ИТТИҲОДИЯИ МЕТОДӢ: ҲАВАСМАНДӢ ЛОЗИМ

Фаъолияти иттиҳодияҳои методӣ яке аз омилҳои муҳими такмили ихтисоси омӯзгорон ба шумор меравад.
Иттиҳодияи методӣ зерсохтори хадамоти методии муассисаҳои таълимӣ буда, гузарондани корҳои таълимӣ, беруназсинфӣ, тарбиявӣ-озмоиширо аз рӯйи як ё якчанд фанни таълимӣ таъмин мекунад. Иттиҳодияи методӣ дар сурати будани на камтар аз се нафар омӯзгори як фан ё аз рӯйи як соҳаи таълим ташкил карда мешавад. Ба ҳайати иттиҳодияи методӣ метавонанд омӯзгорони фанҳои ба ҳам наздик низ дохил шаванд. Дар муассисаҳои таълимӣ метавон иттиҳодияи методии роҳбарони синфҳоро аз рӯйи зинаҳои таълим ташкил кард.
Иттиҳодияҳои методии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба такмили донишу маҳорати педагогии омӯзгорон, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, корбасти барномаҳои таълимӣ ҳаматарафа мусоидат мекунанд. Дар ҷаласаҳо ҳамаи аъзои иттиҳодияи методӣ фаъолона иштирок карда, дар атрофи масъалаҳои ба нақшагирифта оид ба мавзуъҳои гуногун суҳбат меороянд, гуфтаҳои ҳамкасбонашонро бо далелҳои эътимодбахш тасдиқ ё инкор мекунанд. Роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ дар муассисаҳои таълимӣ мекӯшанд, ба омӯзгорон дониши назарӣ ва амалии нав, усулҳои фаъоли таълим, роҳҳои истифодаи воситаҳои аёнӣ ва истифодаи стратегияҳои арзёбии ташаккулдиҳандаро дастрас намоянд. Роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро лозим аст, ки аз ҳисоби омӯзгорони босаводу бомаҳорат роҳбари иттиҳодияи методӣ таъйин намоянд.
Ӯ бояд дар натиҷаи таҳлили дарсҳои омӯзгорон, суҳбат бо омӯзгорон ва муайян кардани салоҳиятҳои омӯзгорон дар кадом самт заиф будан ва ба чӣ ниёз доштани онҳоро муайян карда, дар ҳамон самт ба онҳо ёрии методӣ расонида тавонад.
Роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ пеш аз ҳар як ҷамъомад якчанд дарси аъзои иттиҳодияи методиро таҳлил ва мушоҳида мекунанд, зимни ҷаласа муваффақият ва камбудиҳои дарсро баррасӣ менамоянд.
Иттиҳодияҳои методӣ дар муассисаҳои таълимӣ яке аз воситаҳои муҳимтарини сайқал додани донишу маҳорати омӯзгорон, мубодилаи таҷрибаю афкор, шиносоӣ бо комёбиҳои навини педагогика ва методикаи таълим мебошанд. Аз ин рӯ, машваратҳои иттиҳодияи методиро мувофиқи нақша бо омодагии ҷиддӣ бо иштироки ҳамаи аъзои иттиҳодияи методӣ бояд гузаронид, ин барои омӯзгорон роҳнамо мешавад.
Роҳбарони иттиҳодияи методиро лозим аст, ки машғулиятҳоро дуруст ба нақша дароварда, амалӣ гардонанд, дар дарсҳо иштирок намоянд ва ҳангоми таҳлили онҳо андешаҳои омӯзгоронро ҷамъбаст намуда, хулосаҳои аниқ бароранд ва мулоҳизаҳои ибратомӯз баён кунанд. Кори иттиҳодияи методӣ дар охири сол ҷамъбаст ва хулосабарорӣ карда мешавад. Бо ҳамин роҳ рафти худомӯзӣ ва донишу маҳорати касбии омӯзгорон такмил додаву роҳбарони иттиҳодияи методӣ бо роҳҳои гуногун ҳавасманд гардонда мешаванд, таҷрибаи пешқадами роҳбарони иттиҳодияи методӣ омӯхтаю ҷамъбаст ва дастраси дигар омӯзгорон мегардад. Мутаассифона, бо сабаби он ки вазифаи роҳбари иттиҳодияҳои методӣ маблағгузорӣ надорад, аксар омӯзгорони болаёқату соҳибистеъдод ин вазифаро ба дӯш намегиранд. Ин аст, ки дар бисёр ҳолатҳо маъмурияти муассиса омӯзгорони камтаҷрибаро ба ин вазифа бо роҳҳои маҷбурӣ ё хоҳишу илтимос таъйин менамоянд. Ба ин хотир, аз чунин ашхос иҷрои вазифаро талаб карда наметавонанд. Дар сурати серталабӣ аксар роҳбарони иттиҳодияи методӣ аз ин вазифа даст мекашанд.
Аз ин рӯ, барои ташкили ҷараёни бомароми иттиҳодияи методӣ роҳҳои ҳавасмандгардонии роҳбарони иттиҳодияҳои методиро пайдо кардан лозим аст.

Зуҳро ХОЛОВА,
мудири кафедраи методикаи таълим дар муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии ДҶТИБКСМ