Аттестатсия марҳалаест, ки сифати кори таълимро баланд мебардорад, масъулияти омӯзгоронро меафзояд, назорати давлатиро дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бештар менамояд, хонандагонро масъулиятшинос мегардонад. Саҳми оила дар ин давраи басо ҳассосу ҳалкунанда барои тақдири ояндаи фарзандон бештар эҳсос карда мешавад. Дар давраи тайёрӣ ба аттестатсияи хатму гузариш ва бомуваффақият супоридани имтиҳонҳо мавқеи оила хеле калон аст. То гузаштани аттестатсияи ин ё он фанни таълимӣ бештари падару модарон худро масъул ҳис мекунанд.
Аттестатсия, аз як тараф, агар хонандагонро водор кунад, ки аз дониши андӯхтаи худ дар назди устодону волидон ҳисоботи эҷодӣ диҳанд ва омодагии худро ба ҳаёти оянда собит намоянд, аз тарафи дигар, дар назди падару модар низ чунин вазифаҳои мушаххас мегузорад:
— барои фарзанд муҳайё намудани шароити хуби корӣ;
— озод кардани фарзанд аз корҳои вазнини саҳроӣ;
— назорати ҷиддӣ аз болои реҷаи кори вай;
— иштирок дар маҷлисҳои синфӣ ва умумимактабӣ, ки дар давраи тайёрӣ ба аттестатсия гузаронида мешаванд;
— таъмин кардани фарзандон бо ашёи хониш, адабиёти тозанашри бадеӣ ва саволномаҳои тестӣ аз фанҳои гуногуни таълимӣ;
— ҷудо намудани хонаи махсуси дарстайёркунӣ;
— беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти якҷоя бо маъмурияти муассисаи таълимӣ, роҳбари синф ва муаллимони фаннӣ;
— таъмини иштироки фарзандон дар машғулиятҳои иловагӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ;
— таъмини фарзандон бо дас-тури тарзи таълифи эссе ва намунаи эссеҳо;
— даъват намудани омӯзгори хонагӣ (репититор) барои фарзандон.
Ба ҳамин маънӣ, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» чунин омадааст: «Вазифаи падару модар фароҳам овардани шароити моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва равонӣ дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд мебошад».
Давраи аттестатсия дар ҳаёти шахсии хатмкунанда давраи масъулноктарин ба шумор меравад, зеро вай аз натиҷаи дониши гирифтааш ба устодон, дӯстону рафиқон ва падару модари хеш ҳисоботи эҷодӣ медиҳад. Хонанда бояд ҳам руҳан, ҳам ботинан ва ҳам ҷисман ба аттестатсия омода бошад. Вай ҳис кунад, ки аттестатсия аз ӯ бештар дониш, маҳорату малака, мустақилият ва самимиятро тақозо дорад. Агар хонанда аз ҷиҳати руҳиву равонӣ ба аттестатсия тайёр нашавад ва ба дониши андӯхтаи худ боварӣ надошта бошад, вай ба ҳеҷ гуна комёбӣ ноил намегардад.
Аз ин рӯ, падару модар муваззафанд, ки дар давраи аттес-татсия баҳри фарзандони худ шароит муҳайё кунанд, аз раванди омодагии вай ба ин давраи басо ҳассосу тақдирсоз назорат баранд, яъне масъулияти оиларо дар ин самт бештар мегардонад. Ҳатто онҳо метавонанд барои фарзанди худ муаллими хонагӣ (репититор) гиранд.
Барои воқиф гардидани волидайн аз дониш ва муносибати фарзандонашон омӯзгорони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки пайваста дарсҳои кушод бо иштироки онҳо ташкил кунанд. Ин раванди кор ба падару модарон имкон медиҳад, ки нисбат ба таҳсили фарзандонашон, одобу ахлоқ, тарзи суханронӣ ва омодагии онҳо ба машғулиятҳо хулосаи амиқи даркорӣ бароранд.
Дар давраи аттестатсияи хатм ва омодагӣ ба макотиби олӣ хонанда бояд реҷаи муайяни фаъолият дошта бошад. Падару модар тартиби иҷро ва риояи онро зери назорати қатъии худ гиранд.
Баъзан сабабҳои асосии ба душворӣ рӯ ба рӯ шудани хонандагон ва дилсард гардидани онҳо ба таълиму тарбия, бахусус, дар давраи омодагӣ ба аттестатсия аз муносибати бепарвоёнаи баъзе падару модарон маншаъ мегирад. Муносибати сарди падарӣ бо фарзанд, алоқаи қавӣ надоштани оила бо мактаб, муносибати дағалонаи падар бо аҳли оила, серкорию беаҳамиятии онҳо, дар муҳоҷирати меҳнатӣ будани волидайн боиси бепарво ва дилсард гардидани фарзанд ба таҳсил мегарданд. Агар волидон хоҳанд, ки чунин ҳодисаи номатлуб рух надиҳад, ҳар як амали фарзанд бояд дар зери назорати пайвас-таи онҳо қарор дошта бошад.
Б. ҲАЙДАРОВ,
мутахассиси МҶТМ-и
назди ВМИ ҶТ