Хурду калон, пиру ҷавон омӯзгори нахустин омӯзгори хешро ҳамеша ба ёд меоранду бо муҳаббати саршор ситоишаш мекунанд. Оё шахсеро, ки ҳарфҳоро шиносонду хондану навиштан ва дар дарёи хурӯшони дониш шино карданро омӯхт ва роҳи ояндаро бо машъали тобонаш равшан намуд, фаромӯш кардан мумкин аст?! Ҳар як ҳаракати омӯзгор ба чашми мо ибратбахшу намунавӣ менамояд. Дар ҷодаи донишандӯзӣ сахтгиру бераҳм менамояд устод, вале дар асл хоксору меҳрубон аст ин шахси барои ҳама азиз.
Ба муаллим менигарам, мӯйи сараш сап-сафед, рӯяш пурожанг, вале нуронист. Як вақтҳо чашмонаш барқ мезаданд, ҳоло ин чашмҳо аз зери айнак хира менамоянд. Ҳамон ҷузвдони азмӯдмонда дар даст сӯйи мактаб оромона қадам мебардорад. Баъзан ба саломи шунидааш алейк мегирад. Аввал бисёр касонро бо як дидан мешинохт, алҳол ҳарчанд бо диққат менигарад, кӣ будани мусоҳибашро муайян карда наметавонад, чун номашро шунавад, баъд мешиносад. Хайрият, бархе устодро мешиносанд, вале ӯ, ки дар муддати зиёда аз ним аср беш аз ду ҳазор шогирдро дарс додааст, на ҳамаашонро дар ёд дорад. фақат шогирдонеро ба ёд оварда метавонад, ки хулқу хӯйи хоса доштанд ё бо хониши ҷолибу кори ғолибашон фарқ мекарданд.
Пӯшоки ӯ низ барои ҳама шинос аст. 20-25 сол пеш ҳам чунин сару либос дошт. Кӯшиш мекунад, ки ба он гарде нарасад. Тозаю озода гаштанаш ва хулқу одобаш, ботамкинияш барои атрофиён ибратбахшанд.
Ёд дорем, намегузошт, ки бо забони ғализ гап занем. Тозаю адабӣ сухан ронданро талаб мекард ва ин байтро мехонд:
То наӣ соҳиби забони хеш,
Нашавӣ соҳиби ҷаҳони хеш.
Боз мегуфт: “Хоҳед, ки доираи андешаатон васеъ гардад ва донову тавоно шавед, китоб хонед.
Дониш, ки китоб асту китоб асту китоб,
Хонед, савоб асту савоб асту савоб.”
Ба нақл мепардохт: Шахсеро зане буд баҷамол ва боғеву китобе. Рӯзе ба боғ рафтӣ ва рӯзе китоб хондӣ ва рӯзе бо зан нишастӣ. Чун марг наздик расид, боғро гуфт: “Туро об додам ва ободон доштам, имрӯз ман меравам, бо ман чӣ хоҳӣ кард?”. Аз боғ нидо омад, ки маро пой набошад, ки бо ту биёям, чун ту биравӣ, дигаре ояд. Мард аз боғ ноумед шуд. Пас занро гуфт: “Умр дар сари ту кардам ва аз баҳри ту ранҷҳо кашидам, имрӯз бихоҳам рафт, чӣ кунӣ?” Гуфт: “То зинда бошӣ, хидмат кунам, агар бимирӣ, гиряву фарёд кунам, чун туро бибаранд, бо ту меоям то лаби гӯр, чун пинҳон шавӣ дар хок, биноламу бигирям ва бозгардам, шавҳари дигар кунам”.
Мард аз вай ҳам ноумед шуд. Рӯй бо китоб карду гуфт: “Эй китоб! Ман хоҳам рафт, чӣ хоҳӣ кард?”. Китоб гуфт: “Ман бо ту бошам”…
Мақсуд аз ин ҳикоят он аст, ки дар олам ҳеҷ мунисе беҳтар аз илм нест ва дар охират ҳеҷ мол ба фарёди ту нарасад, магар илм.
Ин дурдонаҳо ҳошияи суханонашро ҳамчун шерозаи зарҳалин зеб медоданд: — Аз ман пурсанд, ки беҳтарин ҷой, хубтарин осоишгоҳ (истироҳатгоҳ), ҳаловатбахштарин шуғл, ҷолибтарин саёҳат, давобахштарин табобатгоҳ ва беғаразтарин дӯст кадом аст, бо камоли майл посух медиҳам: — Беҳтарин ҷой китобхона аст, хубтарин осоишгоҳ он ҷоест, ки китоби хубе дошта бошиву ба мутолиа пардозӣ, ҳаловатбахштарин шуғл он аст, ки пас аз кори ҷисмонии вазнин ба китобхонӣ машғул шавӣ, ҷолибтарин саёҳат он аст, ки дар олами басо зебои китоб сайру саёҳат дорӣ, давобахштарин табобатгоҳ ихлосмандона мутолиа кардани китоб аст ва беғаразтарин дӯст ба ҷуз китоб каси дигар нахоҳад буд. Гуфтаанд:
Беҳтар зи китобхона ҷое набувад,
Хуштар зи китоб ошное набувад.
Дар даҳр барои рафъи амрози вуҷуд
Монанди мутолиа давое набувад.
Ба касе, ки китобе лозим шуд, дарҳол ёфта медод. Дар як рӯз нимто нон мехӯрд, ба пайсаи захиракардааш китоб мехарид. Кулбаи сеҳуҷрааш пур аз китобу маҷаллаву рӯзнома буд. Чун ба хонааш ворид мешудед, ба ғарами китобҳо дучор меомадед. Китоб барои муаллим Офтоб буд, ки тамоми оламашро равшанистон мекард. Шахси китобхонро сахт эҳтиром мекард.
Борҳо номзадияшро ба мансабу ба вакилӣ пешниҳод намуданд, рад кард, “Дар хидмати мардум шарт нест, ки савори аспи мансаб шавӣ ё унвони вакилӣ дошта бошӣ” — мегуфт. Вақте ки раисони хоҷагиву ҷамоат бо сокинони деҳа маҷлис оростанд, ҳар кас оид ба норасоиҳои шахсии хеш, аз ҷумла, замину хона арзу шикоят кард. Ягона шахсе, ки оид ба мушкилоти деҳаву ҷамъият, аз ҷумла, вайрон будани роҳҳо, набудани нуқтаҳои хидматрасонии тиббӣ, куҳна будани симчӯбҳои барқ, сард будани синфхонаҳо, набудани китобхона гап зад, омӯзгори мо буд. Ҳол он ки худи ӯ дар як кулбаяки фарсудаи меросие мезист, ки ҳавлии хурдакаке дошт.
Ба дарсҳояш ҳамкасбону падару модарон гурӯҳ-гурӯҳ дохил мешуданду бо қаноатмандӣ, хушҳолу розӣ ва таассуроти хуб берун меомаданд. Барои ин устод байни дарси кушоду одӣ ҳеҷ фарқ набуд. “Дарси кушодро бо шавқу завқ ва басо муҷаҳҳаз гузариву ба дарсҳои дигар таваҷҷуҳ камтар кунӣ, шогирд аз ту чӣ гуна хислатро меомӯзад?”-мегуфт. Шогирдонаш ҳамеша аз озмунҳо бо сари баланд бармегаштанд. Устод ангор хона надошт, ба гумон, дар худи дабистон андаке мехуфт. Кулбааш низ мактабхонаро мемонд, ки дар ин макони маънавиёт меҳтару кеҳтар маҳфил меоростанд.
Ба касе мактуб, ариза, тавсифнома, тарҷумаи ҳол ва ғайра навиштан лозим мешуд, ба назди муаллим меомад. Бархе ҳарчанд худ саводнок буданд, боз корҳои хаттӣ, илмӣ, мақола, шеър ва ҳикояҳояшонро аз назари ӯ мегузаронданд. Ба ҳама ройгон хидмат мекард, аз касе чизе тамаъ надошт. Агар интиқоли барқ қатъ мешуд, ба ҷойи раиси маҳалла, ба назди ӯ меомаданд. Дар кадом маъракае ё ҷамъомаде меомад, бо ҳазли малеҳ ҳозиринро мамнун мегардонд…. Хулоса, ӯро мушкилкушо ва балогардони хеш медонистанд. Шиори ӯ ҳарфҳое буданд, ки қариб 1200 сол пеш устоди суханварони дунё Рӯдакӣ гуфта буд:
Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ,
Дар банди такаллуф машав, озод бизӣ.
Дар беҳ зи худе назар макун, ғусса махӯр,
Дар кам зи худе назар куну шод бизӣ.
Инсони боғурур, аз миллати тамаддунсози худ, аз мардуми заҳматкаши одии ободгар сарфарозӣ дошт…
Алғараз, омӯзгори мо инсони комили машъалбардор аст!
Ҳакималии НАЗАРАЛӢ,
омӯзгори мактаби № 17,
шаҳри Ҳисор