Дар муҳити адабии садаи ХХ кам адиберо пайдо мекунем, ки аз мактаби рӯзноманигорӣ баҳра набардошта бошад. Дар ин сада мактабҳои рӯзноманигорӣ асосан дар идораҳои нашрияҳои даврӣ шакл гирифтаву инкишоф ёфтаанд. Ба шарофати чунин мактабҳо таҷрибаи қаламкашон ғанӣ мегардид, эҷодкорони ҷавон шинохта мешуданд, фазои эҷодӣ туғён мегирифт. Нависанда Раҷаб Мардон аз чунин мактаб бенасиб набудааст. Маҳорати эҷодии ӯ ба шарофати фаъолият дар рӯзномаҳои «Пионери Тоҷикистон» («Ҳамроз»), «Тоҷикистони Советӣ» («Ҷумҳурият») ва «Омӯзгор» сайқал ёфта, дар таъсиси нашрияҳои соҳавии «Саноати Тоҷикистон», «Ватанпарвар» ва «Боҷу хироҷ» нақш гузоштааст.
Раҷаб Мардон аз чунин мактаби касбӣ ва ҳамчунин мактаби зиндагӣ орифона баҳра бардошта, ҳосили эҷоди худро дар жанрҳои гуногуни бадеиву публитсистӣ: повест, қисса, романи мустанад, очерку лавҳа ва амсоли инҳо ба шакл даровардааст. Ҷавҳари асосии эҷодиёти ӯро очерку қиссаҳои публитсистӣ ташкил медиҳанд. Ҳатто дар ҳикояву қиссаҳояш, бо вуҷуди моҳирона кор гирифтани воситаҳои тасвири бадеӣ, бӯйи публитсистика ба машом мерасад, зеро ӯ ба воқеаву ҳодисаҳои замон, вазъи ҳақиқии рӯзгор ва одамон аз назари таърихию иҷтимоӣ ва талаби замон муносибат карда, бо назардошти руҳияи иҷтимоъ ба онҳо баҳо додааст. Дар маркази ағлаби нигоштаҳои ӯ васфи кори созандаву бунёдкорона, дӯстиву бародарӣ, ҳақталошиву адолатхоҳӣ ҳамчун нигин ҷило медиҳад.
Маҳсули эҷоди Раҷаб Мардон дар асарҳои алоҳида ва маҷмуаҳои ӯ «Мошинсозон» (1981), «Марде собит ҳамчу кӯҳ» (1984), «Бунёдгузорон» (1987), «Интихоб» (1987), «Дарёи нур» (1987, бо ҳамқаламии Нур Табаров), «Оташи абр» (1989), «Оташи дил» (1993), «Эҳёи хирад» (2003), «Ҳикмати умр» (2012), «Қаҳрамони замони мо» (2018), «Куштори бехун» (2018) ва ғайра ба табъ расида, дастраси хонандагон гардидааст.
Асарҳои ӯ аз нигоҳи интихоби мавзуъ, қаҳрамон, гузориши масъала, тарзи музокира, шеваи тасвир, доираи назар ҷолиб буда, фикри хонандаро ба ҳаракат медароранд, меҳри ӯро ба кори пок қавӣ ва нияташро ба амалҳои созандагиву бунёдкорӣ фузун мегардонанд.
Қаҳрамонҳои асарҳои адиб аксар зодагони кӯҳистонанд, онҳо ба тақозои замон ба водиҳо муҳоҷир шуда, сахтиҳои зиндагиро аз сар гузаронидаанд, устухонашон бо меҳнат шах шудааст. Онҳо аз душвориҳои зиндагӣ ҳарос надоранд, мушкилписанданд, шебу фарозии зиндагиро маърифат кардаанд, дар кору заҳмат тақлидкор нестанд, анъанаву суннатҳои касби худро хуб донанд ҳам, ҳамеша дар фикри дарёфти усулҳои замонавии пешбурди касбу шуғланд ва дар ин кор маслиҳати дигаронро низ дареғ намедоранд. Масалан, қаҳрамони очерки «Мошинсозон» («Харроти завод») Мирзоҳомид Ҳомидов аз кӯҳсори Ҳоит ба Қумсангир, Миралӣ Маҳмадалиев («Ёде аз пири хирад») аз кӯҳсори Сари Хосор ба ноҳияи Восеъ, Анвар Қаландаров («Қаҳрамони замони мо») аз Ғарм ба водии Вахш кӯч бастаанд. Ин кӯчбандӣ тақдири онҳоро дигар кардааст. Дар ҷои нав онҳо касб меомӯзанд, ба кори саҳро ва хоҷагӣ ҷалб мешаванд, ба кор дил мебанданд, ба эҳтироми дигарон қоил ва азизи мардум мегарданд.
Очеркҳои Раҷаб Мардон ба масоили рӯз иртибот дошта, ҷанбаи таҳқиқиашон пурқувват аст. Масалан, дар очерки «Сабри ӯ талху мевааш ширин буд» часпу талошҳои роҳбарони сатҳи аввали ҷумҳурӣ баҳри бунёди сохтмонҳои азим ва ба ин васила ободонии Тоҷикистон дар вақту фазои муайян таҳлилу тасвир шудааст. Дар маркази ин асар раиси вақти Госплани Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон Абдулаҳад Қаҳҳоров меистад, ки бо маҳорати роҳбарӣ, забондонӣ ва муносибати хуби инсонӣ писанди хонанда мегардад. Дар нишон додани хислатҳои неки ин қаҳрамон чеҳраҳои дигари шинохта раиси Шурои вазирон Назаршоҳ Додихудоев, раиси Госплани СССР Николай Константинович Бойков ва муншии аввали КМ ҲК Тоҷикистон Турсун Ӯлҷабоев нақш мегузоранд. Маҳз ба шарофати дастгирии эшон тавлиди ғояи сохтмони неругоҳи барқи обии Норак ва Комбинати электрохимиявии Ёвон амалӣ гардида, бунёди онҳо шуруъ мешавад.
Дар очерки «Сукунати таърих» қобилияти ибтикорӣ, малакаи хуби раҳбарӣ, азму иродаи қавӣ, ростқавливу поктинатӣ, инсондӯстиву одамгарии Абдухолиқ Мӯсоев дар алоқамандӣ бо тазодҳои замон ва муборизаҳои ӯ бо роҳбарони ҳизбии дасисабоз нишон дода шудааст. Нависанда раванди ташаккули характери ин қаҳрамони асарашро зина ба зина вусъат дода, паҳлуҳои фаъолият, шеваи муносибат, ширингуфториву дилёбиҳои ӯро ҳамчун шахси бунёдкор, созанда, ташаббускор, ташкилотчӣ ва ғамхори халқ равшантар намо медиҳад.
Як шеваи очеркнигории Раҷаб Мардон он аст, ки ӯ аксар маврид дар тасвири образи қаҳрамонон руҷуи таърихӣ менамояд, аз гузаштаи қавм, аҷдод, бобову падар ёд мекунад ва ба ин васила решаи пок доштани қаҳрамонон ва кордӯсту заҳматқарин будани авлодони онҳоро гӯшрас мекунад. Хислатҳои неки бобоёну падаронро дар фарзандону наберагон ҷӯё мешавад ва чунин хисоилро дармеёбад ва бамаврид ба тасвир мегирад. Ин шеваро дар ағлаби қиссаву очеркҳои ӯ мушоҳида мекунем, ки очерки «Тангдастӣ аз ӯ дар ҳарос аст ва тангфикрӣ ҳам» истисно буда наметавонад.
Ин очерк фарогирандаи суҳбати адиб бо Ҳоҷӣ Камолиддин Мадумаров аст, ки сари дастархон, дар иҳотаи фарзандон ва дӯстон сурат гирифтааст. Ровии асосӣ қаҳрамони очерк аст, ки аксар озод ва баъзан дар посухи саволҳои адиб аз рӯзгор ва кору пайкори худ нақл мекунад. Суҳбати онҳо озодона сурат гирифта, руҳи баланди созандагиву бунёдкорӣ дорад. Зиндагии шахсӣ, рағбат ба меҳнат, навҷӯйиву навкорӣ, пос доштани панди падар, идомаи корҳои неки ӯ, сарҷамъ кардани оила ва хешовандон, дар руҳияи заҳматдӯстиву ватанпарастӣ, росткориву худотарсӣ тарбия намудани фарзандон, оқибатҳои ҷанги бародаркӯш, куштору ғорат, найранги баъзе сиёсатмандон, тарғиби амалҳои хайр, сахопешагиву саховатмандӣ, ҷавонии худу ҷавонони имрӯза, нозукиҳои боғдориву сабзавотпарварӣ, аз файзи ин ҳунар баҳра бардоштани ҳамдеҳагон, фикри сохтмони бинои мактаб, омӯхтани тарҳи он, интихоби омӯзгорон, дастгирии онҳо, қадрдониҳои Президенти кишвар ҷузъиёти суҳбати онҳоро ташкил медиҳанд, ки аз ҳар ҷиҳат шуниданиву омӯзанда аст.
Новобаста ба он ки риштаи сухан ба кадом самт кашида мешавад, дар он тараннуми меҳнат ҳамчун мавзуи меҳварӣ боқӣ мемонад. «Меҳнат аз сидқи дил на танҳо обрӯ медиҳад, балки мартабаи касро баланд мебардорад. Ӯ назди Парвардигор қоматашро рост мегирад. Ба чашми одамҳо рост нигоҳ мекунад, хобу рӯзгори осуда дорад. Ба дили ӯ ибо роҳ намеёбад. Варта аз ӯ ҳазар мекунад. Ва ҳар куҷое дил кашад, бетарс қадам мемонад» – боифтихор нақл мекунад қаҳрамони кор.
Қаҳрамонони очеркҳои Раҷаб Мардон мардони кор, бардаму солор, паҳлавон, таҳамтан, меҳнаткашу матинирода, кордидаву кордон, саховатманду саховатпешаанд, ки на танҳо дар фикри зиндагии худу хешовандон, балки дар андешаи ободии маҳал, диёр ва дар маҷмуъ, як гӯшаи кишвари маҳбубамон мебошанд. Онҳо зиндагии хуби оилавӣ ва иҷтимоӣ доранд. Фарзандони хубро ба воя расонидаанд, дар тарбияи ҷомеа низ саҳм гузоштаанд, дар байни мардум обрӯ доранд, халқ дӯсташон медорад.
Як тан аз асосгузорони сохти колхозӣ, Устоди пахтаи ҷумҳурӣ, Қаҳрамони меҳнат ва инсони асил Миралӣ Маҳмадалиев аз ҷумлаи чунин қаҳрамонон аст, ки бо ақлу хиради воло, одаму одамгарӣ, самимияту меҳрубонӣ, ғамхориву серталабӣ пеши назари хонанда намудор мешавад. Зиндагии ӯ мактаб аст, мактаби бузурги ҳаёт. Садҳо нафар аз ин мактаб баҳра бурдаву сабақи одамият бардоштаанд. Дар бораи Миралӣ Маҳмадалиев адибону публитсистон ва рӯзноманигорони зиёде роману қисса ва очерку лавҳа навиштаанд ва дар шинохти корномаи ӯ ҳар яке паҳлуи тозаеро кашф кардааст. Нависанда Раҷаб Мардон низ дар бозтоби баъзе паҳлуҳои мактаби рӯзгори ин марди наҷиб кӯшиш намуда, ки асари «Ёде аз пири хирад» намунаи он аст.
Ин асар аз нигоҳи жанр байни очерк ва эссе меистад, ки бо силсиласаҳнаҳои ҷолиби ҳикматомез шакл гирифтааст. Қисми аввали асар, ки аз қавли яке аз шогирдони Миралӣ Маҳмадалиев – Неъматулло Ҳикматуллоев нақл мешавад, аз вижагиҳои очерк гувоҳӣ медиҳад. Қисми баъдӣ фарогири саҳнаҳои хурди ҳикматомезе мебошад, ки аз мушоҳидаҳои бевоситаи муаллиф бо қаҳрамон ҳосил шудаанд ва дар тарозуи маърифат ва ҳунари нигорандагии ӯ шакл гирифтаанд.
Ин асар сужаи ягона надорад ва мақсади муаллиф низ тасвири пурраи корномаи қаҳрамони он нест, балки тавассути ба шакл даровардани дидаву шунидаҳои гузашта, бахусус, нақли бардоштҳои шогирди ӯ – Неъматулло Ҳикматуллоев намо додани симои шахсест, ки зиндагидидаву корозмӯда буда, таҷрибаи бузурги ҳаётро чашида, неку бади зиндагиро баркашидааст, маънии ҳаётро хуб дарк кардааст, ба қадри одаму одамгарӣ мерасад.
Қаҳрамонони асарҳои Раҷаб Мардон, ҳамчунин, бо хислату характер, шуҷоатмандиву масъулиятшиносӣ, муносибат ба кору пеша, қобилияти кордониву ташкилотчигӣ, диду назари тоза, амалҳои бунёдкорона, мунисию дилёбӣ, одаму одамгарӣ фарқ мекунанд ва намунаи ибрати дигаронанд. Аз нигоҳи касб ва вазифа онҳо харрот, муҳандис, саркор, роҳбари хоҷагӣ, олим, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амсоли инҳо мебошанд, аз нигоҳи иҷтимоӣ ҳама одамонеанд бо бозуву иродаи қавӣ ва ҳиммати баланд.
Раҷаб Мардон ҳамчун публитсист ба соҳаҳои саноат ва илм низ таваҷҷуҳ намудааст. Очеркҳои «Мошинсозон», «Дарёи нур», «Интихоб», «Кори ҳуҷҷатҳои муқаддас», «Марди собит ҳамчу кӯҳ», «Харроти завод», «Сабри ӯ талху мевааш ширин буд», «Замона бо соҳибномусон мард аст», «Марди барӯманд», «Биҳишти гумшуда» намунаи онҳост.
Як вижагии лабораторияи эҷодии Раҷаб Мардон он аст, ки ӯ таҳқиқи корномаи қаҳрамононашро идома дода, образи публитсистии онҳоро такмил ва вусъат бахшидааст. Чунончи, корномаҳои Анвар Қаландаров ҳам дар повести «Оташи дил», ҳам дар лавҳаи «Умри об бинӣ» ва ҳам дар қиссаи публитсистии «Қаҳрамони замони мо» бозтоб шудааст. Лавҳаи «Умри об бинӣ» як навъ руҷуи ирфонӣ аст ба баъзе лаҳзаҳои ибтикориҳои қаҳрамони он. Повести «Оташи дил» ва қиссаи публитситии «Қаҳрамони замони мо» таҳқиқи нисбатан мукаммали ин мавзуанд, ки дар онҳо корномаи қаҳрамони асосии он Анвар Қаландаров ва модараш Давлатхонум ба таври муфассал ба тасвир кашида шуда, характери қаҳрамони асосӣ намудор мегардад. Чунин усул дар эҷод бад нест, он ҳам барои хонанда ва ҳам барои пажуҳишгар андешаи тозаеро ҳадя мекунад.
«Қаҳрамони замони мо» чанд вижагии хос дорад: аввалан, дар он раванди ташаккули шахсияти иҷтимоӣ Анвар Қаландаров ва хислатҳои наҷиби модари ӯ Давлатхонум ва ҳамсараш Анастасия ба таври муфассал ва диалектикӣ аз давраи оғози бунёди сохти нави ҷамъиятӣ то солҳои 80-уми асри гузашта нишон дода шудааст. Анвар Қаландаров «марди меҳнаткаш, инсони тундхӯ бошад ҳам, инсоннавоз аст, коҳилону ҳаққи мардумхӯронро чашми дидан надорад». Фикру андешаи ӯ созанда аст, на танҳо дар дар бораи пешбурди кори маъмуриву хоҷагӣ фикр мекунад, балки дар ғами беҳдошти зиндагии маишии мардум низ ҳаст, аз кору истироҳат ва тани сиҳати ҳамдиёрон сухан мегӯяд, бо мардуми заҳматкаш муносибати неку хайрхоҳона дорад.
Баъдан мундариҷаи асар аз силсилавоқеаҳое таркиб ёфтааст, ки ҷузъиву саҳнавӣ буда, ба ҳамдигар алоқаи мазмуниву мантиқӣ доранд. Чунин усул, аз як тараф, мутолиаи асарро барои хонанда ҷолибу муассир гардонад, аз сӯйи дигар, боиси мушаххасан намо ёфтани беш аз панҷоҳ саҳнаи зиндагии қаҳрамон шудааст. Саҳнаҳо хусусияти репортажӣ дошта, лаҳзаҳои рангинманзари ҳаётро муаррифӣ мекунанд, аз зуҳури шахсияти қаҳрамони асосиву персонажҳо, шодиву сурур, ғаму андуҳ, маргу мир, ҷонбозиву мардонагӣ, матонату ҷасорат, кӯшишу ғайрат, ибтикороту ташкилотчигӣ, мушкилоту монеаҳо, комёбиву муваффақиятҳо ва сериву пурӣ хабар медиҳанд.
Севум, нависанда воқеоти асарро ҳамчун шарики бевоситаи зиндагии ҳақиқӣ ба риштаи тасвир кашида, ба он тобиши бадеӣ бахшидааст. Дар созмони асар муаллиф аз воситаҳои тасвири бадеӣ хуб кор гирифтааст. Ин усул рӯйдодҳои ҳаётиро бандубаст ва печутоби бадеӣ бахшида, завқи хонандаро бедор мекунад, ҳисси кунҷковиашро зиёд мегардонад ва ӯро сабақ меомӯзонад.
Ниҳоятан, асар танҳо бозгӯкунандаи зиндагиномаи як нафар муборизи роҳи ҳаёти босаодат, ки тамоми зӯру тавони худро барои беҳбуди зиндагии худу дигарон бахшидааст, набуда, балки ифодакунадаи ҳаёти талху ширини мардуми як водии кишвари азизамон, одамони ҳамтақдир, ҳамкеш ва ҳамзамон мебошад, ки барояшон Ватану миллат азизу муқаддас аст.
Эҷодиёти Раҷаб Мардон як навъ инъикоскунандаи таърихи начандон дури кишвари азизамон аст, ки аз бунёдкориву созандагиҳо, колхозу совхозсозиҳо, деҳоту маҳалласозиҳо, боғу токпарвариҳо, ғаллакориву пахтакориҳо, сохтмони неругоҳҳои барқӣ, ихтироъҳои фаннӣ, пешрафти илму техника, саноату иқтисод, кишоварзӣ, дӯстиву рафоқат, кору роҳат, нақш ва саҳми мардони кору набард дар ҷабҳаҳои ҷангу меҳнат ва, умуман, аз инсон ва корнамоиҳои меҳнатии ӯ нақл мекунад. Он бозтоби бадеии воқеиёти иҷтимоии давру замони муайян, тасвири рӯзгори босаодат, мақоми аслии одамият, васфи кор, хушҳолии мардум ва созандагиҳое мебошад, ки мақсадашон расидан ба зиндагии шоиста аст
Раҷаб Мардон низ шоиста зиндагӣ ва эҷод кард ва шоиста ин ҷаҳонро падруд гуфт. Руҳаш шоду охираташ обод бод!
Мурод МУРОДӢ,
профессор
