«БАНӢ» ДУРУСТ Ё «БАНИ»?

Дар «Куллиёт»-и Шайх Саъдии Шерозӣ вожаи «банӣ» дар ҳамин шакли навишт чоп шудааст. (Ба саҳифаи 5 ва 51-уми ҷилди сеюм, ки соли 1990 ба табъ расидааст, нигаред). Мутаассифона, вақтҳои ахир иддае аз олимон ва омӯзгорон вожаи мазкурро дар шакли ғалат менависанд ва дар рисолаву мақолаҳои хеш нодуруст истифода мебаранд. Мо ҳадафи касеро танқид ва ё маломат кардан надорем. Танҳо мехоҳем, ки аниқ карда шавад, ки кадом шакли навишти он дуруст аст? Ҳамин ки шакли ғалати ин ё он калима дар байни мардум маъмул гашт, ислоҳ кардани он кори басо душвор аст. Ин амали номатлуб дар қиболи худ ғавғову дарди сарҳо дорад.
Ба ҳамин монанд ҳодисае ба мо чанде пеш рух дода буд. Муаллифону мураттибони маводи таълим ва китобҳои дарсӣ барои дастур ва ё китобе маводи матнро аз осори адибони пешину муосир интихоб менамоянд. Онҳо бо ин мақсад аз осори адибони муосир порчаҳоро бевосита интихоб ва дар китобҳои дарсӣ вобаста ба мавзуъҳо мавриди истифода қарор медиҳанд. Аз осори адибони пешин матнҳо ба воситаи дигарон таҳия мешуданд ва муаллифон аз онҳо интихоб менамуданд, яъне матншиносон матни саҳеҳи ин ё он асари адибро дар муқоисаву муқобала таҳия мекунанд. Аз ҳуруфи ниёгон ба алифбои кириллӣ бармегардонанд. Агар матншиноси забардаст бошад, кори бахайр аст, агар навкору бо нозукиҳои хатти пешин тасаллути комил надошта бошад, ғалатҳои дуруште дар матнҳои баргардонидашуда роҳ ёфтанаш аз эҳтимол дур нест.
Банда чун муаллифи китоб барои гирд овардани матнҳои мувофиқ китобҳои зиёдеро ҷустуҷӯ мекунам. Рӯзе китоби «Панду ҳикматҳо» дар таҳияи М.Фозилов ба дастам афтод, ки онро Нашриёти давлатии Тоҷикистон соли 1983 ба табъ расонидааст. Зимни мутолиа қитъаеро, ки байти аввалаш чунин аст, хондам ва он бароям писанд афтод.
Дӯст он аст, ки маиби дӯст
Ҳамчу оина рӯ ба рӯ гӯяд.
Порчаро интихоб ва дар китоби дарсии «Забони тоҷикӣ» барои синфи ҳафтум ба сифати матн истифода кардам.
Баъд аз муддате омӯзгори забони тоҷикии яке аз мактабҳои шаҳри Панҷакент, ки табъи шоирӣ дораду гоҳ-гоҳе шеърҳояш дар матбуот чоп мешаванд, сарчашмаеро вохӯрдааст, ки як вожаи байти боло дар он гунаи дигар омадааст:
Дӯст он аст, ки маоиби дӯст
Ҳамчу оина рӯ ба рӯ гӯяд.
Бо ҳангомаву дабдаба ба унвони вазири маориф ва илм мактуб ирсол намудааст, ки муаллифи китоб калимаеро дар қитъаи Саъдӣ ғалат пешниҳод кардааст. Ман онро, чунонки зикр кардам, аз «Панду ҳикматҳо» интихоб кардам. Воқеан, банда ду-се бор «Куллиёт»-и шоирро аз назар гузаронида будам, вале бо ин қитъа вонахӯрдаам. Баъд аз ин иғво бори дигар «Куллиёт»-и Саъдиро варақ задам. На худи матни қитъаро пайдо кардам ва на гунаашро. Аз чанд адабиётшиносу адиб пурсидам, ҷавоби мусбат нагирифтам.
Вале пайдо кардани шакли саҳеҳи он ҳамеша пеши назарам буд.
Дар хона китоби «Зарбулмасалҳои манзум» (дар таҳияи Ҳусайни Хуррамӣ)-ро доштам. Онро се-чор бор хондам. Бовари комил ҳосил кардам, ки аслаш ҳамин тавр будааст. Ҳақ ба ҷониби он омӯзгор будааст. Оқибати як ғалатбаргардонии М.Фозилов ҷанҷолу иғвоҳо то фейсбукҳою вазоратхонаҳо бурд. Дар китоби дарсӣ ибораи «маиби дӯст» сабт шуда буд, ки баъдан ба «маоиби дӯст» иваз карданд.
Чунонки ишора кардем, вожаи «банӣ» вақтҳои ахир дар шакли навишти «бани» хеле серистеъмол ва маъмул шудааст. Дар мақолае таҳти унвони «Ахлоқ ва гуманизм аз нигоҳи Саъдӣ», ки дар маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон», №12, 2021 ба табъ расидааст, ифодаи «банӣ одам» дар шакли «бани одам» чоп шудааст.
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Ё ки дар рисолаи «Ақидаҳои ахлоқии Саъдӣ» (дар саҳифаи 16 ва 27) қитъа дар ин шакл чоп шудааст:
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Манбаъҳое мавҷуданд, ки моро ба он ҳидоят мекунанд, шакли дурусти «банӣ»-ро муқаррар мекунанд. Зимнан, онҳоро чун сарчашмаҳои асосӣ зикр мекунем.
«Куллиёт»-и Саъдии Шерозӣ дар чаҳор ҷилд аз тарафи Саҳобиддин Сиддиқов таҳия шудааст. Ӯ дар асоси нусхаҳои интиқодӣ осори шоирро мураттаб сохтааст. Ҷилди сеюми куллиёт «Гулистон»-ро дар бар мегирад. Дар саҳифаи 5-уми «Гулистон» қитъаи мавриди баҳс оварда шудааст, ки вожаи «банӣ», ба андешаи мо, дар он дуруст ва беғалат сабт гардидааст.
Барои ба нусхаи асл муқоиса кардани калимаи «банӣ» «Куллиёт»-и Саъдии Шерозиро, ки бо муқаддимаву тасҳеҳи шодравон Муҳаммадалии Фурӯғӣ дар Теҳрон чоп шудааст, аз назар гузаронидем. Маълум шуд, ки вожаи «банӣ», чи тавре ки дар ҷ.3 (дар таҳияи Саҳобиддин Сиддиқов) омадааст, ҳамон тавр мебошад.
Дар «Луғати нимтафсилии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷикӣ»-и Садриддин Айнӣ (Кул.ҷ.12. Душанбе,1976) вожаи «банӣ» чунин шарҳ дода шудааст: «банӣ» — ҷамъи ибн; насл, авлод. Банӣ Асад номи як қабилаи араб (Л.М.) Банӣ навъи башар фарзандони одам. Банӣ Умайя – Умавиён (И.М.), (саҳ44).
Ҳасани Амид дар «Фарҳанги Амид» (Теҳрон, 2535) вожаи «банӣ»-ро чунин тафсир кардааст: банӣ-писарон, фарзандон. Банӣ Одам: писарони Одам, авлоди Одам, мардум, мардумон. Банӣ Фотима: авлоди Ҳазрати Фотима зарорин ҳазрати Расул(с.). Банӣ Исроил авлоди Ҳазрати Яъқуб.(саҳ.231)
Доктор Муҳаммад Муин дар «Фарҳанги форсӣ» (Теҳрон, 1375,ҷ.1) ба вожаи «банӣ» чунин шарҳ бастааст: «банӣ» дар асл банин, ҷамъи ибн (дар ҳоли изофа); писарон; авлод; банӣ имом, банӣ Умийя, банӣ Аббос (саҳ 595); банӣ Одам (дар асл буняни Одам) авлоди Одам, одамиён, мардумон (саҳ.596).
Мураттибони «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (М.,1969,ҷ.1) ба вожаи «банӣ», чунин шарҳ бастаанд: «банӣ»-ҷ.ибн.аммон, фарзандони амак, амакзодагон, амакбачагон; банӣ аъмом ниг.банӣ-аммон; банӣ Одам – мардумон, фарзандони Одам, валоди Одам, одамизод (саҳ.140).
Мураттибони «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (Душанбе, 2010, ҷ.1) низ вожаи «банӣ»-ро чун «Фарҳанги забони тоҷикӣ» маънидод кардаанд: «банӣ-ҷамъи ибн (писар); насл, авлод. Банӣ-башар ниг.банӣ-одам. Банӣ одам фарзандони одам, авлоди одам, мардумон, одамизод. (саҳ.136).
Дар «Ғиёс-ул-луғот» (Душанбе, 1987, ҷ.1) омадааст: «Банӣ – навъи башар – ба маънии фарзандони ҷинси инсон; чу банӣ дар асл банин буд, ки ҷамъи ибн аст. Чун банин-ро музоф карданд, ба сӯи навъ нуни ҷамъ мувофиқи қоидаи наҳвӣ соқит гардид, банӣ навъ монд» (саҳ.143). Банӣ Омир қабилаест аз араб (саҳ.143).
Банӣ Исроил авлоди Яъқуб, алайҳиссалом. Чи Исроил ба забони ибрӣ лақаби Яъқуб аст. Чи исро билкаср ба маънии баргузида ва исми Ҳақтаоло. Ва баъзе гуфта, ки Исроил ба маънии бандаи Худост. Банӣ Тамим қавме аз қабилаест аз араб. (саҳ.144)
Дар «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» (Душанбе, 2006) вожаҳои баниинсон ва баниодам дар шакли калимаи мураккаб оварда шудаанд ва «баниодам»-ро ба русӣ чунин шарҳ ва тарҷума намудаанд: банӣ (мн.от ибн) синовья; дети; одам люди, род людской: человечество (саҳ.168).
Шоирон вожаи «банӣ»-ро дар назм дар ҳамин шакли навишт истифода бурданд. Масалан, Рустами Ваҳҳоб дар ғазале вожаи банӣ-ро бамавқеъ истифода кардааст:
Банӣ Одам, банӣ Одам, банӣ Одам! Ба Худой,
Ба Худо, ки ту на шоҳӣ, на гадоӣ имшаб.
Мо мулоҳизаҳоямонро бар асоси чанде аз фарҳангҳо ва тибқи матни «Куллиёт»-и Саъдии Шерозӣ, ки бар асоси муқоисаву тасҳеҳҳо таҳия шудаанд, баён кардем. Олимону педагогҳо ва соҳибназарону адабиётшиносон чӣ мегуфта бошанд? Муҳим муайян гардад, ки асли калима «банӣ» аст ё «бани»?
Сайдамир АМИНОВ