СӮХТАНУ СОХТАН МЕБОЯД

Ба нашрияи “Омӯзгор” дар баробари мақолаю матолиби пурмуҳтаво омӯзгорону устодон аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ шеъру суруд ва таронаҳо ирсол менамоянд. Мо аз ин навиштаҳо нисбатан беҳтару ба талаботи каломи мавзун созгорро интихоб карда, дар саҳифаи адабии нашрия ба табъ мерасонем. Дар ҳамин қитъаву шеъргунаҳо низ камбудию нуқс дар вазн, ҳусни баён ва ғояву муҳтаво ба мушоҳида мерасад. Вале ба хотири дастгирӣ аз омӯзгорони эҷодкор ин норасоию ноҳамвориҳо то ҷое сарфи назар карда мешаванд.
Зеро мо ба он умед мебандем, ки муаллифони ин шеърҳо, омӯзгорону устодони хушзавқ минбаъд аз қолабу маҳдудаҳои маъмулӣ фаротар рафта, қавонину қавоид ва аркону авзони шеърро ба гунаи амиқу ҳаматарафа ба назар гирифта, тадриҷан бо мутолиаю бардошт аз ашъори классикони адабиёти форсу тоҷик ва муосир дар гуфтани шеър муваффақ мешаванд. Мутаассифона, танҳо бо ҳавасу завқ наметавон шеъри хубу хотирмон эҷод кард. Дар ин ҷода қобилияту истеъдод ва заҳмату омӯзиши пайваста касро ба қуллаи мурод мерасонад. Чанд пораи назмиеро, ки иддае аз омӯзгорон ҳамчун шеър рӯйи авроқ овардаву ба нашрия фиристодаанд, мутолиа намуда, ба хулоса омадем, ки дар онҳо ноҷӯриҳои зиёде дар сохту аркон, вазну қофия мавҷуд буда, мазмунҳо обшуставу забонзад ва якрангу куҳнаанд, аз ин рӯ, ин навиштаҳо лоиқи чоп нестанд. Бахши аъзами ин шеъргунаҳо ба мавзуъҳои ситоиши Ватан, модар, омӯзгор ва ҳаёти пурсаодату шукуфони мардуми кишвар бахшида шудаанд. Аз ҷумла, омӯзгори МТМУ №56-и ноҳияи Восеъ Наврӯз Каримов дар сурудаи “Модар” хостааст, то бузургию шукӯҳи зан-модарро тавъам бо меҳру муҳаббати бепоёнаш ифода намояд. Мисраъҳои шеър равону хушоҳанг, аммо умумию қолабиянд.
Ғамхорамон модар аст,
Устодамон модар аст.
Беҳтарин ганҷи дунё
Бароямон модар аст.
Бидонед, эй азизон,
Азизамон модар аст.
Калимаю таркибҳои “ғамхор”, “устод”, “беҳтарин”, “ганҷи дунё”, “азиз” борҳо дар ашъори шоирон дар ситоиши модар гуфта шудаанд ва дигар дархӯри завқи хонанда намебошанд. Дар шеър тасвиру мушоҳидаҳои хос, таъбиру таркибҳои наву тоза ва риояи мантиқу баён ва вазну қофия муҳим ва муқаддам аст. Омӯзгор аз шаҳри Норак Адолат Фароғатова низ шеъре ба мо фиристодааст, ки таҳриру такмилталаб аст, дар вазн сактаҳо дорад. Дар ин шеър мантиқи баён заиф аст. Ҷое омӯзгор мегӯяд:
Кунам сарҷамъ кӯҳҳои парешон(?)
Шавад ҳам шаҳру деҳоташ фурӯзон…
Охир, инсоф, кӯҳро чӣ тавр метавон сарҷамъ кард? Ба ин ҷиҳати масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ бояд зоҳир кард. Дар силсилашеърҳои омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики МТУА №62-и ноҳияи Айнӣ Сафар Сафаров низ ҳамин гуна камбудию норасоиҳо ба назар мерасад. Ба замми шиорзадагию умумӣ будани ин шеърҳо, дар онҳо оҳангу вазн риоя нашудааст, дар натиҷа ин сурудаҳо ба порчаҳои насрӣ монанд шудаанд:
Ифтихор дорем, омӯзгорем, аз субҳ то ба шом машғули корем,
Аз пайи илму тадрис сӯйи дабистон шитоб дорем…

Ҷойи дигар таносуби калом ва мантиқ вайрон аст:
Қалам ифшогари асрори дунёст,
Равиши он (?) мисоли оби дарёст(?).
Бузургони гузаштаи адабиёти тоҷик шеърро эъҷоз номида, барои ба арсаи назм ворид гардидан аз бар кардани шеъру достонҳои бешумореро ба муддаӣ – гӯяндаи шеър аз омилҳои асосӣ ҳисобидаанд. Аммо дар баъзе ба ном “пораҳои шеърӣ” амали сатҳию осон донистану фаҳмидани шеър равшан ба мушоҳида мерасад. Дар сурудаҳои омӯзгори МТМУ №16-и шаҳри Истаравшан Ҳайдар Раҷабов ҳамин ҳолатро мебинем. Шеърҳои ҳаҷвии омӯзгор аз суханҳои шевагӣ таркиб ёфта, дар онҳо радифу қофия ноқису нодуруст корбаст шудаанд.
Аз ҷумла:
…Неъматов буданд сардор,
Ошашон буд ба такрор (?)
Дегу лаганд (?) ҷамъкунӣ (?)
Салат гӯянд ба такрор (?)
(аз “Бозомӯзӣ”)
Дар “Фолнома”-и мавсуф ҳусни баён дағал ва ноҳамвор аст.
…Соли занак мурғ бошад,
Ризқаш фаровон бошад.
Танбалаку худпарвар,
Хонакаш ифлос бошад.
Дар ин сурудаҳо қофия ба эътибор гирифта нашудааст.
Аз ин пораҳо ҳаҷвияи “Боданӯш” то андозае аз нигоҳи мазмуну ҳадаф фарқ мекунад, вале боз ҳам вожаю таркибҳои бемавқеъ истифодашуда, риоя нашудани қофияю вазн онро ба суханони бесарунӯг монанд кардааст:
Дар кӯча ҷанҷол дорам,
Арақ дар чангол (?) дорам.
Ҳамаро дода ман ғам,
На парво дорам, на ғам…
Истифодаи калимаҳои шевагӣ (лаҳҷа) дар шеър, бигузор он шеъри ҳаҷвӣ ҳам бошад, набояд ба ҳадди ифрот расонда шавад. Вале дар шеърҳои ин омӯзгор калимаҳои “надосос”, “шиштас”, “додас” ва ғайра бемаврид истифода шуда, бори маънӣ намекашанд.
Бояд таъкид кард, ки талабот ба эҷоди шеър, новобаста аз пешаю касб, ба ҳама қишри ҷомеа баробар ва яксон аст. Аз ин рӯ, хуб мешуд, омӯзгорону устодон ҳангоми иншои шеър ё пораҳои манзум ба мазмуну ғоя, мантиқи гуфтор ва вазну қофияю радиф таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, фикри тоза ва тасвири нобро дар ҷойи аввал гузоранд, зеро шеър гуфтан заҳмат аст, сӯхтану сохтан аст.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
“Омӯзгор”