ЧАРО ЗАХИРАИ ЛУҒАВИИ МО ҒАНӢ НЕСТ?

Таваҷҷуҳу муносибати мо ба назму наср дар адабиёт чӣ гуна аст ва чӣ тавр шакл мегирад, масъалаест, ки сари он гуфтанию навиштанӣ бисёр аст ва аҷабе нест, ки баҳсҳоеро низ ба миён орад. Ҳамаи мо мактаби миёнаро хатм кардаем ва медонем, ки дар адабиёти классикии тоҷик назм мавқеи асосӣ дошт ва ба авҷи рушди худ расид. Албатта, наср, тавре ки аз таърихи адабиёт огоҳем, ташаккул ёфт, аммо аслан насри ривоятию саргузаштӣ мавқеъ ёфта буд.
Наср дар даврони Шуравӣ хеле инкишоф ёфт ва дар пешрафти адабиёт нақши муҳим гузошт. Намунаҳои насри тоҷикӣ ва халқҳои ҷаҳон дар мактаб омӯхта мешуданд ва беҳтарин намояндагони он ба барномаҳои таълими адабиёти тоҷик ворид мегаштанд. Омӯзиши он дар мактаби олӣ тавсиаи бештаре пайдо намуд. Ёд дорам, устодамон, ки ба мо адабиёти Шарқу Ғарб дарс медод ва марди сахтгире буд, феҳристи асарҳои бузургтарин нависандагони ҷаҳонро бароямон мураттаб менамуд ва мефармуд, ки онҳоро аз китобхонаҳои Фирдавсию Лоҳутӣ пайдо ва ҳатман мутолиа намоем. Вақти санҷиш ҳар як рӯйдоду қаҳрамони асарро мепурсид. Назмро зимни тадриси адабиёти классикии тоҷик меомӯхтем, маҷбур будем, ки дафтар – дафтар шеъру ғазал аз ёд кунем. Ҳатто “Назмшиносӣ” ном фан таълим дода мешуд. Мақсад аз гуфтаҳои боло ин аст, ки омӯзиши назму наср дар баробари дониши хубе гирифтан, ҳамчунин, захираи луғавии донишомӯзро дар мактаби миёна ва бахусус, дар мактаби олӣ ғанӣ месохт. Донишҷӯи он замон метавонист сари дилхоҳ мавзуъ матлабу мулоҳизаашро муфассал, равшан, фаҳмо баён созад. Акнун суоле пеш меояд, ки оё имрӯз толибилм метавонад ба чунин поя расад?
Собиқаи зиёди корӣ дар соҳаи маориф (28 сол) имконам дод, ки назару таҳлилу бардоштҳои худро дошта бошам. Аз ин миён 16 сол муаллим будам, ва таҷрибаи кофӣ дар таълиму тадрис андӯхтам Ҳамчунин, зимни сафарҳои корӣ омӯзиши масъалаҳои таълиму тарбия, дигар масъалаҳои марбута хулосаву андешаҳоямро комилтар кард. Дар аксари дарсҳои омӯзгорони забону адабиёти тоҷик, ки ширкат доштам, усулеро кор мефармуданд, ки ҳадафи он номуайян мемонд. Чун дарс оғоз меёфт, дар баробари пурсидани вазифаи хонагӣ омӯзгор бештар хонандагонро мефармуд, ки байт ё ғазалеро қироат кунанд. Чун қироат поён меёфт, хонандаи дигарро мегуфт, ки шеъре гӯяд. Ҳоло ҳам аксари муаллимони забону адабиёти тоҷик аз ин усул фаровон истифода мекунанд. Вале як чизро нафаҳмидаму намефаҳмам: хайр, хонанда байт ё ғазалеро қироат кард, баъд чӣ? Яъне, аз ин кор чӣ мақсаду натиҷаро чашмдор бояд буд? Ин корро ба хотири чӣ анҷом медиҳанд? Ба хотири он ки намояндаро бифиребанд, ки шогирдонашон шеър аз бар кардаанд, ё барои он ки дониши шогирдро ба намоиш бигузоранд? Дар чанд ҷой мавриди корбасти ин усул аз хонанда маънии байт, луғатро пурсидам. Шояд аз 100 нафар 10 кас каме ин ё он байтро шарҳ дода тавонисту халос.
Дар баъзе ҷойҳо ҳатто ду – се калимаи байтро тафсир кардан натавонистанд. Хулоса, ҳамту қориазёд кардану гуфтани шеър ҳукми анъана гирифтааст, вале фоидае аз он маълум нест…
Замони омӯзгор буданам ба шогирдон асарҳои С. Улуғзода, Ф. Муҳаммадиев, Сорбон, Саттор Турсун ва дигар нависандаҳоро медодам, ки мутолиа кунанд. Ҳамин тавр, баъди хондани як асар китоби дигареро мегирифтанд. Ба баъзеҳо (аз рӯйи қобилият) китоби афсонаҳо ё ҳикояҳои хурд тақсим мекардам. Ростӣ, аксари китобҳоям аз ин тақсимот гум шуданд, вале натиҷа ба даст омад. Акнун хонандаҳо аз уҳдаи навиштани нақли хаттӣ ва иншо мебаромаданд, зеро ЗАХИРАИ ЛУҒАВӢ доштанд.
Вақте ки мо ба хонанда супориш медиҳем, ки фалону фалон шеъру ғазалро аз худ намояд, бояд ҳадаферо пайгирӣ кунем. Вале мо, чун толибилм шеърро аз бар кард, корро анҷомёфта мешуморем, ҳол он ки шогирди мо луғати шеърро маънидод ва байтеро шарҳ дода наметавонад. Чаро? Яку якбора ба олами назм (шеър) ворид гаштану шогирдонро ҳидоят намудан ба шеъри бисёре аз бар кардан он қадар натиҷаи мусбат бор намеорад, зеро шеърдонию шеърфаҳмӣ кори МУРАККАБУ ДУШВОР аст, яъне, шогирди мо ба ин кор ОМОДА НЕСТ. Барои ҳамин аз сода бояд сар кард. Фарзанди мо бояд аввал афсонаву ҳикояҳои хурдро бихонад, чунки фаҳмидани маънии афсонаву ҳикоя нисбат ба шеър осонтар аст, ба ин хотир, аввал ба дунёи НАСР ворид бояд гашт. Шеваи “аз сода ба мураккаб” маҳз ҳамин чизро талаб дорад. Бахусус, дар синфҳои поинӣ – 3, 4, 5, 6, 7 ба ин кор бояд диққат дод. Вақте шогирдамон каму беш ба дарки маънии афсонаву ҳикоя қодир шавад, мо тадриҷан ба омӯзиши ҳикояҳои калонтар, баъдан ба хондани қиссаву дигар асарҳои калонҳаҷм мегузарем. Дар натиҷа дар ҳофизаи толибилм дар раванди мутолиа калимаву ибораҳои зиёде ҷойгузин мешаванд, яъне ЗАХИРАИ ЛУҒАВӢ ба вуҷуд меояд. Аз ин пас чунин хонанда бо ҳидояти омӯзгор дар андак муддат дар шарҳу тафсири байту ғазал маҳорату малака пайдо менамояд, чунки маънии бисёр вожаҳоро медонад.
Хоҳ – нохоҳ бе омӯзиш, бе мутолиа инсон наметавонад ҷойгоҳи шоистае дар ҷомеа пайдо бикунад. Ин ки фарзанду шогирди мо бояд биёмӯзаду ба захираи луғавӣ даст ёбад, танҳо аввали кору ибтидои роҳ аст, роҳ ба сӯйи дунёи маънавӣ бошад, хеле дароз аст…
Ҷангибеки УЛФАТШОҲ,
“Омӯзгор”,
ВМКБ