ва дараҷаҳои махсус муайян ва мушаххас карда мешаванд. Кормандони шуъбаи мо барои муайян кардани дар кадом сатҳ ё ҳолат қарор доштани сифати таҳсилот ва дараҷаи донишазхудкунии хонандагон дар таълимгоҳҳои ҷумҳурӣ аз варақаҳои махсус, аз ҷумла, варақаи муайян кардани ҳолати нақша-чорабиниҳои муассисаи таълимӣ оид ба татбиқи «Бистсолаи омӯзиши рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ», варақа барои муайян кардани ҳолати кабинети фаннӣ, варақаи муайян кардани омодагии омӯзгор ба дарс, варақаи арзёбии дарси омӯзгор ва фаъолияти хонандагон истифода мекунанд.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»