БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ

Дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо ташаббуси кафедраи методикаи таълими фанҳои табиӣ-риёзӣ мизи мудаввар дар мавзуи «Нақши такмили ихтисоси омӯзгорон дар амалигардонии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор гардид.
Дар он муҳаққиқон Субҳон Комилов дар мавзуи «Таҳлили муосири дарс – омили рушди касбии омӯзгорон», Умедҷони Файзалӣ дар мавзуи «Омӯзиши математика – омили рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ», Хуршед Сайдалиев дар мавзуи «Такмили ихтисос-механизми асосии рушди салоҳиятҳои касбии омӯзгорон», Мамадраҷаб Буронов дар мавзуи «Нақши физика дар рушди саноат ва пешрафти ҷомеа», Набӣ Қодиров дар мавзуи «Воситаҳо барои арзёбии раванди амалишавии бистсолаи омӯзиши фанҳои табиӣ-риёзӣ дар МТМУ», Муқимҷон Қаҳҳоров дар мавзуи «Аҳамияти рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҷомеа» ва Акобир Риоев дар мавзуи «Роҳҳои ташаккули маҳорати касбии омӯзгорон» маърӯза намуданд.
Дар мизи мудаввар кормандону омӯзгорони донишкада ва шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ширкат варзида, роҷеъ ба андешаи нотиқон ибрози андеша намуданд.
Мамадраҷаб БУРОНОВ,
омӯзгори ДҶТИБКСМ