ОБИ МО ОБОДИИ МО, ОБРӮИ МО БУВАД!

Аз шарофату баракату файзи истиқлол аст, ки мақому эътибори Ватани маҳбуби мо-Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ пайваста, марҳала ба марҳала боло меравад ва ҳамакнун, ҷумҳурии моро ҷаҳониён чун қаламрави амният ва меҳру муҳаббат, ошёни сулҳу ваҳдат ва минтақаи сайру саёҳат мешиносанду эътироф мекунанд. Ба афзудани обрӯю эътибори кишварамон дар паҳнаи олам, пеш аз ҳама, сиёсати башарпарваронаю хирадбунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусоидат кардааст.
Ташаббусу ибтикороти Сарвари кишвари мо вобаста ба масоили умдаи байналмилалӣ, чун ҳифзи ҳамешагию аҳлонаи сулҳ дар тамоми манотиқи сайёра, истифодаи оқилонаю сарфакоронаи оби тоза ва таъмини аҳолии дунё бо ин неъмати ҳаётбахш, ҳифзи пиряхҳо-манбаъҳои бузурги об… аз ҷониби аҳли тамаддун дар саросари кураи замин ҷонибдорию ҳамовозӣ пайдо карданд ва нуфузафзои Тоҷикистони соҳибистиқлол гардиданд. Пешвои муаззами тоҷикон оид ба аҳаммияту моҳияти истифодаи дурандешонаи оби тоза ва ҳифзи пиряхҳо аз минбарҳои баланду боэътибори ҷаҳонӣ, аз ҷумла, аз минбари Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ ва собит карданд, ки Тоҷикистон имрӯз узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонист ва барои бақою ободии сайёра ҷидду ҷаҳди пурсамар дорад.
Ҷумҳурии мо, хушбахтона, обҳои фаровон дорад, чашмасору кӯлу дарёҳояш зиёданд, захираҳои оби тозааш низ андак нестанд. Ва мо, аҳли ин сарзамини хуршедӣ, ифтихорманд аз ин сарвати гаронарзиши табиӣ мебошему аз забони шоир нидо мекунем:
Ҷӯю дарёҳои пур аз оби Меҳан зинда бод!
Пурдурахш ин кони сими ноби Меҳан зинда бод!..
Чашми бедоре бувад ҳар чашмаи ин кӯҳсор,
Чашмҳои равшану бехоби Меҳан зинда бод!..
Оби мо ободии мо, обрӯи мо бувад,
Обрӯи мардуми шодоби Меҳан зинда бод!
Дар баробари ин, мо хуб медонем, ки дар умум, вазъи таъмини аҳли сайёра бо оби тоза хеле ташвишовар аст ва тадбирҷӯиҳои таъҷилию муассирро тақозо дорад. Аз ин ҷост, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори башардӯст барои дар доираи тадбирҳои муҳимми байналмилалӣ чораандешӣ кардан дар самти ҳифзи об ва истифодаи оқилонаи он дар тамоми минтақаҳои сайёра ибтикороти хеле судманд (аз соли 2001 то ба имрӯз) ба миён гузоштанд ва ин ибтикорот барои беҳтар гаштану ба эътидол омадани вазъ дар кишварҳои олам мусоидат карданд.
Моҳи марти соли равон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА чорабинии “Об ва Наврӯз-ду сарчашмаи ҳаёти башар” баргузор гашт, ки дар он Сарвари кишвари мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок карда, зимни суханронияшон, аз ҷумла, иброз доштанд: “Норасоии об барои рушди кишварҳо ва халқҳо дар тамоми соҳаҳо-ҳифзи саломатӣ, амнияти озуқаворӣ, баробарии гендерӣ, муҳайё сохтани ҷойҳои кор ва таъмини шуғли аҳолӣ, маориф, саноат, иқдомҳои сулҳофарӣ ва амсоли инҳо мушкил эҷод менамояд”. Пешвои муаззами тоҷикон ҷаҳониёнро пайваста даъват мекунанд, ки тамоми манбаъҳои оби тоза бояд ба таври ғамхоронаю боэътимод ҳифз карда шаванд. Яке аз манбаъҳои асосии об дар саросари дунё пиряхҳо мебошанд. Онҳо анборҳои азими обро мемонанд, хазинаи пурбаракатанд. Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо изтироб иброз доштаанд, ки “зери таъсири тағйирёбии иқлим ва дигар равандҳои глобалӣ сарчашмаҳои оби ошомиданӣ сол аз сол коҳиш меёбанд. Барои мисол, аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон дар чанд даҳсолаи охир ҳазортояш пурра аз байн рафтааст”. Обшавии пиряхҳо, ки натиҷаи гармшавии иқлим аст, метавонад ба оқибатҳои ногувор боис гардад. Дар заминаи пешниҳоду ташаббуси Президенти Тоҷикистон СММ соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кард. Умед аст, ки дар заминаи тадбирҷӯиҳо вобаста ба ин иқдоми башардӯстона обшавии аз меъёр зиёди пиряхҳо дар ҳама манотиқи сайёра ба дараҷае пешгирӣ мешавад. Дар ҷумҳурии мо ҳоло таваҷҷуҳ ба омӯзиши пиряхҳо афзудааст. Омӯзиши амиқи пиряхҳо барои коҳиш бахшидан ба обшавии босуръати онҳо имкон фароҳам меоварад. Олимон муқаррар кардаанд, ки дар баробари гармшавии бесобиқаи ҳаво, ҳамчунин, ҳавои ифлос ва чангҳои дорои моддаҳои зиёновар, ки рӯи пиряхҳоро фаро мегиранд, ба ҷараёни обшавии пиряхҳо таъсир мерасонанд, яъне ин ҷараёнро неру мебахшанд. Бино ба мушоҳидаҳо, фасли тобистон суръати обшавии пиряхҳо бештар гашта, дар як шабонарӯз то ба 3-4 сантиметр мерасад. Ин, дар маҷмуъ, дар давоми як мавсим (тобистон) аз 2 то 5 метрро ташкил медиҳад. Анъанае роиҷ буд, ки дар солҳои камбориш (хушксолӣ) бо ҳадафи таъмини обёрии киштзорҳо бо роҳҳои сунъӣ пиряхҳоро об мекарданд, ба рӯи онҳо намаку хокаи ангишт мепошиданд. Барои мисол, агар дар миқёси як километри мураббаъ аз ин моддаҳо пошида шавад, обшавии пиряхҳо тақрибан ду баробар зиёд мегардад, ки ин хеле зиёни ҷиддист. Ҳоло пеши роҳи ин амали номатлуб гирифта шудааст…
Иқдомоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳифзи пиряхҳо ҳамчун як омили муҳимми наҷоти сайёра аз ҳодисаҳои номатлубу харобиовар тавсиф мешавад. Дар татбиқи ҳадафҳои инсондӯстонаю башарпарваронаи ин иқдомот мо, аҳли Тоҷикистони азиз, ҳамчун кишвари ташаббускор бояд бештару муассиртар ҳиссагузор бошем.
Абдуҳафиз АБДУҚОДИРОВ,
устоди ДДҲБСТ дар шаҳри Хуҷанд,
номзади илми таърих